ИЛОНСОЙ ДАШТИ МОРОН НЕСТ

дар он инсон зиндагӣ мекунад ва обод месозад

Деҳаи Илонсой, ки дар доманакӯҳи ҳамномаш он ҷой гирифтааст, тобеи маҳаллаи «Наврӯз» мебошад. Охирҳои солҳои 1980-и қарни гузашта дар ин деҳа 60 ҳавлии тозасохти намунавӣ мавҷуд буду дар он 350 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Асоси сокинони деҳаро оилаи кормандони фабрикаи мурғпарварӣ ташкил менамуданд. Аниқтараш фабрикаи мурғпарварӣ, ки сонитар бо номи «Оҳалик-Ломман-Парранда» машҳур шуд, ин мавзейи Илонсойро зистгоҳи кормандони худ қарор дода, барои онҳо хонаву манзилҳои обод бунёд намудааст. Оби нӯшокиву полизӣ ҷорӣ мегашт. Ҳаракати автобусу сабукравҳои мусофиркаш то маркази ноҳия – шаҳраки Хоҷа Аҳрор ва худи Бозори деҳқонии Сиёб ба роҳ монда шуда буд. Сокинони маҳалла аз ин имкониятҳо истифода бурда, пиру барно бо кору бор ва хондан машғул буданд. Шароиташон, ки хуб буд, ҳушу ёдашон ба меҳнатқариниву саводомӯзӣ банд шуд. Вақте ки фабрикаи мурғпарварӣ, аниқтараш «Оҳалик-Ломман-Парранда», ки ҳимоятгари асосии мавзеи Илонсой ва илонсоиён ба шумор мерафт, ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва сонитар ба корхонаи муштарак табдил ёфту Илонсой аз баланси корхона баромад ва ба қавли сокинони ин маҳали доманаи кӯҳ дари имкониятҳо баста шуда, аз он файзу футӯҳ гурехт. Ҳоло аз 350 сокини маҳалла танҳо 158 нафар мондаанду халос. Аз 60 ҳавлӣ танҳо дар 27-тояш одамон зиндагӣ мекунанд ва он ҳам зиндагии бофароғат нест.
Дар деҳа муаммоҳо бисёр. Аммо мушкилоти асосӣ набудани об: ҳам полизиву ҳам нӯшокӣ аст. 
– Чун аз беобӣ азият кашидем, охири соли 2015 бо вуҷуди сармои сахт мардони қишлоқ аз баландии кӯҳаки Илонсой, ки чанд чашма дошт, бо нил (қубур) зиёда аз 3 километр масофаро ба андозаи 1,5-2 метр хандак кофта, об оварданд. Масъалаи об ҳал шуд. Ҳавлиамон ба чаманистон табдил ёфту мардумамон оби мусаффои чашмасор менӯшиданд. Об ки шуд, Илонсой боз ба ободӣ руй овард. Мардум ба таъмири шикасту рехти ҳавливу ҷойи худ машғул гардиданд. Ҳангоме масъалаи роҳ ва нақлиётро ҳал мекарданд, боз муаммои об пайдо шуд. Дар саргаҳи чашмасор, ки мо аз он об оварда будем, замини ду хоҷагии фермерӣ мавҷуд аст. «Роҳбарони корчаллон»-и ин хоҷагиҳои фермерӣ роҳи оби моро бастанд. Ҳавзи калоне кофта, нили обро ба он кушоданд. Акнун роҳати азобу машаққатҳои моро фермерон мебинанд. Дар замоне, ки дар дигар ҷойҳо фермеру соҳибкорон ҳимоятгари аҳолӣ мебошанд, инҳо ҳатто ба мо об доданӣ не. Об неъмати олии Худованд аст. Касе ки роҳи обро баст, ба нӯги нили он мотори барқиро пайваст намуда, аз чашмасор об мекашад, наход барака ёбад?! Наход уболи кӯдаку наврас ва пирони деҳаи Илонсой намегирад, ки ба як ҷуръа об зор ҳастанд. Мешунавем, ки чӯҷаякони фабрикаи мурғпарварӣ касал, тухмҳо палағда мешаванд. Охир роҳбарони ҳамин корхона ҳам ба оби мардуми Илонсой шарик ҳастанд-ку?! Ҳоло ки ба молу мулкашон осеб мерасад, бояд андешаи сиҳҳатмандии мардумро бикунанд, – иброз дошт сокини маҳалла Гавҳар Очилова.
– Дуруст аст, ки мардони мо бо зоғнӯлу табарҳои сангкафон дили кӯҳро шикофта, об оварданд, аммо ҳоло роҳи он баста аст. Мардум аз Илонсой дилхунук шуда, дар марказҳои шаҳру ноҳия манзил сохтанд. Аммо онҳое ки ба ин қишлоқ меҳр мондаанд, фарзанд ба дунё оварда,ба воя расондаанд, бо азоб бошад ҳам, чароғбони илонсоиёнанд. Ҳоло танҳо автобуси 101 ҳаст, ки пагоҳӣ соати 7.30 мардумро аз қишлоқ сӯйи шаҳр мебараду бегоҳӣ соати 16.30-17.00 меорад. Тасаввур кунед, ки касе барои хӯрокворӣ ба шаҳр мераваду бегоҳӣ онро ба хонааш меорад. Калонсолон-ку як илоҷ мекунанд, мактабхону донишҷӯён чӣ? Одатан дар таълимгоҳҳо таҳсил то пешин давом мекунад. Бачаҳо бошанд, то бегоҳӣ дур аз назорати падару модар кӯчагардӣ мекунанд. Вақте ки аз истгоҳи Хоҷа Кафшер ягон мошинро киро карда, ба Илонсой омаданӣ шавед, нархи роҳкирои Самарқанд-Тошкандро мегӯянд. Роҳ дуру нообод аст. Боз масъалаи об аз ҳама душвор аст. Охир дар ҷое, ки об нест, чӣ хел зиндагӣ кардан мумкин?! – бо чашмони пуроб арз дошт Истода Саидбекова.
– Мардуми Илсонсой ҳам аз қонуну қарори ҳукумат бохабаранд. Онҳо низ мехоҳанд бо роҳи фермериву соҳибкорӣ ҳаловати зиндагиашонро хуб намуда, барои ободии қишлоқ ҳиссагузор бошанд. Ҳоло ки Илонсойи мо ба дастури «Деҳаи обод» даромадааст, аз ҳоли мо ҳам хабар мегиранд. Масалан, ҳар ҳафта ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов ин ҷо омада, бо фаъолияти штаби сектори чорум, ки масъулаш идораи андоз аст, шинос мешавад. Роҳҳои ҳалли муаммоҳои моро меҷӯяд. Ба қарибӣ бо саъю кӯшиши ҳукумат барои ободонии манзили мардуми камбизоати Илонсой 3 тонна семент, 2 тонна оҳак, 2 мошин шағал ва 1 мошин реги сурх оварданд. Аммо аз набудани об ҳамаи ин ашёи сохтмон хобидааст. Метарсем, ки оҳак шукуфта, ношоям нашавад. Зеро то об наояд, ин ҷо ягон кор кардан душвор. Зеро сафи беморон ва хушкшавии дарахту майдони зироат меафзояд. Кӯчаву хиёбонҳо хароб мешаванд,– гуфт бо дарду алам сокини маҳалла Исохон Аъзамов. 
– Ман ба умеди тадбиркорӣ аз давлат вом гирифта, мувофиқи фармудаи роҳбарон чӯҷа харидам. Аз беобӣ ҳазорҳо сари ин парранда нобуд шуд. Маҷбур шудам, ки қарзи давлатро бо ҳунари устодиам, ки бо шогирдон мебел месозам, пардозам. Ҳоло дудила ҳастам. Мехоҳам сехи худро ба марказтар бараму фаъолият нишон диҳам, аммо се-чор шогирд ва падару модари онҳо мегӯянд, ки агар устохона баста шавад, ҷавонон бероҳа мешаванд. Боз як ҳамсояи мо Мансур Умаров дар рӯйи ҳавлияш гармхона ташкил намуду майдони полезии помидору бодиринг бунёд кард. Тухмиҳои қиматбаҳоро ба дараҷаи ниҳолак расонида, шинонд. Аммо аз беобӣ садҳо бех парвардаи помидору бодиринг хазон шуд, мегӯяд соҳибкори ҷавон Раҳматҷон Очилов. 
Чун ба даромадгоҳи деҳа расидем, раиси маҳаллаи «Наврӯз» Дилшоджон Ахмедовро дидем, ки  дар назди иншооти оббарории артезианӣ бо устоҳо машғули кор буд. 
– Агар як илоҷ карда, обро бароварда гирем, Илонсой обод мешавад, – иброз дошт ӯ ва афзуд. – Аз он ки дар ин ҷо аз 250-300 метр об мебарояд, мушкилӣ зиёд аст. Шукр, ҳукумати ноҳия бо сарварии ҳоким Шуҳрат Ҷамолов ёрӣ мекунанд. Шояд об ояд. 
Бо раиси маҳалла Д.Ахмедов аз ҳолати шароити зиндагии мардуми Илонсой аз наздик ошно гардида, то майдони сохтмон, ки Ҷамъияти «Евроқурулиш» барои 75 нафар боғчаи бачагона месохт, омадем. 
– Ба мо бо азобе об мерасонанд. Агар муаммои об ҳал шавад, бинои кӯдакистон зуд ва хушсифат бунёд мешавад, – гуфтанд устоҳо.
Дарҳақиқат ранг бину  ҳол пурс гуфтаанд. Ҳоло ҳукумат сӯйи Илонсой ва илонсоиён назари гарм дорад. Шояд муаммоҳои сарбаста, ки аз об сар шуда, ба муаммои роҳ ва нақлиёт мерасад,  ҳалли худро ёбанд. Аммо аз дарсмонии мактабиён хеле ғамангез аст. Ба маҳалҳои «Навобод», «Гулобод», «Наврӯз», «Илонсой» ман масъул ҳастам, – гуфт нозири қитъавии корҳои дохилӣ Азамат Амриев.
Давои ҳар дард сабр ва вақт аст. Илонсой, ки ба дастури давлатии «Деҳаи обод» даромадааст, ҳатман обод мешавад. Вале барои ободии он аз масъулон то сокинон фаъол бояд дар ҳаракат бошанд. Пеш аз ҳама муаммои об, ки аз масъалаҳои ҳаёт ва мамот аст, бояд ҳалли худро ёбад. Боз ба тақдири бачаҳо бепарво шудан ба ҷинояткориҳо роҳ кушодан аст. Наврасе, ки то пешин бо хониш машғул мешавад, то бегоҳӣ бо кӣ мегардад, бо кӣ мешинад, чӣ кор мекунад, чӣ мехӯрад?! Мо ба ин мавзӯъ, албатта бармегардем.   
 
Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: