Дар ҳокимияти шаҳри Тошканд ҳокими ноҳияи Бектемир Шопӯлат Асқаров ба мақсади хабардор намудани ҷомеаи васеъ аз рафти корҳое, ки дар пойтахт амалӣ мегарданд ва ҷараёни иҷрои вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоии барои соли 2018 пешбинишуда бо кормандони ВАО вохӯрӣ гузаронд.
Дар он ҳокими ноҳия оиди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки соли 2018 ва корҳое, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ амалӣ шуданд, маълумот дод. Майдони ноҳияи Бектемири пойтахт 20,5 ҳазор гектар, аҳолиаш 33,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 5 мактаби таълими умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ, 1 коллеҷ ва 1 литсейи академӣ фаъолият дорад.
Дар доираи барномаи рушди иқтисодии соли 2018 дар ноҳия корхонаҳои ҶММ «Межик Фрутс», «ММ Амин Био», ҶММ «Глобал текстил Салушн», «Энергосистем НВН», «Лотус текстил» бо лоиҳаҳои бузурги худ ба кор шурӯъ намуданд.
Ҳокими ноҳия таъкид намуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 81 субъекти тиҷорати хурд ва 45 субъекти соҳибкорӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар доираи барномаи рушди иқтисодии ноҳия корхонаи «Глобал текстил Салушн» ба миқдори 59,5 миллиард сӯм сармоя ворид намуда, 350 ҷойи нави кориро фароҳам овард. Корхонаи мазкур дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд фаъолият бурда, ба истеҳсоли калоба ва нах ихтисосонида шудааст. Он соле 5200 тонна калоба истеҳсол мекунад.
Корхонаи муштараки «Конструксияҳои металли Бектемир» дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 138 миллиард сӯм сармояро ба даст дароварда, ба фароҳам овардани 250 ҷойи нави корӣ мушарраф гардид.
Ҳоким инчунин оиди корҳои соҳаи иҷтимоӣ ва коммуналӣ маълумоти муфассал дод.
– Дар қатори дастовардҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар маҳаллаҳои Бектемир, Олтинтопган ва Бинокор набудани хати оби ошомиданӣ барои касе пӯшида нест. Барои иҷрои ин корҳо 22 миллиард сӯм маблағ сарф мегардад ва буҷаи ноҳия ба ҷудо кардани ин миқдор маблағ имкон надорад. Аз ин рӯ, мо онро зина ба зина то моҳи июни соли ҷорӣ аввал дар маҳаллаи Бектемир, сипас ба навбат дар дигар маҳаллаҳо ба амал бароварданием, – гуфт дар суҳбат ҳоким.
Дар ноҳия баҳри таъмини иҷрои Фармони сарвари кишварамон «Доир ба чораҳои такмил додани самти таълими томактабӣ» барои 40-50 нафар фарзандон кушодани муассисаи томактабии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои таъмири пурраи шабакаи гармидиҳии муассисаҳои таълими ҳамагонии рақами 291 ва 292-юми ноҳия аз ҳисоби буҷа 374 миллион сӯм маблағ ҷудо шудааст.
Г. КАБИРОВА,
мухбири «Овози тоҷик».