ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ БИНОБАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ МУАЙЯНШУДА ТАҲЛИЛ ГАРДИДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август бахшида ба таҳлили корҳое, ки оид ба рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ татбиқ мегарданд, ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Чорабинии мазкур давоми мантиқии ҷамъомади 23 июли соли ҷорӣ баргузоргардида мебошад. Ҳамон вақт мушкилоти низомноки соҳа ҳамаҷониба баррасӣ гардида, бинобар дастгирӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорати хурд як қатор вазифаҳо муайян шуда буданд. Дар ҷамъомади индафъаина ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои масъул, минтақаҳо дар бораи чӣ гуна ташкил шудани корҳо дар ин самт шунида шуданд. Таъкид гардид, ки як қатор мушкилотеро, ки ба татбиқи ташаббусҳои соҳибкорон монеъ мегарданд, дар маҳалҳо, бидуни дахолати идораҳои марказӣ ҳал намудан мумкин. 
Масалан, масъалаҳои ба ҷудо намудани замин ва пайваст гардидан ба инфрасохтор марбут ҳаллу фасл гарданд, аксарият мушкилоти соҳибкорон ҳал хоҳад шуд. Аммо аз ҷониби 8 идора, ки барои ҷудо намудани замин хулоса медиҳанд, беасос муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо ба моҳҳо кашол меёбанд.
Президент зарурати мақбулсозии вазифаҳои оид ба рухсатнома додани ташкилотҳои мазкур, кӯтоҳ кардани миқдори ин гуна идораҳои «рухсатдиҳанда» ба воситаи интегратсия намудани пойгоҳи маълумотҳои онҳо, такмил додани тартибот дар ин бобат таъкид намуд.
Ба зиммаи  Девони Вазирон, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Агентии оид ба идоракунии активҳои давлатӣ вазифаи дар пойгоҳи объектҳои холии корхонаҳои бузург ташкил намудани минтақаҳои иловагии хурди саноатӣ, инчунин ҷорӣ намудани тартибе, ки мувофиқи он 65 фоизи хароҷот барои пайвастани онҳо ба шабакаҳои таъминоти қувваи барқ, об, газ, коммуникатсияҳои алоқа ва роҳ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ пӯшонда мешаванд, гузошта шуд. 
Дар ҷамъомад, ки 23 июл баргузор гардид, зикр шуда буд, ки ба вайрон кардани мулк ва кашида гирифтани қитъаҳои замини соҳибкорон бидуни пардохти ҷубронпулӣ қатъӣ роҳ дода нашавад. Сарвари давлат дар ин масъала зарурати таъсис додани гурӯҳи кориро таҳти сарварии муовини Сарвазир таъкид намуда буд, ки онҳо бояд ба маҳалҳо баромада зарари ба соҳибкор расондашударо омӯхта, онро бино бар арзиши бозорӣ ҷуброн намояд.
Кор дар ин самт аз 5 августи соли ҷорӣ сар карда бинобар тартиби қатъӣ муқарраргардида дар се зина амалӣ гардонда мешавад.  Дар зинаи аввал ҳокимиятҳо дар маҳалҳо ба Девони Вазирон дар бораи объектҳое, ки барои вайрон карданашон зарурат пайдо шудааст, материал тақдим менамояд. Дар зинаи дувум бинобар талаботи шаҳрсозӣ аз ҷониби муовини аввали Сарвазир, бино бар ҳисобу китоби молиявӣ аз ҷониби муовини Сарвазир хулоса тайёр карда мешавад. Дар зинаи сеюм хулосаи мазкур барои баррасӣ ва қабул намудани қарор ба Сарвазир дароварда мешавад. 
Дар ҷамъомад масъалаи аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани соҳибкорон, баробари ин, таъмин намудани истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошуда баррасӣ гардиданд. 
Маълум ки дар тӯли солҳои охир барои рушди соҳибкорӣ ба миқдори зиёд вомҳо дода шуданд. Беш аз 90 фоизи онҳо  маблағҳои давлат мебошанд.
Омӯзиши гузарондашуда нишон доданд, ки дар беш аз ҳазор лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ки аз ҷониби вомҳои бонкӣ дар солҳои 2017-2019 бо маблағ таъмин карда шудаанд,  мушкилоти бо ҷудо намудани замин, пайвастан ба инфрасохтор, гирифтани рухсатнома, овардани таҷҳизот ва дигар масъалаҳо алоқаманд мавҷуд мебошанд. Дар навбати худ, ин баргардондани вомҳои додашударо мушкил месозад. 
Аз ин рӯ, ба Палатаи ҳисоб, Бонки марказӣ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат супурда шуд, ки рӯйхати лоиҳаҳоеро, ки бо мушкилоти ба ин монанд дучор мегарданд, ташаккул диҳанд ва ба онҳо кӯмаки амалӣ расонанд.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки бонкҳо бояд услуби кори худро куллан тағйир диҳанд, соҳибкоронро дар тӯли тамоми фаъолияташон дастгирӣ намоянд, бо мизоҷони худ ба маънои ҳақиқӣ ба сифати бизнес-шарик кор кунад. 
Зарурати боз ҳам васеъ ба соҳибкорӣ ҷалб намудани маблағҳои хатҳои байналхалқии вомӣ, коркарди таклифоти дахлдор дар қисмати ҳар як минтақа қайд гардид. Таъкид гардид, ки бояд ба ҳар як мизоҷ дар бораи самтҳо ва шартҳои гирифтани чунин вомҳо тавассути Марказҳои сармоягузории дар бонкҳои тиҷоратӣ ташкилшуда маълумоти пурра дод.
Дар ҷамъомад масъалаи аз нав барқарор намудани фаъолияти субъектҳои тиҷорати хурд, ки  фаъолияташонро боздоштаанд, низ таҳлил гардиданд. Ба шахсони масъул вазифаи таҳлил намудани  маълумотҳои андоз ва оморӣ, муайян кардани сабабҳои фаъолият нишон надодани корхона гузошта шуд. Таъкид гардид, ки муовинони ҳокимон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ ва роҳбарони идораҳои маҷмӯи иқтисодӣ дар маҳалҳо бояд бо чунин корхонаҳо мақсаднок кор баранд ва ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо кӯмак расонанд. 
Бинобар барқарор намудани корхонаҳои бекор, қонунӣ гардондани ҷойҳои корӣ, аз ҳисоби сари вақт ба кор даровардани лоиҳаҳои нав васеъ гардондани пойгоҳи андоз супоришот дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: