ИФТИХОРИ ДУ ХАЛҚ

Дар хиёбони «Обрӯмандони диёр»-и ноҳияи Деваштич дар қатори нимпайкараҳои номбардорони ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол муҷассамаи Қурбон Муллоев низ ҳаст.

Зери он навиштаанд: «1905-1994.  Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ». Дар рӯзҳои ид сокинони диёр Қ. Муллоевро  низ фаромӯш намекунанд, ба пояи муҷассамааш гулу гулчанбар мегузоранд. Зеро вай ягона Қаҳрамони меҳнат аст, ки хуни нофаш дар деҳаи Ғазантарак рехта, дар ҳамин ҷо одаму оламро шинохтааст. Вале аксар шахсон,  хусусан  насли имрӯза дар бораи кӣ ва чӣ кора будани ӯ  маълумоте надоранд. Ҳол он ки рӯзноманигори маъруф, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, домоди Қурбон Муллоев – Шариф Салимов аз саҳифаҳои кору зиндагиномаи ин шахс чанд мақола навишта, дар рӯзномаҳои гуногун чоп кардааст. Ҳоло завқу шавқи ҷавонон  дар сатҳи  баланд нест ва ҳушашон бо интернету фейсбуку вайберҳо  банд аст.
Тавре ки зикр намудем, Қ. Муллоев, ҳарчанд фарзанди  ноҳияи Деваштич (Ғончии қаблӣ) аст,  тамоми умраш дар ноҳияи Сирдарёи Ӯзбекистон паси сар шудааст ва ҳамаи унвону нишонҳо,  ҳурмату эътиборро дар ҳамин ҷумҳурии ба  мо дӯсту бародар  туфайли заҳматаш дар азхудкунии заминҳои ташналаби Мирзочӯл ба даст овардааст. Азбаски  ноҳияи Деваштич  90 сола  мешаваду қайди он бо иштироки меҳмонони олиқадр дар назар аст, ман ба  Сирдарё – ба хонадони Қурбон Муллоев сафар намудам. 
Ронандаи маҳаллӣ  маро рост ба ин хонадони номдор бурд, ки дар кӯчаи Сокинлик – 50 ҷойгир аст. 
– Пештар ин кӯча  Тиллохӯҷа ном дошт. Вай яке аз деҳқонони номдор буд. Намедонам  бо чӣ сабаб  номро  иваз карданд, – гуфт ронанда. 
Дари ҳавлиро духтари ӯ Хайрӣ Муллоева,  ки солиёни зиёд дар МТМУ № 10-и деҳаи Ғазантарак муаллима буду имрӯз бо ҳамсараш Шариф  Салимов чароғи хонадони падарро равшан месозад,  боз кард. 
– Э-ҳе, ба ин даргоҳ қадами киҳо нарасидааст. Роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон Йӯлдош Охунбобоев, ки байни мардум бо номи «Йӯлдош-ота» маъруф буд, котиби аввали Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Ӯзбекистон Усмон  Юсуфов, сардори «ТуркВО», генерал Петров, санъаткорони номӣ Тамарахонум, Мукаррама Турғунбоева,  Ҳалима Носирова,  Маъмурҷон Узоқов барин шахсон меҳмони ин хонадон шудаанд. Аз ҳама оддияш шояд ту бошӣ, – мегӯяд   бо шӯхӣ Шариф Салимов ва боз илова менамояд: он солҳо корвонсаройҳо буданду ноҳия меҳмонхонаи  таъби дил надошт ва шахсони баландпоя  ҳар  бор ба хонаи  раисон меҳмон мешуданд. Он вақт хонаҳо чун имрӯза дабдаба надоштанд.  Аз ин рӯ Йӯлдош Охунбобоев шахсан худаш лоиҳаи меҳмонхонаро кашида, супориш медиҳад, ки дар муддати  3 моҳ амалӣ гардад. Ҳамин хонае, ки шиштаем, нишоне аз Охунбобоев аст. 
Суҳбатамон бо писари  Қ. Муллоев Инъомҷон, ки имрӯз синнаш ба ҳафтод наздику дар нафақа аст, духтаронаш Хайрӣ,  Марҳаматхон  ва набераҳо қӯр мегирад. 
Дар Энсиклопедияи Советии тоҷик ва ӮзСЭ дар бораи Қ. Муллоев мухтасар  маълумот додаанд. Вале ҷои таваллуди қаҳрамонро дар ЭСТ аз чӣ боис шаҳри Хуҷанд навиштаанд.  Дар ӮзСЭ бошад, вилояти Ленинобод. Ҳол он, ки вай фарзанди деҳаи Ғазантарак мебошаду то солҳои сиюм ба дари боёни замон мардикор буд ва аз навигариҳои  Маскав хабар меёфт. Ҳамон солҳо бо иқдоми роҳбарони вақти СССР азхудкунии заминҳои ташналаби водии Вахш оғоз меёбаду 15 нафар ҷавонони Ғазантарак бо сарварии  Қ. Муллоев барои кор  ихтиёран ба Вахш мераванд. Қ. Муллоев, азбаски ошпази даступанҷадор буд, дар корзори зарбдор  чойхоначӣ мешавад. Дере нагузашта ӯро ба управленияи хоҷагии қишлоқи Қӯрғонтеппа ба кор даъват менамоянд. Он солҳо чӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои ҷавони Осиёи Марказӣ ба азхудкунии заминҳои бекорхобида   ба ҷабҳаи  меҳнати зарбдор табдил ёфта буд. Аз ин ҷост, ки  Қ. Муллоевро ба Мирзочӯл – Сирдарё  фиристоданд. Дар колхози ба номи Ленин (солҳои 1936-44) ба ӯ сарварии дастаи истеҳсолиро бовар мекунанд.  Азбаски дар водии Вахш ва соҳаи кишоварзӣ чашмаш пухта шуда  буд,   ба раисӣ пешбарӣ  карданд ва  шаъну шуҳрати  колхоз бо сарварии Қ. Муллоев, ба қавле, дунёро гирифт. Соли  1950  ба аҳли колхоз мушарраф шуд, ки   ҳосилнокии  ҳар кадом 320 гектар майдони пахтаро ба 41, 6 сентнерӣ  расонанд. 
