Ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон муовини раиси Шӯрои Федератсияи (палатаи болоии) Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Илёс УМАХАНОВ ба роҳбарият ва мардуми мамлакати мо табрикоти самимӣ фиристод.
Ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон муовини раиси Шӯрои Федератсияи (палатаи болоии) Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Илёс УМАХАНОВ ба роҳбарият ва мардуми мамлакати мо табрикоти самимӣ фиристод.
–Мӯҳтарам шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯстони азиз!
Ман аз номи Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко тамоми корпуси сенаторон ва шахсан аз номи худам роҳбарият ва тамоми ӯзбекистониёнро бо 28-умин солгарди қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик менамоям.
Дар ҷараёни тайёркунӣ ва қабули Конститутсия кори ҷиддӣ ва васеъмиқёс ба вуқӯъ пайваст. Ғояи зарурати таҳияи он дар моҳи июни соли 1990 дар сессияи II Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон садо дод. Дар тӯли ду сол олимон, коршиносон, ҳуқуқшиносон, вакилон ва сиёсатмадорони намоён дар болои матни ҳуҷҷати асосии кишвар кор карданд. Марҳилаи муҳимтарини омодасозии лоиҳаи Конститутсияи Ӯзбекистон муҳокимаи дарозмуддати ҳамаҷонибаи он дар соли 1992 буд, ки дар давоми он ба матни лоиҳаи ҳуҷҷати муҳимтарини миллӣ беш аз шаш ҳазор пешниҳод ворид карда шуд.
Ғояи асосии Конститутсияи амалкунандаи Ӯзбекистон эътирофи шахс ҳамчун арзиши олии давлат мебошад ва ҳадафи асосии он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъмин намудани зиндагии шоиста, имконияти иштироки фаъолона дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.
Ва ин Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро санади қонунгузорӣ месозад, ки ба орзуву омоли мардуми Ӯзбекистон комилан ҷавобгӯ ва ба талаботи олии демократӣ мувофиқат кунад.
28 соли фаъолияти он ба таври эътимодбахш исбот мекунад, ки дар Ӯзбекистон ҷомеаи пурзӯри шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқии демократӣ ба иҷтимоёт нигарондашуда пайваста ташаккул меёбад.
Конститутсияи Ӯзбекистон барои рушди минбаъдаи кишвар, таҳкими иқтисодиёт ва таъмини афзоиши некӯаҳволии сокинон заминаи мустаҳкам гузошт.
Русия дигаргуниҳои демократиеро, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд, ҳамеша дастгирӣ мекунад. Ва дар солҳои охир, ҳамкории кишварҳои мо дар ҳама соҳаҳо рӯ ба ишкишоф ниҳодааст. Аз бисёр ҷиҳат ин бештар ба туфайли пешвоёни давлатҳои мо — Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев ба амал меояд. Муносибатҳои боэътимод ва рӯҳи қатъии ба натиҷаҳо ноил шудани онҳо оғози марҳилаи нави рушди муносибатҳои Русия ва Ӯзбекистон гардида, ба онҳо такони қавӣ бахшиданд.
Асосҳои мустаҳками ҳамкорӣ, ки президентҳои мо дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, ба принсип ва меъёрҳои конститутсионӣ амал карда гузаштанд, бештар хусусияти муколамаи байни парлумони моро муайян мекунанд. Робитаҳои парлумонӣ, ҳамкории зич дар соҳаи қонунгузорӣ, ҳамчун идомаи таъмини меъёрҳои дар конститутсияҳои давлатҳои мо пешбинишуда, низ нақши махсус доранд. Дар муносибатҳои Русияву Ӯзбекистон ин унсури муҳим, унсури такягоҳи мустаҳкам аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба сол аз сол рушд мекунанд.
Имрӯз, дар шароити даъватҳо ва таҳдидҳои нав, нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун яке аз василаҳои муҳими сиёсати хориҷии давлат меафзояд. Ин ҳамкорӣ ба таъмини соҳибихтиёрии ҳақиқӣ ва субот дар минтақа нигаронида шудааст. Ҳамкории парлумонӣ ба рушди мавқеъҳои умумӣ оид ба мушкилоти шадиди байналмилалӣ дар асоси баррасии манфиатҳои якдигар мусоидат мекунад.
Боварӣ дорам, ки таърихи муштарак, дӯстӣ ва рӯҳияи корофарии мо калиди рушди минбаъдаи бомуваффақияти ҳамкориҳои Русияву Ӯзбекистон мебошад.
Дар навбати худ, ман итминон дода метавонам, ки Шӯрои Федератсия ҳамчун палатаи минтақаҳо барои таҳким ва тавсеаи робитаҳои байни давлатҳои мо ҳама чизи заруриро хоҳад кард.
Иҷозат диҳед дар ин рӯзи фархунда ба халқи бародари Ӯзбекистон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои нақшаҳои пешбинишудае, ки шукуфоии минбаъдаи кишварро таъмин мекунанд, муваффақият орзу кунам.
АИ «Дунё».