ИЛЛАТЕ, КИ АЗ БЕПАРВОӢ РЕША ДАВОНДААСТ

«Таги сабр — тилло» гуфтааст мардуми дурандеши мо.

Ҳақиқатан, шахс бо сабру қаноат ва шукргузорӣ зиндагӣ кунад, рӯзгори ӯ пурбаракот мегардад.
... Т. Аҳмедов дар оила писари ягона буд. Бо устоӣ машғул шуда, дар маҳалла аллакай эътибор пайдо карда буд. Баъди хонадор шудану соҳиби фарзанд гардидан, ёфтааш ба рӯзгор намерасидагӣ шуд. Орзуву ҳаваси ҳамсараш низ рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Зану шавҳар ба будааш қаноат накарда, аҳд карданд, ки барои дарёфти сармояи зиёд ба хориҷ раванд. Дере нагузашта онҳо ба доми одамфурӯшон, ки аз паси ин иллат нон мехӯрданд, афтиданд. 
Волидон кӯдаки шашмоҳаи худро ба момояш супорида рафтанд. Бо лафзи ширин «оча, додо»-гӯйиҳои фарзандашонро нашуниданд, қадаммонии аввалин ва шӯхиҳои беғубори ӯро надиданд.
Падару модари ба ғуломи нафси худ гирифторшуда баъди 5 соли сарсониҳо ба дидори фарзандашон расиданд. Сармояи ёфтаашон ҳам казоӣ набуд. Азобу уқубат, овораю сарсонии кишвари бегона зану шавҳарро аз якдигар бемеҳр, сард ва оқибат ба ҷудоӣ овард...
– Ба кори дӯстдоштаам машғул будам, маро чӣ ҷин зад, намедонам,– мегӯяд Т. Аҳмедов. – Дар хориҷ ҳама ҳам аробаи худро кашида наметавонистааст. Дар он ҷо кор карда пул ёфтан осон набудааст. 5 соли ҳаётамро ба бод додам, оилаам низ пароканда шуд. Бо саъю ҳаракати падару модарам ба ватан, ба назди фарзандам баргаштам.
Оре, «нафси бад, балои ҷон» гуфтаанд. Соле дар дунё зиёда аз 4,5 миллион нафар қурбони савдои одам мегарданд ва беш аз 1,2 миллион нафари онҳо бачаҳоянд. Аз ин иллат на танҳо ҷабрдидагон, балки аъзои оила, наздикон, маҳалла, умуман ҷомеа зарар мебинад.
Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд, ки дарёфти сармоя осон нест, душворӣ низ дорад. Аммо барои ба доми одамфурӯшон, ки инсонҳои соддаро аз роҳ зада аз онҳо ба мақсадҳои манфуру ғаразнок истифода мебаранд, наафтидан, аввало сабру қаноатро пеша карда, ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, ба сустии маънавиётамон роҳ надодан лозим аст.
***
– Бародарам рӯзгорашро аз паси дуредгариаш меҷунбонд. Якбора аз «ба хориҷ барои кор меравам» гуфтанаш аҳли оила дар тааҷҷуб мондем, чунки ҳавлию хонаи алоҳида дошт, рӯзгораш бутун буд. «Бародар, ин фикрро аз сарат дур кун, падару модари пирамонро ба ташвиш наандоз» гуфтам, аммо гӯш накард. «Мошин мехарам, ҳавлиамро таъмир мекунам» гуфта, роҳи кишвари бегонаро пеш гирифт, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Т. Маҷидов. 
– Рафтан замон «омада расидам» гӯён хабар дода буд. Мана, ҳоло 12 сол аст, ки аз бародарам дарак нест. Ҷустуҷӯ кардем, аз шиносу ношиносҳо пурсидем, аммо... Бачаҳояш ҳам калон шуданд, падару модарам ба дарди ҷудоӣ тоб наоварда, аз ҳаёт чашм пӯшиданд.
Имрӯзҳо муҳоҷирати аҳолӣ, аз ҷумла, дар хориҷ ба меҳнати ноқонунӣ машғул шудани онҳо,  сабабгори оқибатҳои нохуш мегардад. Лозим аст, ки бар зидди савдои одам чораҳои зарурӣ андешем, ҳамдиёронамонро аз ин иллат муҳофиза намоем. 
Масъалаи муҳим он аст, ки дар мамлакатамон ҷойҳои нави кор созмон дода, аҳолиро бо кор таъмин созем.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
мухбири ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: