ИҶРОИ МУРОҶИАТҲО ДАР АМАЛ

Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафари худ ба вилояти Намангон оид ба ҳалли мушкилоти чандсолаи деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, рушди инфрасохтори минтақа, таъмини шуғли аҳолӣ ва инчунин дастгирии соҳибкорӣ супоришҳои алоҳида дода буд.

Пас аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов бо ҳамроҳии роҳбарони дахлдор борҳо ба деҳа рафта, бо халқ мулоқот намуд. Корҳои амалӣ пай дар пай иҷро мешаванд. Роҳҳои асосӣ ва дохилӣ ҳамвор карда, муаммоҳои таъминоти оби нӯшокӣ ҳал карда мешаванд. Бо саъю кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти бекорӣ низ кам шуд. Дар самти рушди сайёҳӣ сохтмони кемпинг ва хона-меҳмонхонаҳои замонавӣ идома дорад.
Яке аз мушкилоти калонтарин дар шӯъбаи «Ёрии таъҷилӣ» ниёз ба мошин буд. Камбудиҳои соҳа аз рӯйи шумораи аҳолӣ бартараф мешаванд. Чанде пеш ҳокими вилоят бо пиронсолон вохӯрда, дар асоси дархости онҳо ба шуъба мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и иловагӣ супурд. Ин гуна эътибор аҳли деҳотро шод гардонд. Аз ҷумла, роҳбари шуъба Раҷаббӣ Тошматова барои таваҷҷуҳ аз номи аҳолӣ миннатдорӣ баён карда, қайд намуд, ки ин барои ба аҳолӣ софдилона ва аз ҳама асосиаш сари вақт хидмат расонидани кормандони соҳа имконияти калон аст.
Мо аз роҳбари вилоятамон барои ёрии амалие, ки дар соҳаҳо расонида мешавад, миннатдорем, – мегӯяд сокини деҳа, бобои 75-сола Маматкарим Мадраҳимов. – Деҳаи мо, ки ба макони сайёҳӣ табдил меёбад, камбудиҳои зиёде дорад. Ҳамаи ин тадриҷан бартараф шуда, барои аҳолӣ қулайиҳо офарида мешавад. Махсусан, мо пиронсолонро рӯз аз рӯз ободу замонавӣ шудани деҳаи бостониамон шод мегардонад.
Воқеан, дар пояи корҳои наҷибе, ки барои ояндаи дурахшони Чодак сурат мегирад, ҳадаф аз рӯзгори имрӯза шод гардонидани мардум аст.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар 
вилояти Намангон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: