Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон дар мавзӯи «Натиҷаҳои кори Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков, муовинони ӯ ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи вазири фарҳанг дар театрҳои кишвар 5 ҳазору 974 сеанси намоишнома манзури тамошобинон гардид ва онро ҳудуди 18 миллион нафар тамошо карданд. То ин давраи соли 2024 ҳудуди 80 намоишнома ба саҳна гузошта шуд, ки 10-тоаш таърихӣ, 35-тоаш миллӣ ва 26-тоаш асарҳои саҳнавии хориҷӣ буданд, – гуфт вазир.
Баргузории Ҷашнвораи байналмилалии II рақси «Лазгӣ» дар Хива, Ҷашнвораи II байналмилалии гулдӯзӣ ва заргарӣ дар Бухоро, «Иди гул» дар Намангон, Ҷашнвораи II санъати мақом дар Зомин шукӯҳи хос касб намуданд.
Таъкид гардид, ки дар системаи вазорат 367 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 325 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъат, 29 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи санъат ва фарҳанг, 2 коллеҷ, 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 4 филиали онҳо, инчунин 2 маркази такмили ихтисоси муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд. Ҳоло 105 ҳазору 703 нафар хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 18 ҳазору 683 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд. Ғайр аз ин, 837 хонаи маданият машғули фаъолият мебошад. Дар чорабиниҳои зиёд ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд.
– Барои ҷавонон ва аҳолӣ платформаи мобилии «chol-gu.uz» кушода шуд, ки асосҳои навохтани асбобҳои миллии мусиқиро меомӯзад, – гуфт вазир.
Назарбеков дар робита бо соҳаи синамо гуфт, ки дар доираи фармоиши давлатӣ 7 филми бадеӣ, аз қабили «Баҳодур Ялангтуш», «Хона», «Самурай», «Ба хона баргаштан», «Афсар», «Ишқ ва ғам», «Танҳо» офарида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ 26 филми мустанад, мисли «Хроникаи Ӯзбекистони Нав», «Устодони саънати Ӯзбекистон», «Устодони синамои Ӯзбекистон» ва бо идораҳои гуногуни давлатӣ низ як қатор филмҳо офарида шуданд. Баргузории рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон, Муғулистон ва Қирғизистон ҳукми анъанавиро касб хоҳад кард.
Вазир аз он низ ибрози қаноатмандӣ кард, ки робитаи Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамҷавор беш аз пеш мустаҳкам мегардад. Ба таври мисол бо синамогарони Тоҷикистон филми ҳунарии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ» офарида мешавад. Бо ҳамкории эҷодкорони Қирғизистон низ филми «Боре дар Самарқанд», бо киностудияи «Туркманфилм» филми «Махтумқулӣ» ба навор гирифта хоҳанд шуд.
Инчунин вай дар робита бо афзоиши ҷашнвораҳо ва сарфшавии маблағҳои зиёд ибрози назар кард, ки гуфта мешавад, мавриди сару садоҳои зиёд гаштааст.
– Аз меъёр зиёд шудани ҷашнвораҳо ва сарфи маблағҳо сабабҳои худро низ дорад. Ба таври мисол, мо барои ҷалби бештари сайёҳон аз чунин тарзи кор низ истифода мекунем ва ба ҳар як анҷуману ҷашнвораҳо меҳмонони зиёди хориҷӣ ташриф меоваранд. Инро нодида гирифта наметавонем ва ба ин васила ташвиқу тарғиби туризм низ каму беш бар дӯши кормандони соҳаи фарҳанг вогузорӣ шудааст, – тазаккур дод Назарбеков.
Шаҳноза ТӮРАЕВА,
мутахассиси дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.