– Ин дар ҷумҳурӣ ҳосили баландтарин! Қанд зан, раис! Таҷрибаро бояд ба сар то сари кишвар паҳн кард, бигзор дигарон омӯзанд! – гуфтанд роҳбарон аз минбарҳои баланд. 
Ва мукофоти олии Ватан – Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ таҳти рақами  5847,  аз 12.05.1951  насибаш гашт.  Минбаъд орденҳои Ленин, Байрақи сурхи меҳнат,  Нишони фахрӣ, медали тиллои ВДНХ-и мамлакат, боз  чандин нишонҳои давлатӣ сари синаашро зеб доданд. 
– Медонед, аз ВДНХ-и СССР ба падарам  баробари медали тилло, мошини «Победа»-ро низ туҳфа кардаанд. Онро то ба наздикӣ бародарам Ҳаким ронда  мегашт, –  гуфт Инъомҷон. 
Охирон бор  соли 1991 дар хонадоршавии наберааш Баҳодур ба деҳа омада буд. Имрӯз яке аз фарзандони Баҳодур Бузургмеҳр шоири хуб,  ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди нашрияи «Ҷумҳурият» аст.  
Умуман  Қурбон Муллоев  бо ҳамсараш Ашӯрбибӣ (вай низ аз Ғазантарак буд) 11 фарзандро тарбия карда ба камол расонданд. Ва Ашурбибӣ низ унвони «Қаҳрамонмодар»-ро гирифт ва баъзан ба ҳамсараш шӯхикунон  мегуфт: Даҳ гектар пахта корида  ман «қаҳрамон» нагӯед. Қаҳрамонии ман аз унвони шумо болотар аст!...  Имрӯз аз дилбандони ду қаҳрамон 5 нафарашон дар қайди ҳаёт мебошанд. Фарзанди калонӣ Меҳрӣ, ки дар Вахш таваллуд шуда буд,  дар синни 84 олами рӯшанро падруд гуфт.  Шодравон дар пахтакорию кирмакпарварӣ  шуҳрат ёфта буд ва чанд нафар пайвандонаш бо дуою адои амалҳои нек рӯҳи модарро шод менамоянд.  
Ш. Салимов, ки бо Хайрӣ Муллоева даргоҳи  қаҳрамонро  обод  месозанд,  6 фарзанд доранд. 
– Ана боз як духтари қаҳрамон. Агар  дар ёд дошта бошӣ, чӣ гуна Тамарахон ном гирифтани Марҳаматхонро навишта будам, – гуфт устод пиёлаи чойро дароз намуда. 
– Ғончиҳо осуда? Дар Ғазантарак  чӣ гапҳо?
– Ҳама ҷо ором. Қадами раиси нав Сулаймон Зиёзода нек омад.  Рӯз дар миён борон. Корҳои ободонӣ дар авҷ. Ба фикрам, меҳмонони олиқадри ду ҷумҳурӣ ҷашни Истиқлолро дар ноҳия  қайд менамоянд. Умуман  ҳама дасту остин барзада кӯшиш мекунанд, ки  ҷоеро обод созанд, ниҳоле шинонанд, – гуфтам пас аз дуои Марҳаматапа. 
– Ҳазорон  бор  шукри ин замона. Рафту омад хуб шуд. Он сангарҳои оҳанин барҳам хӯрданд. Ба ҳарду роҳбар раҳмат, умрашон дароз шавад, ягон камиро набинанд. Хуш  омадед, бачам, – мегӯяд   Марҳаматапа меҳрубонона. 
– Раҳмат, апаҷон. Ана ҳамин иқдоми  олӣ  буд, ки камина низ пас аз 20 сол аз сарҳад гузаштам ва қадами аввалинам ба хонадони устод расид. Фақат шукри  сиёсати сулҳҷӯёнаву мардумпарварии пешвоёни  ҳарду миллат мекунем. Бинед, вақте аз сарҳад гузашта ба «такси» шиштам,  нафари солхурдае гуфт, ки 26 сол боз аз дидори ҷигарбандонаш  бехабар  буд.
– Ин орзуи чандинсолаи мо буд. Зеро дар Сирдарё наздик ба панҷ ҳазор ғазантаракиҳо умр ба сар мебаранд.  Онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистонанд. Танҳо  чанд нафаре, ки пас аз даврони истиқлолият ба ин ҷо омадаанд, дар ҳуҷҷатгузорӣ душворӣ мекашанд.  Шукрона, ки насими  ҷонбахши қадру қадршиносӣ, боло бурдани  қиммати эҳтирому ҳуқуқи инсон ба зиндагии  имрӯзаамон роҳ меёбанд. Аллакай чанд нафар ба шаҳрвандӣ расман қабул шуданд, шиносномаи  ин диёрро гирифтанд. Боз  мегӯям, ки сари роҳбарон дарде  набинад, – суханони маро қувват мебахшад Марҳаматапа. 

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: