ИФТИХОРИ ПАДАР

– Сарҳадҳои мамлакатамон торафт мустаҳкамтар мешаванд, – мегӯяд сардори садорати Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, полковники хидмати тиббӣ Баҳодир Абдулаҳатов.

– Сарҳадҳои мамлакатамон торафт мустаҳкамтар мешаванд, – мегӯяд сардори садорати Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, полковники хидмати тиббӣ Баҳодир Абдулаҳатов.
Мавсуф соли 1972 дар оилаи сокини маҳаллаи Деҳқонободи шаҳри Чуст коргари оддӣ Шарифҷон Абдулаҳатов таваллуд ёфтааст. Модараш Раҷаббӣ Абдулаҳатова дӯзандаи фабрикаи маснуоти бадеӣ буд.
Волидайнаш ба тарбияи фарзанди нахустини оила эътибори алоҳида медоданд. Аз ин рӯ вай дар мактаб бо баҳоҳои хубу аъло мехонд, ташаббускору намунаи ибрати ҳамсабақон буд. Дар тадбирҳои гуногуни мактаб фаъолона иштирок мекард. Инчунин, ба омӯзиши фанҳои кимё ва биология шавқи баланд дошт, дар маҳфил ва олимпиадаҳои фаннӣ бо муваффақият ширкат менамуд.
Баъди хатми мактаби рақами 1-уми шаҳри Чуст ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи педиатрияи Донишкадаи тиббии Андиҷон супурд. Аз имтиҳонҳои қабул гузашта, аз сафи донишҷӯён ҷой гирифт. Баъди се сол таҳсилро дар факултаи муолиҷаи Донишкадаи тиббии Бухоро идома дод. Дар машғулиятҳои устодони ин мактаби олӣ доктори илми тиб, профессор Рауф Омиров, номзади илми тиб, дотсент Раҳимҷон Мирхоҷаев, офталмологи соҳибтаҷриба Айниса Шаропова фаъол иштирок карда, аз онҳо асрори тиббиётро омӯхт.
Пас аз хатми донишкадаи тиббии Бухоро барои хидмати ҳарбии яксола ба госпитали Маркази клиникии Вазорати мудофиа даъват шуд. Сонитар се сол фаъолияташро дар қисми ҳарбии шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ҳамчун духтури ҳарбӣ идома дод.
Сипас боз дар госпитали Маркази клиникии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон кор кард. Дар госпитал аз полковникҳои мустафъӣ Шавкат Очилов, Баҳром Муродов, Акбаралӣ Сатторов, Алишер Алмуродов, Акбар Эргашев барин устодон таҷриба андӯхт, малакаашро зиёд кард.
Алҳол худаш ҳам устод асту барои духтури ҳозиқ шудани шогирдон маслиҳатҳои муфидашро дареғ намедорад. Полковник Баҳодир Абдулаҳатов баробари дар соҳаи тибби ҳарбӣ кор кардан ҳамчун сарвари оилаи намунавӣ эътибор дорад. Бо ҳамсараш хидматчии ҳарбӣ Азиза Абдулаҳатова 4 нафар фарзандро тарбия карда, ба воя мерасонад. Писари нахустинаш Исломбек баъди хатми бакалавриати Донишгоҳи ИНХА-и Тошканд, ҳоло магистри Донишгоҳи шаҳри Сан-Франсиско Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бинобар «IT» аст. Писари дигараш Асадбек донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд мебошад. Духтари калонӣ Ҳилола донишҷӯйи Донишгоҳи ИНХА-и Тошканд, Зилола бошад хонандаи мактаб.
– Солҳои дароз то ба нафақа баромадан дар заводи пахтатозакунии Чуст корманди оддӣ будам. Аз комёбиҳои бадастовардаи писарам Баҳодир ифтихор мекунам, – мегӯяд падари ӯ Шарифҷонака Абдулаҳатов.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти мамлакатамон барои хидматҳои шоистааш барои ҳифзи сиҳҳати ҳимоятгарони Ватан, сардори садорати таъминоти тиббии Вазорати мудофиа, доктори фалсафа оид ба илми тиб полковник Баҳодир Абдулаҳатов бо ордени дараҷаи II-юми «Саломатлик» сарфароз гардид.
Мо ба ҳамдиёрамон полковник Баҳодир Абдулаҳатов, ки дар роҳи иҷрои вазифаҳои ҳифзи саломатии муҳофизони Ватан саҳм мегузорад, тансиҳҳатӣ орзу менамоем, ҳамчунин ӯро бо Рӯзи касбӣ сидқидилона табрику муборакбод мекунем.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: