ИЛМУ МАЪРИФАТРО РИВОҶ МЕДИҲЕМ

Ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби таълимоти умумии деҳаамон – Зангат ба касби омӯзгорӣ меҳр пайдо карда будам.

 Дар ноҳияи мо теъдоди занони омӯзгор чандон зиёд набуданд, аммо ҳоло шумораи занҳои соҳибмаълумот мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Бо вуҷуди ин, аксарияти занону духтарони сӯхӣ ё ба корҳои саҳро машғуланд ё хонанишин ҳастанд. 
Вақте ки дар синфҳои болоӣ мехондам, гашту гузор ва бо либосҳои зебо ба мактабу синфхонаҳо ҳозир шудани занони омӯзгор таваҷҷуҳамро ба худ мекашид ва муҳаббатамро нисбат ба ин пешаи пурмасъулияту бошараф беш аз пеш меафзуд. “Чаро ман наметавонам мисли онҳо муаллима шаваму ба фарзандони мардум сабақ диҳам?” ба худ савол медодам ман. 
Дар мактабамон яке аз талабагони аълохон ба шумор мерафтам. Падарам Расулҷон Мавлонов мехостанд, ки мо хонему соҳибмаърифат шавем. Боре пурсидам, ки оё  розӣ ҳастанд то баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии Фарғона бурда супорам.
– Чаро не, духтарам? Ҳатман ин корро мекунӣ! Кайҳост мебинам, ки  меҳри касби омӯзгорӣ дар дилат маъво гирифтааст. Аз муаллимони мактаб ҳам пурсидам. Онҳо гуфтанд, ки дар дарсҳо ҳамеша фаъол ҳастӣ ва аз қатори толибагони аълохон ҷой гирифтаӣ. 
Ин суханҳои онҳо маро хеле хушҳол намуд. Аммо барои он ки таҳсилро дар донишгоҳ давом диҳӣ, бояд нағзакак тайёрӣ бинӣ, вагарна аз имтиҳонҳо гузаштан кори содаву осон нест. Ман аз таҳти дил мехоҳам, ки ту низ мисли духтарони дигар хониву муаллима шавӣ, – гуфтанд падарам бо меҳрубонӣ. 
Баъди ин суҳбат шавқам нисбати ин касб боз бештар шуд ва аз хурсандӣ дар курта нагунҷидам. Вақтро ғанимат шумурда, шабу рӯз тайёрӣ медидам, ба саволҳои озмоиш ҷавоб меҷустам, китоб варақ мезадам. Ҳамон солҳо барои духтарони деҳот падару модарони зиёд чандон имкон намедоданд, ки раванду дар донишгоҳҳо таҳсилро идома диҳанд, соҳиби касбу кор шаванд. Хусусан, духтарони сӯхӣ аз имкони таҳсил маҳрум буданд. Бар иловаи мушкилоти дигар пайдо шудани мушкилоти роҳ ва азияти равуо аз тариқи хоки Қирғизистон ба маркази вилоят ва шаҳрҳои дигар дар амалӣ намудани орзуву ормонҳои духтарони мо монеаи ҷиддӣ эҷод менамуд. Аммо бо иродаи падари меҳрубонам чунин имконият барои ман фароҳам оварда шуд.
Вақте ки имтиҳонҳои хатм ба охир расид, ҷамъомади калон баргузор гардид. Директори мактаб дар фазои мутантан ба дасти ҳар кадоми мо шаҳодатнома супурд. 
Ҳамроҳи падарам ба маркази вилоят рафтем. Дар назди комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Фарғона  одам хеле зиёд буд. Ҳамон рӯз то навбатамон расид, ки рӯз бегоҳ шуд. Танҳо субҳи рӯзи дигар тавонистем, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи таърих супорем.  То рӯзи имтиҳон ҷиддан тайёрӣ дидам ва кӯшиш кардам, ки дар имтиҳони дохилшавӣ холҳои баланд ба даст оварам. Рӯзи имтиҳон фаро расид ва падарам бароям фотиҳа доданд. Дар қатори ҳамтоёнам бо дили пур ба имтиҳон даромадам. Гумон мекунам, ки саволҳои имтиҳон чандон мушкил набуданд ва ба саволҳои зиёд ҷавоби мусбат додам. Бо вуҷуди ин, дар ҳарос будам, ки мабодо аз имтиҳон афтаму дар назди дугонаҳоям шарманда шавам.
Замоне, ки номамро дар феҳристи умумии дохилшудагон хондам, аз шодӣ мегиристаму механдидам. Падарам низ хеле хурсанд шуданд ва аз пешонаам бӯсида, табрикам карданд. Чӣ бахту саодати бузург бароям даст дода буд, ки ба орзуи деринаам расидам  ва аз ин бахту саодат меболидам.
Яке аз устодонам номзади илми таърих Раҳматҷон Арслонзода, чи дар донишгоҳ ва чи дар зиндагӣ бароям роҳи ҳаётро омӯзонидааст. Ҳамеша тақозо мекард, ки ба дарсу машғулиятҳо бо тайёрӣ биёям ва имтиҳону санҷишҳоро бомуваффақият супорам. Ҳамин тавр, соли 1996 курси дуюмро хатм кардам ва барои таътил ба деҳа омадам.
Тибқи таомули мардумамон падару модар духтарҳои худро дар хона муддати дароз нигоҳ намедоранд. Ҳатто духтарашон донишҷӯ бошад ҳам, кӯшиш мекунанд, ки ӯро ба соҳиби сараш супоранд. Ҳамин тариқ, ман низ издивоҷ кардам. Баъд донишгоҳро хатм намуда, бо диплом ба деҳа баргаштам. Ҳамсарам низ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст. Дар як мактаб ҳамроҳ кор мекунем.
Дар ин миён мо соҳиби ду писар шудем. Писари калонӣ ҳоло дар курси дуюми факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекунад. Писари хурдӣ талабаи синфи даҳуми мактаби таҳсилоти умумии рақами 3-юми ноҳия мебошад. Вай низ орзуманд аст, ки мисли ману падараш ва бародараш омӯзгор шавад.
22 сол боз дар мактаб муаллимаам. Имсол барои синфҳои 5-10 аз фанни таърих дарс медиҳам. Кӯшиш мекунам, ки шогирдонам аз дарсҳои ман саводи хуб гиранд. Бо муаллимони дигар маҳфилҳо ташкил мекунем, чорабиниҳои гуногун мегузаронем. 
Чанд сол муқаддам шароити меҳнат ва маоши муаллимон чандон хуб набуд. Аммо бо саъйи сарвари давлатамон сол аз сол шароити кормандони муассисаҳои таълимӣ беҳтар мешавад  ва маош афзоиш меёбад. 
Имсолро Президент Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ унвон намуд. Мо бояд дар ин росто талоши бештар ба харҷ диҳем ва бо эҳсоси масъулият кор кунем, фарзандони мардумро дуруст таълиму тарбия диҳем. 

Гулбаҳор АЙЮБҶОНОВА,
омӯзгори фанни таърихи
мактаби таҳсилоти умумии рақами 3, ноҳияи Сӯх.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: