Дар наздикии шаҳри Ақтауи Қазоқистон ҳавопаймои мусофирбари марбут ба ширкати "Озарбойҷон ҳаво йӯллари" суқут карда, боиси марги ҳадди ақал 38 нафар шуд.
Мақомоти Қазоқистон хабар медиҳанд, ки дар ҳавопаймо шаҳрвандони чор кишвар ҳузур доштанд: 42 нафар аз Озарбойҷон, 16 нафар аз Русия, 6 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Қирғизистон. 32 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, ки зинда монданд, ба бемористон интиқол дода шуданд. Ҳолати аксари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои агентии хабарии русии “Интерфакс”, ки бо истинод ба ходимони фавқулодаи маҳаллӣ хабар дод, дар садама ҳар ду сарнишин низ ҳалок шудаанд.
"Ҳодиса дар натиҷаи вазъияти фавқулода, ки пас аз бархӯрдани паррандаҳо ба ҳавопаймо ба вуҷуд омад, рух дод," — хабар доданд мақомотҳои назорати авиатсионии Русия.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо бинобар тумани ғализ дар Грозний ва масири пешбинишуда аз масири аслии худ хориҷ шуда, маҷбур ба фуруд омадани изтирорӣ шудааст. Сомонаҳои назораткунандаи парвозҳо қайд карданд, ки ҳавопаймо пеш аз ғайб заданаш дар соҳили ғарбии Қазоқистон дар самти шимол парвоз мекард. Сипас он дар соҳили шарқӣ пайдо шуда, дар наздикии фурудгоҳи Ақтау чарх зада, ниҳоят суқут кардааст.
Ба иттилои расонаҳо, фурудгоҳи наздиктарин дар Русия — Махачқалъа бинобар фаъол будани дронҳо баста буд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор дошт, ки сабабҳои суқут то ҳол номаълуманд ва назарияҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аммо ӯ аз шарҳи онҳо худдорӣ кард.
"Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои марбут ба суқут мавҷуданд, ки онҳоро ҳар кас дида метавонад. Вале сабабҳои суқут то ҳол барои мо маълум нестанд. Назарияҳои мухталиф мавҷуданд, аммо ман фикр мекунам, ки муҳокимаи онҳо ҳанӯз барвақт аст," — гуфт президенти Озарбойҷон.
Ширкати "Озарбойҷон ҳаво йӯллари" эълом кард, ки ҳамаи хатсайрҳои миёни Боку ва Грозний, инчунин Боку ва Махачқалоро то анҷоми тафтишот қатъ мекунад.
Илҳом Алиев рӯзи 26 декабрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Ба гуфтаи ӯ, ӯ ҳангоми парвоз ба Русия аз суқут огоҳ шудааст.
"Ман фавран ба ҳавопаймо супориш додам, ки ба Боку баргардад," — гуфт Алиев дар изҳороте, ки аз ҷониби дафтари матбуоти ӯ паҳн шуд.
Мақомоти Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия эълом карданд, ки таҳқиқоти садама идома доранд. Гурӯҳи таҳқиқотӣ таҳти роҳбарии муовини Прокурори генералии Озарбойҷон ба Қазоқистон фиристода шудааст ва дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад.
Дар изҳороти худ Алиев гуфт, ки дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҷомеаи Озарбойҷон доимо аз ҷараёни тафтишот хабардор хоҳад шуд. Дар Қазоқистон комиссияи давлатӣ барои омӯзиши сабабҳои суқут, расонидани кӯмак ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ва захмиён таъсис дода шудааст.
Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймо, "Embraer" аз Бразилия, изҳор дошт, ки барои ҳамкорӣ ва кумак бобати дархостҳои зарурӣ омода аст.