ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛҚ БАРГУЗОР ШУД

Иҷлосияи XIV-уми Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона ба тарзи онлайн гузашт.

Иҷлосияи XIV-уми Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона ба тарзи онлайн гузашт. 
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят иттилоъ дод.
Ба сифати масъалаи асосии рӯзномаи иҷлосия маърӯзаи раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбаева шунида шуд. Ин маърӯза талқини вазифаҳоеро ҳадаф қарор дода буд, ки 12 август Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоӣ оид ба пандемия дар миён гузоштааст.
Танзила Нарбаева комиссияи махсуси ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ аз пахши пандемияро вазифадор намудааст, ки зимни барқарор намудани фаъолияти ҳамаи соҳаҳо зарурати риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ ба таври қатъӣ таъмин гардад.
Ҳамзамон ташкили марказҳои реабилитатсионӣ барои шахсоне, ки баъди сирояти пандемия саломатии худро барқарор намудаанд, масъалаҳои дигари марбут ба беҳбуди ҳолати эпидемиологӣ аз вазифаҳои муҳиме арзёбӣ гардиданд, ки иҷрои он барои ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса ногузир хоҳад буд.
Дар иҷлосия директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии педиатрия, профессор Дилором Аҳмедова перомуни қоидаҳои карантин ҳарф зад. Барои ҳамин шаҳрвандонро зарур аст, ки қоидаҳои карантинро риоя кунанд ва дар чунин шароити пандемия кору зиндагӣ карданро омӯзанд.
Сардори садорати тандурустии вилоят Одилҷон Умаров дар ин иҷлосия ба аҳолии вилоят муроҷиат карда, аз онҳо даъват намуд, ки риоя намудани қоидаҳои карантин дар беҳбуди вазъи эпидемиологӣ хеле зарур мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”
дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: