Маросими кушодашавии осорхонаи академики Академияи бадеии Ӯзбекистон, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, дорандаи орденҳои «Фидокорона хизматлари учун» ва «Эл-юрт ҳурмати», узви фахрии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона – Шарофиддин Юсупов дар назди ҳавлиаш хеле бо шукӯҳ ва тантанаи хос ба вуқӯъ пайваст.
Дар он муовини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмедов, раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов ва меҳмонони дигар ширкат карданд.
– Шарофиддин Юсуфови 79-сола намояндаи ҳафтуми сулолаи сафолгарҳо маҳсуб меёбад. Дар бораи маҳорати беназири ин устод, ки тӯли солҳои дароз аз хоки одӣ осори бадеӣ меофарад, месазад соатҳо ҳарф зад. Аммо тавре ки дар мақоли «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд» омадааст, тамошои зарфу маҳсулоте, ки вай офаридааст, худ баёнгари натиҷаи заҳматҳояш мебошанд. Гузашта аз ин, зиндагиномаи ӯ низ барои ҷавононамон мояи ибрат ва пайравӣ аст, – гуфт Хуршедҷон Аҳмедов.
Таъкид гардид, ки Шарофиддин Юсуфов анъанаҳои мактаби кулолгарии Риштонро эҷодкорона азхуд кардааст ва онро пайваста рушду инкишоф медиҳад. Ҳатто асарҳои ӯ дар Луври Париж, Эрмитажи Санкт-Петербург, Осорхонаи шарқшиносӣ ва халқҳои ҷаҳон дар Маскав ва осорхонаҳои кишварҳои дигар маҳфузанд.
Баъди буридани лента иштирокчиёни маросим вориди толорҳои осорхонаи ӯ шуданд. Тамошои ҳар як ашёи он дар дилу дидаҳо завқу шавқ бедор менамуд. Дарвоқеъ, Риштон маҳз қадимтарин шаҳри водии Фарғона мебошад, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст ва бо ҳунари кулолгарӣ дар олам маълуму машҳур гаштааст. Хусусан солҳои касби истиқлоли кишвари маҳбуб дари имкониятҳо барои сафолгарони риштонӣ боз гардид ва онҳо ин ҳунарро сол аз сол ривоҷу равнақ медиҳанд.
– Мардуми шаҳристони Риштон бо як идда устоёни кулолгари худ ифтихор мекунанд. Албатта, дар шароити кунунӣ номи Шарофиддин Юсуфов, Алишер ва Бахтиёр Назиров, Рустам Усмонов дар сархат қарор дорад. Онҳо дар ин роҳ фидоиён маҳсуб меёбанд ва даҳҳо шогирд маҳз санъати кулолгариро аз онҳо омӯхтаанд, – мегӯяд роҳбари Шӯрои нурониҳо ва раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷик-ӯзбек»-и ноҳияи Риштон Турсунхӯҷа Абдураҳмонов.
Писарони усто Шарофиддин Юсуфов – Фирдавс ва Сӯҳроб кулолгарони насли ҳаштуми ин сулола ба шумор мераванд. Онҳо низ мисли падар мактаби кулолгарии анъанавии Риштонро васеъ тарғиб мекунанд. Як идда набераву абераҳои кулолгар низ касби бобову бобокалони худро идома доданианд. Барои ҳамин бо ғояҳои нави худ дар ҷодаи кулолгарӣ қадам мегузоранд ва ҳатман мисли Шарофиддин Юсуфов маълум ва машҳур хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ин устои номии шаҳристони Риштон ахиран ба мақсади худ ноил шуд ва дари осорхона ба рӯи мизоҷон боз намуд. Акнун дар ояндаи наздик дар шафати осорхона ду дар меҳмонхона низ қад рост хоҳад кард. Меҳмонон ва иштиёқмандони ҳунари кулолгарӣ, ки аз хориҷа ба Риштон ташриф меоваранд, дар он сукунат ихтиёр мекунанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.