«ИЛТИМОС, ДУ ҲАЗОР СӮМ ДИҲЕД!»

«Холаҷон, хонемба се бачи гушнем ҳай. Пул тейед. Ягон чиз харам».

«Амак, аз район омада будам. Хона рафтанамба пулам намонд. Илтимос, барои автобус 2000 сӯм диҳед».
«Акаҷон, чақалоқи думоҳаам касал. Барои дору пулам нест, ёрдам кунед».
«Бобоҷон, ду рӯзас ҳеҷ чӣ нахӯрдаам. Гушнаам. Барои нон пул тед».
Пештар чунин дархости талбандаҳо кам ба гӯш мерасид. Илова бар ин, бо чунин касон аҳён-аҳён рӯ ба рӯ меомадему қисми асосии онҳо аз қавми лӯлӣ буданд, ки тарзи зиндагиашон чунин аст. Мутаассифона, солҳои охир дар минтақаҳои гуногун, бахусус, маркази шаҳру ноҳияҳо касоне, ки тани сиҳату солим доранд ва қобили меҳнат ҳастанд, рӯ ба талбандагӣ овардаанд. Ҳатто дар байни онҳо мардҳоеро мебинем, ки ба таъбире, кӯҳро зананд, талқон мешавад. Аммо онҳо пардаи шарми рӯйро даронда, мехоҳанд пули бедардимиён ба даст оваранд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънӣ хеле бамаврид фармудааст:

Баҳри савдое, ки дар сар доштанд,

Пардаи шарм аз миён бардоштанд.

Инчунин, бонувоне талбандагӣ мекунанд, ки имкони ҳунаромӯзӣ ва бо кори шоиста обод кардани оилаеро доранд. Онҳо бештар дар кӯчаву бозор, чойхонаю ошхона, тарабхонаву беморхона, масҷиду истгоҳҳо, яъне манзилу маконҳои серодам мегарданд. Аксар бонувон ба кӯдакони худ либосҳои ҷанда пӯшонида, онҳоро дар паҳлӯ ва бағал гирифта мешинанд, аз ҳар як роҳгузар бо ваҷҳу баҳонаҳои гуногун садақа мепурсанд. Сад афсӯс, ки ҳоло дар байни чинин талбандаҳо бачаҳои синни мактабӣ ҳам афзудаанд. Онҳо худро фақиру бечораҳол вонамуд карда, беибоёна садақа металабанд.

– Афзудани шумораи чунин талбандаҳо бо як қатор омилҳо вобаста аст, – гуфт узви Ассотсиатсияи психологҳои Ӯзбекистон, рӯҳшиноси оилавӣ Шоира Исоқова. – Яке аз омилҳои асосӣ, бо раванди таълиму тарбия дар муҳити хонавода ҳамбастагӣ дорад. Аксар волидон ба таълиму тарбия, иштироки фарзандонашон дар ҷараёни дарсву фанҳоро аз худ кардани онҳо бепарвоянд. Ғайр аз ин, наметавонем бигӯем, ки ҳамаи кӯдакон ақлан солиманд. Дар руҳият ва инкишофи зеҳнии баъзе аз онҳо нуқсонҳо мавҷуд аст. Дар аксар маврид маҳз чунин афрод, яъне онҳое, ки дар мактаб нағз нахондаанд, ҳунаре надоранд ё худ душвортарбия ҳастанду дар зеҳнашон нуқсе ҳаст, ба чунин амали номақбул даст мезананд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар психология истилоҳи рафтори девиантӣ мавҷуд аст, ки бевосита ба тарбия марбут мебошад. Девиантӣ худ аз калимаи лотинии «deviantion» гирифта шуда, маънои «берун баромадан, дур рафтан аз меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа»-ро дорад. Яъне берун рафтан аз меъёри иҷтимоӣ ё итоат накардани одамон ба меъёрҳои муайяншудаи ҷомеа, ташкилот, институт ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Масалан, дар наврасон риоя накардан ба меъёрҳои ахлоқӣ, мисли беэҳтиромӣ нисбати пиронсолон, кӯчагардӣ, майзадагӣ, хоҳиши тезтар сарватманд шудану бештар пул ёфтан пайдо мегардад. Аксар падару модарон дар рафтори фарзандони худ чунин дигаргуниҳоро мебинанд, аммо беэътиборӣ мекунанд. «Гузашта меравад», «нағз мешавад», «шӯхии бачагида» гуфта, ба мутахассис, эндокринолог, рӯҳшиносу равоншиносон муроҷиат намекунанд. Дар тарбияи онҳо роҳу равишеро кор мебаранд, ки волидонашон нисбати онҳо истифода бурдаанд. Тағйироти замон, руҳияти кӯдаконро ба ҳисоб намегиранд. Ҳангоми ташаккули руҳияти бачагон, масалан дар раванди инкишофи зеҳнӣ, эҳсосӣ ва руҳии эшон гоҳо нуқсонҳое пайдо мешаванд, ки онҳоро бидуни маслиҳати мухатассис муайян ва пешгирӣ кардан имконнопазир аст.

Шоира Исоқова таъкид кард, ки ҳоло дар ҳар як муассисаи таълимӣ психологҳо фаъолият доранд. Лекин бо вуҷуди ин, аксари ҷавононе, ки талбандагӣ мекунанд, ё ба ҳамин роҳ рафтаанд, маҳз дар мактаб таҳсил гирифтаанд. Ин ҳолат дар натиҷаи беэътиборӣ ва сари вақт дарнаёфтани роҳи ҳалли мушкилот ба миён меояд. 

– Гоҳо худам ҳам дар даромадгоҳҳои метро занони солимеро мебинам, ки кӯдаки худро дар оғӯш гирифта, «сето бачам ҳаст, дар хона барои хӯрдан нон надорам» гуфта, пул мепурсанд, – илова кард Шоира Исоқова. – Дар ҳоле ки имрӯз барои зан ва духтарон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд. Масалан, худи онҳо метавонанд ҳунар омӯзанд, ҷои нави корӣ ташкил кунанд. Имконият ҳаст, лекин онҳо ба садақаталабӣ одат ва талбандагиро барои худ касб кардаанд. Ҳатто падару модароне ёфт мешаванд, ки фарзанди мактабхони худро «пул ёфта биёр» гуфта, аз хона берун мекунанд. Наврасони бечора барои пулёбӣ худро ба ҳар сӯ мезананд. Яке хурӯсқанд мефурӯшад, дигаре яхмос, сеюмӣ бошад, ноилоҷ талбандагӣ мекунад. Падару модарон бо ин амали худ на танҳо вақти донишандӯзӣ, ҳунаромӯзии фарзандонашонро медузданд, балки боз бачагии онҳоро талаф мекунанд.

Омили дигаре, ки боиси зиёд шудани чунин талбандаҳо мегардад, бепарвоии одамони гирду атроф мебошад. Агар нафаре дар ҳаёт роҳгум занад, маслиҳатгаре нест, ки ба ӯ роҳнамоӣ кунад. Яъне мо ба ҳаёт, мушкилот ва дарду ғами атрофиёни худ беэътиборем. Набояд фаромӯш кард, ки на ҳама ба ҳаёти иҷтимоӣ як хел мувофиқ шуда метавонад. Нафароне ҳастанд, ки дар ин раванд бо мушкилӣ рӯ ба рӯ меоянд. Онҳо низ мехоҳанд зиндагӣ кунанд, рӯзӣ ба даст оранд, хӯрок хӯранд, либос пӯшанд. Гоҳо маҳз барои қонеъ кардани ҳамин эҳтиёҷоташон, маҷбуранд чунин роҳро пеш гиранд.

Воқеан, дар байни чунин талбандаҳо нафароне низ ҳастанд, ки аз муҳтоҷӣ, ноилоҷӣ ва маҷбурӣ ба ин амал даст задаанд. Аммо бояд гуфт, ки фиребгару қаллобон бештаранд. Онҳо рӯзи дароз садақа металабанд, вале вақти бозгашт, бо автомобили замонавӣ ё таксӣ ба хона бармегарданд. Сад афсӯс, ки ба «шарофат»-и фиреби чунин ҳиласозҳо, одамони воқеан ночор аз кумаку ғамхории атрофиён бенасиб мемонанд. Мардум дар симои онҳо низ фиребкоронро мебинанд ва аз хайру эҳсон даст мекашанд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: