ИХТИРОЪКОРИ ҲАШТОДСОЛА

Соли 1963 Неъмат Низомов дар факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мегирифт.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Соли 1963 Неъмат Низомов дар факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мегирифт. Бо ташаббуси собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, академик И.Петровский як гурӯҳ олимону мутахассисон ба Самарқанд омаданд, ки барои кадрҳои умедбахши оянда толибилмонро интихоб намоянд. Дар байни довталабон Неъмат Низомов ҳам буд. Вай аз санҷишҳо сарбаландона гузашт ва барои таҳсил дар Маскав роҳхат гирифт.
Як гурӯҳ ғолибони озмунро ректори донишгоҳ И.Петровский қабул кард ва ҳозиронро бо ин комёбӣ табрик гуфта пурсид, ки магар ягон кас пешниҳод дорад?
Неъмат Низомов аз ҷояш хест ва барои ғамхорӣ миннатдорӣ намуда, илтимос кард, ки таҳсилро дар бахши чорум идома диҳад.
– Шумоён талабаи бахши панҷум ҳастед ва ҳамин сол диплом хоҳед гирифт, – лабханд зад ректор, – о, ин шарафи бузург-ку!
– Падари бузургворам ҳамеша мегӯянд, ки барои иморат таҳкурсии мустаҳкам лозим, – ба фаҳмондан пардохт донишҷӯи самарқандӣ, – хоҳишмандам, дар ҳамин масъала кӯмак диҳед. 
Ректор тасдиқомез сар ҷунбонд...
Неъмат Низомов барои ба муроди дил расидан кӯшиш ба харҷ дода бештари вақти хешро дар китобхона ва лабораторияҳои тадқиқотӣ гузаронд. Ба ҷидду ҷаҳди ӯ профессор, мудири кафедраи оптика Л.Левшин диққат дода, ӯро ба шогирдӣ гирифт. Низомов таҳти роҳбарии устодаш аввало кори дипломӣ, сипас рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ва соли 1985 дар Киев рисолаи докториро ҳимоя карда ба зодгоҳ омад. 
Ӯро мудири кафедраи физикаи умумӣ интихоб намуданд. 
Бо ташаббуси ӯ ба ҷараёни донишомӯзии донишҷӯён навидҳои илмӣ-услубӣ ҷорӣ гардид. Вай ба ин соҳа бахшида беш аз 300 мақолаи ҷолиби диққат иншо кард, ки дар нашрияҳои гуногун рӯйи чопро дидаанд. 
Соли 1986 ба ӯ унвони «ихтироъкор» дода буданд. Ҳоло ӯ барои аз равғани пахта ҷудо кардани моддаи заҳрнок – госсиполин дастгоҳи махсус сохта истодааст. Бояд таъкид кард, ки госсиполин барои пайдо шудани бисёр бемориҳо сабабгор аст. 
Соли 1870 дар чанд вилояти Хитой бемории бепуштӣ авҷ гирифт. Корҳои тадқиқотӣ нишон дод, ки маҳз дар ҳамин минтақаҳо мардум бештар аз равғани пахта истифода бурдаанд, ки аксарият оилаҳо бефарзанд шудаанд.
Воқеан ҳоло дар Амрико ва мамлакатҳои Аврупо бо равғани пунбадона мутлақо хӯрок намепазанд.  
– Ҳангоми баҳсу мунозира бо кимёгарон, биологҳо ва мутахассисони ин соҳа доир ба аз равғани пахта тоза кардани моддаҳои заҳролуд ба хулоса омадам, ки роҳи осон, содда ва тез вуҷуд доштааст, – гуфт Неъмат Низомович, – натиҷаҳои таҳлили худро ба Академияи улуми Ӯзбекистон навиштам. АУ муаммои мазкурро ба ҳисоб гирифта, аз 100 хол 95 хол дод ва гранти давлатӣ ҷудо кард.
Ҳокимияти вилоят ба кори илмии ман мароқ пайдо карда, барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ як миллиард сӯм ирсол намуд. Ба ман супориш дод, ки таъҷилан се асбоби махсуси аз равған ҷудо кардани госсипол ихтироъ намоям ва дар се гӯшаи вилоят гузорам. Чанде пеш бо комбинати коркарди равғани Каттақӯрғон шартнома бастем ва кор оғоз ёфт.
– Устод, госсипол чаро дар дигар растаниҳо не, маҳз дар равғани пахта ҳаст? – пурсидам аз олим.
– Саволи аҷиб. Муъҷизаи табиатро бинед, ки ҳангоми гул кардани ғӯза чунин моддаи заҳролуд пайдо мешавад, ки барои аз ҳашароти зараровар онро ҳимоя мекунад. Аммо сад дареғ, ки дар заводҳои коркарди пунба дар Самарқанд, Тошканд, Бухоро асбобҳои аз моддаҳои зарарнок ҷудокунӣ нест. Дастгоҳи ихтироъкардаи мо госсиполро аз равғани пахта ҷудо карда мегирад ва он ба муқобили ҳашароти зараровар истифода мешавад. Аллакай аз Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон супоришҳо гирифтем.

Муродулло ТИЛЛОЕВ, 
унвонҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: