ИФТИТОҲИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ

Дар мактаби олии судяҳои Шӯрои олии судяҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Мулоқотҳои конструктивӣ байни суд ва воситаҳои ахбори оммавӣ” курси омӯзишӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар мактаби олии судяҳои Шӯрои олии судяҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Мулоқотҳои конструктивӣ байни суд ва воситаҳои ахбори оммавӣ”  курси омӯзишӣ ба кори худ шурӯъ намуд.
Ин курс  дар ду шакл — бевосита ва аз тариқи онлайн баргузор мегардад. Мувофиқи барномаи он барои иштирокчиён маърӯзаҳо тақдим мешаванд, тренингҳо баргузор мегарданд, аз тариқи саволу ҷавоб ба масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ ва қонунҳои марбут ба суд равшанӣ меандозанд. 
Курси омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ роҳандозӣ шудааст. Он ду ҳафта давом хоҳад кард ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд худро сабти ном ва дар машғлият ширкат кунанд. Ба ҳар як машғулият барои маърӯзахонӣ ва ҷавоб ба саволҳои журналистону блогнависон донишмандони соҳаи ҳуқуқ ва суд, ҳамчунин журналистони ботаҷриба даъват хоҳанд шуд. 
Рӯзи аввали курси омӯзишӣ ба тариқи суҳбати мизи мудаввар гузашт. Маросими ифтитоҳи он бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои олии судяҳои ҷумҳурӣ Холмӯъмин Ёдгоров оғоз ёфт Баъд директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои назди Дастгоҳи Президент Асадҷон Хоҷаев, ректори Донишгоҳи журналистика Шерзодхон Қудратхоҷа, депутати Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис Сафар Остонов ва як гурӯҳ журналистон бевосита ва аз тариқи онлайн фикру ақидаҳои худро дар робита ба мулоқоти конструктивии суд ва воситаҳои ахбори оммавӣ, ташаббус ва масъулияти журналистон ҳангоми навиштани мақолаҳо, очеркҳои судӣ ва амсоли он дар миён гузошта шуд.
Гуфта шуд, ки дар машғулиятҳои баъдина доираи маърӯзачиён ва иштирокчиён боз ҳам фарохтар хоҳад шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: