Яке аз офатҳои табиӣ, ки инсон дар назди он оҷиз аст, заминларза мебошад.
Барои чунин ҳолати нохушро пешгирӣ кардан чӣ бояд кард?
Имзо гардидани Фармони Президент аз 30-юми майи соли равон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани бехавфии сейсмикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» корҳоеро, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, ба зинаи нав хоҳад баровард.
Мардум ҳар гоҳ аз назди бинои муҳташами 12 қабатаи маҳаллаи Ҷӯйисои ноҳияи Самарқанд гузаранд, бо ҳарос сӯйи иншооти ваҳмангез менигаристанд, ки эҳтимоли афтодан дорад.
Пас аз фармони сарвари давлат доир ба пешгирии зилзила ва оқибатҳои он нозирони шуъбаи назорати сохтмони ҳокимияти вилоят ҳолати сейсмикии иншооти мазкурро санҷида ба хулоса омаданд, ки он ба меъёрҳои муқаррарии иморатсозӣ ва техникӣ ҷавобгӯ нест ва ба истифода номувофиқ аст.
– Ҳоло дар вилояти Самарқанд 2088 хонаи бисёрқабата ҳаст ва дар байни онҳо биноҳое ҳастанд, ки корношоям шудаанд. Ана барои чӣ биноҳои то соли 1991 бунёдшуда аз 1-уми октябри соли равон аз рӯйхат мегузаранд ва ҳолати ба заминларза тобоварии онҳо аз ҷониби мутахассисон санҷида мешавад, – мегӯяд вакили идораи хидматрасонии коммуналӣ ба хонаҳои истиқоматии вилоят Дадахон Бозоров. – Дар асоси харитаи роҳ иншооти бисёрқабатаи муҳлати истифодабариашон гузашта вайрон карда мешавад ва барои сохтмони нав иҷозат медиҳем.
Инчунин, дар заминаи фармони Президент дар вилоят фаъолияти стансияҳои пуриқтидор беҳтар хоҳад шуд.
– Пештар заминларза дар фотокоғазҳо қайд шуда бошанд, акнун дар стансияҳо бо асбобҳои замонавӣ ва рақамҳои махсус навишта мешаванд, – иброз дошт сардори стансияи мониторинги сейсмопрогностики Самарқанд Шӯҳратҷон Қувватов. – Ҳамкорӣ бо дигар вилояту ҳамсоякишварҳо мустаҳкам хоҳад шуд. Масалан, чанде пеш дар Афғонистон заминларза рӯй дод, ки мо дараҷаи онро муайян кардем.
Академияи фанҳои Ӯзбекистон бо бюрои сейсмологияи Хитой шартномаи ҳамкорӣ баст. Дар асоси он мутахассисони Хитой барои тайёр кардани кадрҳо ва таъмин кардан бо асбобҳои замонавии сейсмикӣ кӯмак хоҳанд дод.
Умед аст, ки минбаъд барои пешакӣ ҷой ва вақти заминларзаро донистан имконият пайдо мешавад. Охир илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.