ИҶРОИ «ХАРИТАҲОИ АМАЛИЁТ» БИНОБАР ҲАМКОРӢ БО МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 феврал бахшида ба масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории дуҷониба бо Олмон, Фаронса, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла таъмин кардани иҷрои бечунучарои «харитаҳои амалиёт»-и қабулшуда ҷамъомад баргузор намуд.

Сармоя қувваи асосии ҳаракаткунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар маркази эътибори доимии сарвари давлатамон қарор дорад. Соли 2019-ум дар мамлакатамон Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон гардид. Барои баланд бардоштани самарабахшии кор дар ин самт Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шуд. 
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки бино бар рушди тиҷорат ва созмон додани ҷойҳои корӣ ба воситаи ҷалб намудани сармояҳо ба иқтисодиёти ватанӣ корҳои муайян амалӣ гардонда шуданд, аммо инҳо ҳоло ба дараҷаи бояду шояд намебошанд. 
Кадрҳо дар соҳаи сармоя намерасанд. Бояд низоми кор бо сармоягузорон такмил, инфрасохтори мавҷударо ривоҷ дод. Аз ин рӯ, мо бояд дар ин соҳа корҳои зиёдро амалӣ намуда, бисёр чизҳоро омӯзем. Мамлакат бидуни сармояҳои хориҷӣ ривоҷ намеёбад, гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Дар тӯли солҳои охир алоқаи Ӯзбекистон бо давлатҳои бонуфузи хориҷӣ  муттасил ривоҷ ёфта, бо мазмуни нав ғанӣ мегардад. Мулоқоти сиёсӣ ва мубодилаи ҳайатҳо фаъол мегарданд. 
Қайд гардид, ки дар рафти ташрифҳои хориҷии сарвари давлатамон муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикӣ ба дараҷаи нав баромада, аз ҷумла байни Ӯзбекистон, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба маблағи умумии беш аз 14 миллиард доллари ИМА шартнома ва созишномаҳои муфид ба имзо расиданд. 
Фаронса ва Олмон на танҳо дар Иттиҳоди Аврупо, балки дар тамоми ҷаҳон аз давлатҳои пешрав буда, шарикони боэътимод ва истиқболноки Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд, ташрифҳо бобати ба дараҷаи сифатан нав бардоштани ҳамкории тарафайн хидмат мекунанд.
Аз ин мамлакатҳо, дар навбати аввал, ҷалб намудани технологияҳои замонавӣ, сармояҳо, таҷрибаи пешқадам ва усулҳои менеҷмент ба мамлакатамон вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар «харитаҳои амалиёт» муҳлатҳои иҷрои созишнома ва қарордодҳо бино бар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, идораву шахсони масъул дақиқ нишон дода шудаанд.
Сарвари давлат зарурати сари вақт ва пурра иҷро намудани ин лоиҳаҳои истиқболнокро, ки ба баланд бардоштани некуҳолии халқамон нигаронда шудаанд, таъкид намуд.
Гурӯҳи кории Кумитаи муштарак оид ба сармояҳо ва технологияҳо, ки ба ин мақсад бо Олмон созмон дода шудааст, барои мониторинг ва иҷрои бечуну чарои лоиҳаҳои  «харитаҳои роҳ» масъул мебошанд. Зарурати ҷорӣ намудани чунин механизм бо давлатҳои дигар зикр гардид. 
Бино бар натиҷаҳои музокироти Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар Ню Деҳлӣ ва январи соли ҷорӣ дар Гуҷарат ба амал омаданд, бобати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои савдо ба миқдори қариб ба 3,5 миллиард доллар аҳду паймон шуд. Созишномаҳои мазкур ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва дорусозӣ, инноватсияҳо, кишоварзӣ, агрокластерҳо, таълим ва соҳаҳои дигар тааллуқ доранд. 
Зарурати таъмин кардани татбиқи пурраи лоиҳаҳо бино бар созмон додани минтақаи озоди иқтисодии якуми муштараки дорусозӣ ва филиали Донишгоҳи Шарда дар Андиҷон, технопарк ва филиали Донишгоҳи Амитӣ дар Тошканд, сохтмони клиникаҳои замонавӣ ва дигарҳо таъкид гардид. 
Дар тӯли солҳои охир бинобар ба дараҷаи ҷавобгӯйи имкониятҳои ду давлат бардоштани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар дунёи араб нуфузи баланд ва иқтидори бузург дорад,  пайваста корҳо идома доранд. Вақтҳои охир бо ин мамлакат мубодилаи ҳайатҳо фаъол гардида, бино бар татбиқи лоиҳаҳои муштарак тайёрии хуб дида мешавад. 
Дар ҷамъомад оиди ба Ӯзбекистон ҷалб намудани сармояҳо ва имкониятҳои молиявии АМА сухан рафт.
Зарурати таъмин кардани татбиқи хушсифат ва саривақтии ҳар як лоиҳаи «харитаи роҳ» ва эътибори асосӣ додан ба ҷустуҷӯ намудани шарикони нав бино бар лоиҳаҳои мушкил қайд гардид.
Таъкид гардид, ки ҳаракатҳои қатъӣ ва саъю кӯшиш, ки ба рушди пайвастаи алоқаҳо бо шарикони хориҷӣ нигаронида шудаанд, ба рушди устувори Ӯзбекистон ва баланд бардоштани некӯҳолии халқ хидмат мекунанд. 
Ахбори шахсони масъул оид ба иҷрои созишномаҳои бинобар ҷалби сармояҳои хориҷӣ бадастомада шунида шуданд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: