Ғаниҷон Юсуфов солҳои зиёди умрашро ба соҳаи тандурустӣ ва барқарор намудани саломатии одамон бахшидааст.
Чанд муддат дар шифохонаи марказии хоҷагии ҷамоавии Сӯх аз таҷрибаи духтури варзида ва хоксор Парпибой Ашӯрови равоншод баҳраманд гардидааст. Баъд фаъолияташро дар пункти фелдшерии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистон давом додааст.
Мирзоюсуф Усмонов – падари ӯ бо модараш Энахонмомо соҳиби панҷ писару як духтар шудаанд. Ду писару як духтар дар қайди ҳаётанд. Бародари хурдӣ – Ҳасанхон, ки Донишкадаи омӯзгории шаҳри Лугански Украинаро хатм кардааст, дар мактаби рақами 9 аз фанни забон ва адабиёти рус дарс дода, ҳоло дар нафақа мебошад. Рафоатбибӣ дар иҳотаи фарзандону набераҳо ба сар мебарад.
Писарбузурги Мирзоюсуф – Мирзоҷон солҳои зиёд дар мактаби тоҷикии шаҳраки Ҳайдаркони Қирғизистон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Маҳмадназар низ дар шаҳраки Ҳайдаркон кору зиндагӣ кардааст ва солҳои дароз раиси кумитаи маҳаллаи мардуми тоҷиктабори ин шаҳракро бар дӯш доштааст. Абдуназар зимни адои хизмати аскарӣ ба таври ногаҳонӣ фавтидааст.
Муаллифи ин сатрҳо бо хонаводаи Юсуфовҳо робитаи хешу таборӣ дорам. Бобои Мирзоюсуф амаки модарам мешуданд. Он кас дар солҳои гуруснагии қарни гузашта ба одамони зиёд, аз ҷумла, ба модари ятиму бекаси ман низ дасти ёрӣ дароз кардаанд ва баъд ӯро ба шавҳар додаанд.
Вай фарзандони хубу дидадаро низ тарбия намудааст. Акрамҷон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9 омӯзгор шуда кор мекунад. Ду писар – Авазҷону Адҳамҷон соҳибкор мебошанд. Духтари калонӣ – Гулбар касби шифокориро пеша кардааст. Ду духтар кадбонуҳои хонаанд.
Гуфтагӣ барин, аксари одамони синнашон бузургу миёнаи деҳаҳои Гулистон, Демирсад, Мӯлгон, Хокканак, Обишир бештар ба вай “духтур” гуфта муроҷиат мекунанд. Ғаниҷон Юсуфов мегӯяд, ки чунин муроҷиати атрофиён мояи ифтихораш аст, зеро маҳз аз паси ин касб фарзандонашро хӯрондаву пӯшонидааст ва ба камол расонидааст.
– Чунин зиндагии фаровонро инсонҳои зиёд орзу кардаву ба мурод нарасида, ба дунёи боқӣ реҳлат намудаанд. Падарам солҳои зиёд дар кори колхоз кор кардаанд ва фарзандони худро ҳамеша ба сабру тааммул даъват менамуданд. Он кас мегуфтанд, ки ҳар сахтиву мушкилӣ ибтидову интиҳо дорад ва онро танҳо аз роҳи сабру қаноат бояд паси сар намуд, – ба ёд овард Ғаниҷони духтур.
Шайх Саъдии бузург беҳуда нафармудааст:
Мазан бетаамул ба гуфтор
дам,
Накӯ гӯй, агар дер гӯӣ,
чӣ ғам?!
– Сабр кардем ва акнун бо чашмони сар ин қадар пешравӣ, фаровонӣ, дигаргуниҳоро дида истодаем. Шукргузорӣ ҳам неъмати бузургест. “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол” ном гирифтани соли равон маъноҳои рамзии худро низ дорад. Зеро дар мамлакате, ки қадри шаҳрвандонаш гиромӣ дошта мешавад, чунин мамлакат ҳамеша пеш мераваду тараққӣ мекунад ва одамонаш дар фаровониву амният ба сар мебаранд. Худованд аз ношукрӣ ва носипосӣ нигаҳ дорад! – мегӯяд шифокори бознишаста.
Ғаниҷон Юсуфов охири солҳои шастуми қарни гузашта омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯқандро хатм намудааст. Вай ба маоши фелдшерӣ қаноат карда се писару се духтарро хӯрондаву пӯшонидааст.
– Аз ҳисоби маош ва даромади хоҷагиам сечархаи “Урал” харида будам. Беморони хонагиро ба воситаи он рафта хабар мегирифтам. Барои иҷрои корҳои дигар низ аз ин сечарха истифода мекардам, – иброз медорад ҳамсуҳбати ман.
Ӯ орзу мекард, ки сечархаашро ба чорчарха, яъне мошин табдил кунад, аммо... Вай бо табассуми ба худ хос афзуд, ки “орзуро айб нест”.
– Рӯзе сардухтури шифохонаи марказӣ маро ба наздаш хонд ва гуфт, ки зуд бо як нафар ронанда ба маркази вилоят равам. Он ҷо барои пункти тиббии деҳаи Гулистон мошини хидматии “УАЗ-69” ҷудо кардаанд. Ба гӯшҳоям бовар накардам. Наход ман соҳиби мошини хидматӣ шавам? Иқрор мешавам, ки дар барфу борон мототсиклсаворӣ маро хеле азият медод. Гузашта аз ин, ҳама ҷо торик ва роҳҳо басе ноҳамвору рафтуомад мушкил буд, – мегӯяд Юсуфов.
– Дигар на аз боду борон ҳарос доштам ва на аз нимашаб ба хонаи беморе равуо кардан, – бо ҳамон хушнудӣ илова намуд ӯ.
Ғ. Юсуфов зимни суҳбат якбора ба як нукта нигоҳ кардаву ба дарёи пуртуғёни фикр ғӯта зад. Ҳувайдо буд, ки дар як гӯшаи қалби ӯ рози нуҳуфтае ниҳон аст, вале изҳори он барояш шояд кори саҳл набуд.
Оре, ин розро вай оҳиста ба забон овард. Ба гуфтаи ӯ марги ҳамсараш, ки хеле дӯсташ медошту ҳозир буд барои барқарории саломатии ӯ тамоми хонумонашро сарф кунад, вале натавонист ва беморӣ кори худашро кард.
– Дарк намудам, ки аз бемории саратон наҷот пайдо кардан кори осон нест. Бо вуҷуди ин кӯшиш кардам, вале ҳамааш зоеъ рафт. Ин дунёро тарк намудани ҳамсарам замоне рух дод, ки дар 55 солагӣ ба нафақа мебаромад. Мебоист аз давлати пирӣ баҳраҳо мебурд, зеро зиндагиамон хеле беҳтар шудаву писарони корчаллонам кӯмакрасон шуда буданд. Дар ҳамон рӯзҳои барои аъзои хонаводаам басо вазнин мекӯшидам, ки худро орому осуда вонамуд кунам.
Ғаниҷон Юсуфов яке аз шахсони шоёни ҳурмати ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Гулистон” мебошад. Дар маъракаҳо нисбати вай эҳтироми хос мегузоранд.
Ғаниҷон Юсуфов гуфт, ки шаҳр ва деҳаҳои мамлакат ободу зебо мешаванд. Ҳоло дар кишвар барои коҳиши камбизоатӣ тадобири хос пиёда мегардад. Сафи бекорон, муҳоҷирони корӣ низ оҳиста рӯ ба коҳиш овардааст, ки онро ҳамчун фоли нек метавон арзёбӣ намуд.
– Ба наздикӣ раиси маҳаллаамон Исоҷон Кабиров, ки хеле марди дидадаро аст, ба наздам даромад ва гуфт, ки роҳҳои дохили деҳ саросар мумфарш мегарданд. Ростӣ, аввал ба ин ҳарфҳои ӯ боварам наомад. Вақте ки ба кӯча баромадам, дидам, ки роҳҳои маҳалла шиша барин ҳамвор шудааст, – гуфт вай.
Оре, Президент ба мардуми ноҳияи Сӯх эътибори хоса медиҳад. Ду сол муқаддам вай як қарори муҳимро дар бораи инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия содир намуд ва бар асоси он дар саросари ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
– Аз ин раванди кор мо, мӯйсафедон хеле хурсандем. Минбаъд низ ноҳияи мо тараққӣ хоҳад кард, давлат ва ҳукумат орзуву ормонҳои мардуми моро бароварда хоҳанд сохт. Кӣ мегуфт, ки аз маркази вилоят ба ноҳия парвозҳои ҳавопаймо ба роҳ монда мешаванд ва нафари дилхоҳ аз ин роҳи ҳавоӣ худро ба ноҳия ё маркази вилоят мерасонад. Ҳамаи ин мисли афсона менамояд, вале он ҳақиқат аст, бале, ҳақиқат! – бо ифтихор мегӯяд Ғ. Юсуфов.
Фарзандон бо падари худ ифтихор мекунанд ва ҳамеша аз аҳволи ӯ хабар мегиранд.
– Дар арафаи хатми мактаби миёна ба хонаамон хостгорон омаданд. Падарам аз модарам, ки он вақт дар қайди ҳаёт буданд, пурсидаанд, ки “Духтарамон таҳсилро давом доданист ё вайро ба шавҳар медиҳем?”. Модарам посух додаанд, ки духтарашон пайрави падар шуданист. Барои ҳамин маро ба шаҳри Қӯқанд роҳбаладӣ кунанд, то аз имтиҳонҳои қабул дер намонам. Ана ҳамин тавр, ман пайрави кори падарам шудам. Илоҳо, умрашон дароз бод! – мегӯяд Гулбари ҳамшира.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.