ИҶРОИ ВАЪДАҲОРО ТАНҲО ВАҚТ НИШОН ХОҲАД ДОД

Ҳоким ва ҷавонон

Иброҳимҷон Султонов аз зумраи он соҳибкорони вилояти Фарғона ҳисоб меёбад, ки бо таъсиси корхонаи қолинбофӣ ва ба кор ҷалб намудани дуюним ҳазор нафар коргар шӯҳрат пайдо кардааст. Корхонаи хусусии ӯ “Исмоилҷон гиламлари ипакчилик” дар баробари ба кор таъмин кардани аҳолии маҳаллӣ, хусусан ҷавонон, ҳамчунин ба коромӯзии ҷавонон низ таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Ӯ боз якчанд дастгоҳи қолинбофиро насб намудааст ва барои ба кор ҷалб намудани теъдоди дигари ҷавонон шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Вайро дар иҷлосияи депутатҳои халқи Шӯрои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба Палатаи болоии Олий Маҷлис  сенатор интихоб карданд.
Ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев бо як гурӯҳ ҷавонон дар ҳамин корхонаи хусусии ӯ дар ноҳияи Қӯштепа мулоқот доир намуд. Иштирокчии якчанд олимпиадаи фаннӣ Замирахон Муҳаммадҷонова гуфт, ки сол аз сол шароити таҳсилу кор барои ҷавонон дар вилоят рӯ ба беҳбуд овардааст ва ифтихор мекунад, ки аз зумраи ҷавонони чунин кишвар мебошад. Замирахон Муҳаммадҷонова аз сарвари давлат барои чунин ғамхориҳои беназир изҳори миннатдорӣ кард. 
Дар ҷараёни мулоқот сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Шаҳртепа” Нодира Ҷӯраева аз ҳокими вилоят дархост намуд, ки барояшон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 23 майдончаи чавгонбозӣ сохта диҳад. Ҳоким ваъда дод, ки дар давоми чоряки якум дар қаламрави ин мактаб барои сохтани майдончаи чавгонбозӣ маблағи заруриро ҷудо хоҳад кард. 
Пӯшида нест, ки ба далели мушкилоти иқтисодӣ як идда қаламкашони ҷавон наметавонанд маҷмӯаҳояшонро ба дасти чоп супоранд. Дар ин замина ҳокими вилоят мувофиқи дархости яке аз ҷавондухтарони иқтидорноки ноҳияи Қӯштепа Адиба Раҳматҷонова амр кард, ки барои анҷоми ин кор 250 миллион сӯм ихтисос диҳанд. 
Чунин мулоқот дар ноҳияи Ёзёвон низ баргузор гардид. Ҷавонони ноҳия ҳамроҳи ҳокими вилоят аз корхонаи навтаъсиси “Ипак толалари” боздид карданд ва мулоқот маҳз дар ҳамин корхона ба роҳ андохта шуд. Вақте ҳокими вилоят аз соҳибкорони ҷавон пурсид, ки кадом масъалаи ҳалношуда онҳоро азият медиҳад, Мирҳоҷӣ Аҷамов гуфт, ки барои бунёди корхонаи хусусӣ вай ба 50 миллион сӯм қарзи имтиёзнок зарурат дорад.  Дар ин корхона вай бо ҳамтоёни худ ба нақшу нигори чӯб машғул хоҳад шуд. 
Соҳибкори ҷавон Шавкатҷон Фозилов гуфт, ки эҳтиёҷи ӯро 30 миллион сӯм қаноат медиҳад ва агар ин кредитро гирифта тавонад, корхонаи сохтани қуттиҳои плостикиро роҳандозӣ хоҳад кард. 
– Ин маблағҳои мавриди заруратро ба ҷавонон диҳед, вале кафолати онро кӣ бар дӯш мегирад? – пурсид Шӯҳрат Ғаниев.
– Ин тарафи корро ҳокимияти ноҳия ба дӯши худ мегирад, – посух дод ҳокими ноҳия Йӯлчивой Боййигитов. 
Сокини ноҳияи мазкур Ҳилолахон Алиҷонова ибрози нигаронӣ кард, ки муҷассамаи “Дар солҳои ҷанг” ба хароба табдил меёбад ва бояд ҷиддан тармим карда шавад. Ин пешниҳоди  вайро ҳокими вилоят пазируфт ва роҳбарони идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки аз пайи иҷрои ин пешниҳод шаванд. 
Дар мулоқот ҷавонони ноҳияи Ёзёвон сохтани бинои нави “Маркази ҷавонон”, чопи ройгони китобҳои ҷавонони эҷодкор, ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳо ва ба мактабҳо тӯҳфа кардани 200 дона компутерро дар миён гузоштанд. Вай гуфт, ки барои китобхонаҳои ноҳия 150 миллион сӯм ва 50 ҳазор адад китобҳои муҳтавояшон гуногунро дар фурсатҳои наздик дастрас хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: