ИЛЛАТ АЗ БЕМАЪРИФАТӢ АСТ

Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки дар замони ғуломдорӣ бозорҳои ғуломфурӯшӣ вуҷуд доштанд.

Дар он бозорҳо ғуломонро ба тоифаҳо ҷудо карда нарх мегузоштанд: якеро барои қувваи ҷисмониаш, дигареро мувофиқи ҳусну ҷамолаш... Ҳоло, хушбахтона, чунин бозорҳо ба таври расмӣ вуҷуд надоранд, аммо  мутаассифона аҳли башар аз иллати савдои одам имрӯз низ эмин нест. Агар як бемаърифат барои дарёфти пули бедардимиён чунин кирдори ғайриинсониро ба худ касб карда бошад, бемаърифати дигар бо хаёли хоми пайдо кардани кори сабуку даромади калон фирефта гашта, худро ба гирдоб меандозад. Мо беҳуда ҳам ҷабрдида ва ҳам ҷабркунандаро «бемаърифат» нагуфтем. Зеро, ҷабркунанда, қатъи назар аз он, ки ӯ ба кадом миллат, ба кадом дину мазҳаб мансуб аст, агар маърифати инсонӣ медошт ба бародари худ ин бадиро раво намедид. Охир, «бани одам аъзои якдигаранд». 
Ҷабрдидагон низ аз ҳамин қабиланд. Ҳини суҳбат бо онҳо мо борҳо гувоҳ шудем, ки ин тоифа дар умри худ китобе нахондаанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки дар ноҳия ва вилояти худ кадом рӯзномаҳо нашр мешаванд. Ва табиист, ки аз қарору фармонҳои Президент оид ба пешгирии савдои одам бехабаранд.
Бино ба шаҳодати вакили тезкори муборизаи зидди терроризм ва экстремизми ноҳияи Сайҳунобод Ҳамза Турсунов аз ноҳия 4568 нафар шаҳрвандон бо мақсади кор кардан ё хондан ба хориҷи кишвар баромадаанд, ки 3432 нафари онҳо мардон ва 1136 нафарашон занҳоянд. Ҷабрдидагони ҷинояти савдои одам 21 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ноҳия комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди савдои одам ташкил карда шудааст. Аъзои ин комиссия дар ҳамаи гӯшаю канори ноҳия мувофиқи нақшаи муайян корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мондаанд. Комиссия аз ҷумлаи  пешқадамону собиқадорони меҳнат, шахсони обрӯманде, ки дар байни аҳолӣ эътибор доранд, ташкил ёфтааст.
Дар ноҳия мувофиқи фармони Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ, ки 12-уми феврали 2014 эълон шудааст, ҳамаи аз хориҷ баргаштагон ва ҷабрдидагони савдои одам аз назорати тиббӣ гузаронида, ба эҳтиёҷмандон кӯмакҳои таъҷилии тиббӣ расонда мешаванд.
Дар охири соли сипаришуда шуъбаи корҳои дохилии ноҳия якҷо бо комиссияи муборизаи зидди савдои одам нақшаи кориро барои соли 2019 муҳокима кард ва қабул намуд.
Умед дорем, ки соли равон маҳсули кори онҳо аз соли гузашта ҳам беҳтар мешавад.

Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: