ИЛМ ҶУСТАН БО СӮЗАН ЧОҲ КАНДАН АСТ

Одамоне ҳастанд, ки танҳо аҳли байти худро меросхӯр пиндошта, ба эшон аз рӯйи имконият яке симу зар, дигаре қасру кӯшк мерос мегузоранд.

Тоифаи дигари одамон низ ҳастанд,  ки на танҳо фарзандону пайвандони хешро,  балки насли аҳли башарро меросхӯри худ медонанд.  Талоши онҳо дар зиндагӣ баҳри боқӣ гузоштани меросест,  ки аз он инсоният бархурдор бошад. 
Боиси хушнудист,  ки қаҳрамони мо олима,  доктори илмҳои биология Инобат Ширинова ба тоифаи дуюм мансуб аст. 
Падари ӯ Анварбобо солҳои чилуми асри гузашта ба як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш сару сарвар шуда, аз деҳаи зебоманзари Ӯхми ноҳияи Фориш ба Мирзочӯл омад.  Дере нагузашта Ҷанги бузурги Ватанӣ сар шуд. Анварбобо аз аввалинҳо шуда ба фронт рафта,  аз ҷанг сари сина пур аз ордену медалҳо баргашт.  Дар деҳаи аҷдодӣ ӯ чорводор буд,  дар Мирзочӯл пахтакориро ихтиёр намуд.  
Инобат Ширинова дар ноҳияи Сирдарё ба дунё омад.  Солҳои наврасӣ орзу дошт,  ки шифокор шавад,  аммо зиндагӣ ӯро ба маҷрои дигар бурд.  Соли 1974 мактаби рақами 15-уми ноҳияи Сирдарёро бо баҳои аъло хатм намуда,  ба факултаи кимиёю биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ дохил шуд.  Солҳои донишҷӯйӣ боварӣ ҳосил намуд,  ки биологи босавод ҳам метавонад ба илми тиб ҳисса гузорад. 
Пас аз хатми донишкада Инобат дар мактаби рақами 31-уми ноҳияи Сирдарё кор сар кард. 
Азбаски ба кори илмӣ завқи беандоза дошт,  мақолаҳои хонданбоби илмии ӯ дар рӯзномаҳо чоп мешуданд.  Истеъдоди ӯ аз назарҳо пинҳон намонд.  Биологи ҷавонро ба кафедраи биологияи Донишгоҳи давлатии Гулистон ба кор даъват намуданд. Соли 1989 олимаи ҷавон бо пешниҳоди проректори ҳамонвақтаи донишкада оид ба корҳои илмӣ Шавқӣ Ниёзов ва бо роҳхати ин маскани илм аспиранти Институти биокимиёи Тошканд гардид.  
Солҳои таҳсил дар аспирантура Инобат роҳи минбаъдаи илмии худро муайян намуд. 
Олимаи ҷавон мавзӯе интихоб намуд, ки бевосита ба табобат, алалхусус ба саломатии ҷинси латиф алоқаманд буд. 
Оид ба мавзӯи “Аксуламали генатотсиди калламушҳои ҳомила ба асорати радиатсияи таркиби ҳуҷайра”дар илми биология пештар ҳам хеле корҳо карда шуда бошад ҳам, ин мавзӯъ ҳоло пурра ба сомон нарасида буд. Аз ин рӯ, олима пас аз хатми аспирантура бо ҷидду ҷаҳд ба кор шурӯъ кард ва соли 1993 дипломи номзадиро ба даст гирифт. Ӯ то ҳанӯз аз устоди худ, биохимики шинохта Анвар Мираҳмедов, ки дар соҳаи биологияи ҳуҷайра таҷрибаи калон дошт, хеле миннатдор аст. Зеро олима аз ин инсон на танҳо асрори илм, балки ҳалолкорӣ ва пухтакориро низ омӯхта буд. Пас аз ҳимояи номзадӣ аз муваффақиятҳои бадастовардаи худ қонеъ нашуда, аз паси кашфиётҳои нави илмӣ босубот қадам гузошт. 
Солҳои докторантура барояш дари имкониятҳои навро кушод. Олима акнун хеле хуб медонист, ки организми инсон имкониятҳои зиёд дорад ва агар тобоварии он нисбат ба таъсирҳои гуногуни муҳит зиёд карда шавад, инсон боз бештар умр мебинад, меҳнат мекунад. Ӯ дар ин мавзӯъ солҳои дароз мақола ва рисолаҳои зиёде навишта буд. Аз ин рӯ, ба навиштани кори докторӣ дар мавзӯи “Механизмҳои структуравию метаболикии зиёд кардани резистентнокии организм бо таъсири антигипоксантҳо” шурӯъ кард. 
Олима ба навиштани кори докторӣ пухта тайёрӣ дида буд ва боварӣ дошт, ки онро дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба охир мерасонад. Аммо зарбаҳои ногаҳонии рӯзгор имкон надод, ки ӯ сари вақт ба нияташ расад. Аввал падари меҳрубон, дере нагузашта бародари азизаш аз дунё чашм пӯшиданд. Инобат сарпарасти модари куҳансолу додару хоҳаронаш гашт. Он солҳо мақсади асосии ӯ таъмини моддӣ ва маънавии оилааш буд.
Рост мегӯянд, ки «поёни шаби сиёҳ сафед аст». Рӯзҳои вазнин паси сар шуданд ва Инобат боз худро ба илм бахшид. Ӯ рисолаи докториашро соли 2018-ум бо муваффақият ҳимоя карда, соҳиби дипломи доктори илмҳои биология гардид. 
Роҳи дуру дарози дар ҷодаи илм тайнамудаи олима хеле пурсамар аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор агар садҳо нафар шогирдон тайёр карда бошад,  ҳамчун олима ба рушди илми биология саҳми арзанда гузошт. Китобҳои дарсӣ, услубӣ ва қариб сад мақолаи илмӣ навишт. Бо муассисаҳои таълимии Бритониёи Кабир, Фаронса ва Русия ҳамкорӣ намуда, дар анҷуманҳои бонуфузи илмӣ оиди паҳлуҳои норавшани илми биология баромадҳо кард. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва тадқиқотҳои бардавоми Инобат Ширинова ва ҳамкасбони ӯ илми биология мукаммалтар гашт. Баъзе тадқиқотҳояш бевосита ба илми табобат алоқаманд аст. Яке аз онҳо «катасин» ном доруест, ки барои табобати касалии эпилепсия (тутқаноқ) пешбинӣ шудааст. Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Садорати фармасевтикаи ҷумҳурӣ ҳоло ин доруро меомӯзанд. Ба пиндошти олима агар дору аз имтиҳон гузарад, шумораи касалиҳои бедаво якто кам мешавад. 
«Илм ҷустан бо сӯзан чоҳ кандан аст», мегӯянд. Инобат Ширинова ҳоло нерӯи эҷодӣ дорад ва сӯзани ӯ аз чоҳ кандан наистодааст. Мо дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳои нав мехоҳем.
 
Мунаввар ПАРДАЕВ, 
узви Иттиҳоди 
эҷодии журналистони Ӯзбекистон. 

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: