ИФТИХОРИ МАКТАБ

Тайи чанд сол аст, ки варзишгарони ҷавони мактаби рақами 67-уми ноҳияи Сариосиё таҳти роҳбарии муаллими пуртаҷриба аз фанни тарбияи ҷисмонӣ Нуриддин Холиқов дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ доир ба намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, хусусан, футбол, баскетбол, тӯби дастӣ, шоҳмот, стритбол, бадминтон ва теннис ҷойҳои асосиро ба даст оварда истодаанд.

Бар замми ин, дар таълимгоҳи мо таҳти роҳбарии ин омӯзгори номӣ маҳфили варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз ташкил карда шуд. Ҳоло маҳфил самараи худро дода истодааст, бигӯем иштибоҳе нахоҳад шуд. Зеро чанде пеш яке аз шогирдони мактаб Фарзона Абдусатторова (хонандаи синфи 10) дар мусобиқаи «Олимпиадаи 5 ташаббус», «Умид ниҳоллари» соҳиби ҷойи намоён гашта, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ҷойи савумро ба даст овард, ки ин на танҳо фахри мактаб, балки ноҳия низ мебошад. Ман, ки бо ӯ ҳамсинф ҳастам, бо пирӯзиҳои Фарзонаи варзишдӯст ифтихори бештаре дорам. Умед ба он мебандам, ки Фарзона оянда дар мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзида, номбардори мактабу ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ мегардад.  

Шоҳина ДАВЛАТОВА, 
хонандаи мактаби 
67-уми ноҳияи Сариосиё.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: