Ҳавзҳои кушод, баробари муътадил гардондани иқлим ва ҳаловатбахшӣ, манбаи хавфу хатар низ ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя карда, ҳаётамонро аз офатҳои гуногун ҳифз намудан дар дасти худамон мебошад. Таътили тобистонаи мактаббачагон оғоз меёбад. Табиист, ки онҳо вақти холии худро дар истироҳатгоҳу боғҳо, хонаи хешу табор, дар шаҳр ё деҳа мегузаронанд.
Қоидаҳои оббозиро дар ҳавзҳои об бояд калонсолон ба хурдсолон фаҳмонанд. Дидаем ва шунидаем, ки дар натиҷаи беэътибории падару модарон, надонистани қоидаҳои шиновариву дар ҳавзҳои манъшуда оббозӣ кардан ҳодисаҳои нохуш рух додаанд.
... Гуландом ном ҷавонзан аз ноҳияи Чинози вилояти Тошканд бо духтарчаи чорсолааш, ки сатилча дар даст дошт, аз ҷӯйи калони паси ҳавлӣ ба гулҳо ва дарахтон об мерехтанд. Баъди кашондани се-чор сатил об, Гуландом ҳамсояро мебинад ва ҳарду машғули суҳбат шуда, бехабар мемонанд, ки духтарак ба мақсади об гирифтан ба ҷӯй меафтад. Об ӯро то ҷое мебарад. То бегоҳӣ ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Баъди ба рӯйи об баромадани ҷасадаш ӯро дарёфт мекунанд...
Ё мисоли дигар. Нисфирӯзӣ ҷавонзан писараки дусолаашро барои хобондан ба хона медарорад. Аз писарча пештар худашро хоб мебарад. Писарак ба ҳавлӣ баромада, худро ба ҳавзи дастисохти падараш мепартояд. То аз хоб хестани модараш ӯ аллакай дар об ғарқ шуда буд...
Вазорати вазъиятҳои фавқулодда дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарӣ дар ҳавзҳои обии ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Бино ба гуфтаи роҳбари Саридораи профилактикаи вазъиятҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ Шуҳрат Дадахонов, дар рӯзҳои гарми тобистон хурду калон мехоҳанд дар мавзеъҳои салқину хушбоду ҳаво дам гиранд, дар ҳавзҳо оббозӣ кунанд. Вале афсӯс, на ҳама ба қоидаҳои бехатарӣ риоя мекунанд. Сабабҳои дар об ғарқ шудан мухталифанд. Яке дар ҳолати мастӣ, дигаре ба ҷони худ қасд намуда, сеюмӣ аз бетаҷрибагӣ ва бархе дар ҳавзҳои беназорат оббозӣ карда ғарқ мешаванд.
Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш аз ҷониби масъулони идора доир ба қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳои об 810-то нишонаҳои шартии огоҳкунанда насб гардиданд, 47 манораи нигаҳбон ҷойгир карда шуданд. Ҳавзҳои оби ҳудудҳо даставвал аз сангу хок, сим, оҳан, резаҳои шиша тоза карда мешаванд. Оби онҳо аз санҷиши марказҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронда пас аз он ба истифода супурда мешаванд. Аз соли 2018 то панҷ моҳи соли ҷорӣ дар маҳалҳо 25 семинар ва 1999 суҳбат ташкил, 94 ҳазору 286 огоҳнома паҳн карда шуд.
Оре, «эҳтиёт» – ними ҳаёт» гуфтаанд. Ҳар як шахс бояд худро аз ҳодисаю вазъиятҳои нохуш эҳтиёт кунад.
С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».