ИХТИЁРИЁН — ФАРИШТАГОНИ НАҶОТ

Дар Қасри фарҳанги Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба кору фаъолияти гурӯҳи ихтиёриёне, ки кӯмаки худро аз шаҳрвандони дар давраи пандемия ба беморӣ печида, оилаҳои камбизоат ва зарардидагони обхезии Сардоба дареғ надоштаанд, таҳти шиори «Қудрати мо — дар ваҳдат» чорабинӣ баргузор шуд.

Дар Қасри фарҳанги Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба кору фаъолияти гурӯҳи ихтиёриёне, ки кӯмаки худро аз шаҳрвандони дар давраи пандемия ба беморӣ печида, оилаҳои камбизоат ва зарардидагони обхезии Сардоба дареғ надоштаанд, таҳти шиори «Қудрати мо — дар ваҳдат» чорабинӣ баргузор шуд. 
Бояд гӯем, ки ходимони хадамоти гуногун шомили ин гурӯҳи хайрхоҳанд.
Соли 2020 натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар сартосари дунё соле буд пурҳодиса ва хотирмон. Дар чунин соли мураккаб аз ҷониби ихтиёриёне, ки чун фариштаи наҷот дар минтақаҳои хатарзо пайдо шуда, ба кӯмаки дармондагон ва осебдидагон шитофтанд, хеле корҳои хайр ба субут расиданд.
Гурӯҳи ихтиёриёне, ки рӯзгоре бо ташаббуси зани ғамхору меҳрубон Вера Раупова созмон ёфта буд, тӯли ду соли охир ба оилаҳои камтаъмин кӯмаки зиёд расонд. Воқеан, KOVID ба гӯшаи хаёли ҳеч кас наомада буд, он мисли балои осмонӣ яке пайдо шуд. Ҳоло навъи нави он дар ҳоли доман густурдан аст...
— Дар ҳоле ки алайҳи пандемия муборизаи шадид идома дошт, тавассути интернет доир ба обхезӣ дар Сардоба хабарҳои гуногун интишор меёфтанд, ихтиёриён дар канор намонданд, — изҳор дошт Вера Раупова. — Ба осебдидагон даҳҳо тонна ғизо, сарулибос ва дигар ашё интиқол дода шуд. Автомобилҳо бе рухсатнома наметавонистанд ба нуқтаҳои осебдида раванд. Бино ба муроҷиати ихтиёриён ба онҳо Вазорати мудофиа барои 4-5 тонна бор мошин ҷудо кард, автомобилҳои шахсиашонро бо рухсатнома таъмин намуд. Дуюми май 45 нафар ихтиёриён ба Сардоба рафта, ҷойи обхезиро аз назар гузаронданд, ба онҳое, ки дар маркази осебдида кор мекарданд, хӯрокворӣ бурданд. Дар ин кор Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Гулистон низ кӯмакашро дареғ надошт. Беморони гирифтори KOVID бо дастпӯшаку ниқоб, костюм, пойафзор, оксметрҳои набзсанҷ таъмин карда шуданд. 
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки бо саъю ҳаракати  ихтиёриён 17-уми март дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё таҳти шиори «Қудрати мо — дар ваҳдат» доир ба ҳодисаҳои рухдода бо ҳарбиён ва хонандагони мактабҳо вохӯриҳо ташкил дода шуд. Духтурону ҳамшираҳо, ходимони
Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ дар дақиқаҳои муҳлик бо ихтиёриён дар як саф буданд.
Бояд гуфт, ки ихтиёриён бо воситаҳои давоӣ ройгон ба ёрии  беморони камбизоат, яккаву танҳо ва бепарастормондагон низ мешитобанд.
— 59 сол дорам, — мегӯяд сокини маҳаллаи Аҳлободи ноҳияи Юнусобод, зани танҳо Фирӯза Салимова. – Бемории куҳнаи зиққи нафас дорам. Тангии нафас азиятам медод. Зуд-зуд ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат мекардам. Барои муолиҷаи дуру дароз маблағ нарасид. Вақте ба гурӯҳи ихтиёриён муроҷиат кардам, Худо умрашонро дароз кунад, ройгон ба кӯмакам шитофтанд, дар хонаам дастгоҳи нафаскаширо устувор намуданд. Аҳволам як андак беҳ шуд. Инак, дар чорабиниашон иштирок менамоям. Ба Президентамон, барои дастгирӣ ва ба кору фаъолияти ихтиёриён шароити мусоид фароҳам оварданаш, арзи сипос менамоям. 
— Модарам, баъди аз сар гузарондани ҷарроҳии вазнин, ба бемории пневмония (илтиҳоби шуш) печид, нафаскашиаш душвор шуд, — гуфт иштирокдори дигари чорабинӣ, сокини маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Яшнободи пойтахт Таҳмина Ҳусаинова. — Ба шуъбаи эҳёи бемористони ноҳия хобондем. Рентген ошкор намуд, ки 50 фоизи шуш рӯ ба тирагӣ овардааст.  Духтурон тӯли як ҳафта бо беморӣ даст ба гиребон шуданд. Доруҳо қимат, пули зиёде ба харҷ додем. Вақте ӯро аз беморхона ҷавоб доданд, ҳанӯз ба дастгоҳи ҳаводиҳӣ ниёз дошт. Табибон гуфтанд, ки бояд дастгоҳи ҳаводиҳиро аз дорухонаҳо харем. Имкони харидашро надоштем. Бино ба маслиҳати нафари хайрхоҳе ба гурӯҳи ихтиёриён занг задам. Гӯшакро зане бардошту гуфт:      
— Ман аз ихтиёриён, номам Надежда, шуморо мешунавам?
Вақте ӯро бо саргузашти модар ошно намудам, ҳамон бегоҳ дастгоҳи ҳаводиҳиро оварда дар хонаамон устувор кард. Инак, даҳ рӯз аст, ки модарам бе дастгоҳи ҳаводиҳӣ озод нафас мекашад. Надежда — фариштаи наҷот модарамро наҷот дод. Амиқ ҳис кардам, ки имрӯз ҷамъияти мо ба чунин инсонҳо ниёз дорад.
Дар поёни чорабинӣ ихтиёриёни фаъол бо медалу дипломҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. Дар байни онҳо парашютчӣ Надежда Василевна Локшева низ буд. 

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: