Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  • Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  • Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  • Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  • Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  • Ифтитоҳи Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 13 январ ба Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард.

Марказ, ки дар Вазорати дифоъ ташкил шудааст, шаклҳои замонавии идоракунии қӯшунҳоро дар бар мегирад, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми сохторҳои қудратии кишвар пешбинӣ шудааст. Маҷмӯъ имкони идоракунии оперативӣ ва назорати воқеии сарҳади ҳавоии кишвар, ҷараёни омодагии тамринию ҷангӣ дар марказҳои таълимӣ ва полигонҳо, инчунин назорат аз болои амалиёти зершуъбаҳоро тавассути алоқаи транкингӣ фароҳам меорад.

Тавассути марказ маълумот ҷамъоварӣ ва мониторинги мунтазами рафти ислоҳот дар соҳа, иштирок ва ҳамкории секторҳои маъмурии ҳарбӣ дар ин раванд, фаъолияти ҳамарӯза ва ҷангии қӯшунҳо сурат мегирад.

Сарфармондеҳи Олӣ бо шароиту имкониятҳои дар марказ фароҳам овардашуда шинос шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари марказ ва ҳарчи зудтар ҳамоҳанг намудани он ба низоми мудофиа дастуру супоришҳо дод.

– Ин марказ бояд сохтори мададгор дар таъмини амнияти низомии кишварамон гардад. Бояд якҷоя бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо барои марказ маҷмӯи барномавию дастгоҳӣ таҳия намояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ҳоло дар ин ҷо таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ ҷараён дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: