«ИЛМ АГАР ДАР ЧИН БОШАД ҲАМ, ОМӮЗЕД»

Ин ҳадиси пайғамбарамон (с) аз қадим дастур барои омӯзиши илму ирфон буд.

Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо якчанд мактаби олии Чин ҳамкории мустаҳкам дорад. 
Чанде пеш дар Донишгоҳи Сечуани шаҳри Ченгду анҷумани бонуфузи математикҳои ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст.  
– Дар анҷуман қариб аз 40 мамлакати ҷаҳон риёзидонҳои маъруф ширкат варзиданд, – гуфт доктори фанҳои физика-математика, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев.  – Мо бо фаъолияти Донишгоҳи Сечуан шинос гардидем. Бояд иқрор шуд, ки дар Хитой завқу шавқи илмомӯзии ҷавонон ниҳоят баланд аст. Ҷойи дӯстдоштаи толибилмон китобхона мебошад, ки шабу рӯз фаъолият дорад. Агар гӯям, ки ҳар як дақиқаи донишомӯзон дар ҳисоб аст, ҳеҷ гуна муболиға намешавад. Онҳо аз рӯйи ҷадвали қатъӣ, бештар мустақилона бо корҳои фоиданок машғуланд. Бовар кунед, мо писараку духтарони бекору бемақсадро надидем. Аз Самарқанд чор нафар таҳсил мегиранд, ки бо онҳо суҳбат оростам. «Устод, илм дар Хитой будааст, – бо ҳайрат гуфтанд онҳо. – Аҷибаш дар он ки дар Донишгоҳи Сечуан иллатҳои «илтимос», «ошнобозӣ»  ва «хидматрасонӣ» нест. Агар касе пора гирад, албатта, нисбати ӯ чора хоҳанд дид. Гӯё ба маънои шиори «хонед, хонед, боз хонед!» дар ҳамин ҷо пурра сарфаҳм рафтем. 
– Чӣ гуна ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд? 
– Дар донишгоҳи Сиан Жиотанди шаҳри Сиан Ассамблеяи ректорони донишгоҳҳои «Роҳи бузурги абрешим» баргузор гардид, ки аз шаҳри Ченгду дар масофаи 600-700 километр аст. Аз Ӯзбекистон танҳо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба Ассамблеяи донишгоҳҳои «Роҳи бузурги абрешим» аъзо гардид, ки барои мо боиси ифтихор аст. Минбаъд устодону донишҷӯён аз якдигар таҷриба ва сабақ хоҳанд гирифт. Умед аст, ки якҷоя китобҳои дарсӣ, илмӣ ва адабӣ тарҷума ва чоп мекунем. 

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: