Иҷлосияи навбатии Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Фарғона баргузор шуд.
Масъалаи аввали иҷлосия ба ҳудуди бидуни коррупсия ва холӣ аз бекорӣ табдил додани шаҳр, инчунин ба иҷрои корҳое нигаронида шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон марбут ба «Хонаводаи обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ба анҷом расидаанд. Дар ин бора ҳисоботи роҳбарони секторҳои шаҳр шунида шуд.
Ҳокими вилоят фаъолияти роҳбарони тамоми соҳаҳои шаҳр, бахусус фаъолияти прокурор ва сардори нозироти идораи андози шаҳрро аз рӯи ҳаҷм ва сифати корҳои анҷомдодашуда ба таври танқидӣ арзёбӣ намуд. Дар идома Хайрулло Бозоров аз онҳо бо қатъият даъват кард, ки ҷиҳати иҷрои нақшаю барномаҳои зикргардида масъулияти бештар ҳис намоянд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро пурра таъмин кунанд, ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва ташкили мунтазами таъмини шуғли аҳолӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.
Инчунин, дар ин иҷлосия, ки дар рӯҳияи худтанқидкунӣ гузашт, дар бораи корҳои баҷоовардашудаи соҳаи хоҷагии коммуналӣ, мушкилоту муаммоҳои мавҷуда ва чораҳои бартараф намудани онҳо, камбудиҳои ҷойдошта ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои дахлдор шунида шуд. Қайд гардид, ки онҳо низ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба беҳбуди зиндагии аҳолии шаҳр вобаста мебошанд, талоши бештар ба харҷ диҳанд.
Интизор меравад, ки ба як қатор шахсони мансабдори шаҳр барои иҷро накардани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда чораҳои интизомӣ дида шавад. Гуфта шуд, ки онҳо ба тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии кор аз паси панҷа нигариста, зимни кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.