ИМА ПЕШРАВИИ МАМЛАКАТАМОНРО ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ МЕҲНАТИ ШАҲРВАНДОН ЭЪТИРОФ МЕНАМОЯД ВА БАРОИ ИСТЕҲСОЛГАРОНИ ПАХТАИ ӮЗБЕКИСТОН ПЕШОМАДҲОИ НАВРО МЕКУШОЯД

Дар маърӯзаи солона оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати бачаҳо барои соли 2017-ум, ки 20 сентябри соли 2018 эълон шудааст, Вазорати меҳнати ИМА Ӯзбекистонро аз ҷойи чорум ба дуввум бардошт.

Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнат ба тоифаи «мамлакатҳое, ки дар онҳо бино бар баъзе ҷанбаҳои ба бо қонунгузорӣ ба танзим овардан, ба кор бурдани ҳуқуқ, мутобиқсозии саъю ҳаракат, сиёсати ҳукумат ва барномаҳои иҷтимоӣ алоқаманд чораҳои назаррас андешида шудааст» ворид шуд.
Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки якбора ба ду зина бардоштани мамлакат бо он вобаста аст, ки ҳукумат бино бар барҳам додани меҳнати маҷбурии бачаҳо ҳангоми ҷамъоварии пахта чораҳои қатъӣ андешидааст. Идораҳои Амрико ба натиҷаҳои низоми мониторинг аз ҷониби созмони байналхалқии меҳнат, ҳукумат ва ҳимоякунандагони мустақили ҳуқуқ такя намуда, пурра барҳам дода шудани мунтазам ба ҷамъоварии пахта ҷалб намудани бачаҳоро эътироф кард.
Дар маърӯза, ки чорабиниҳои аз ҷониби ҳукумат дар соли 2017 андешидашударо равшан менамояд, созмон дода шудани Комиссияи парлумонӣ оид ба масъалаҳои таъмин кардани ҳуқуқи меҳнати шаҳрвандон, ки фаъолияти он ба пешгирӣ намудан ва решакан кардани меҳнати бачагона ва маҷбурӣ нигаронда шудааст, қайд гардид.
Инчунин дар байни комёбиҳои Ӯзбекистон коркард ва татбиқи пайвастаи нақша бино бар навсозии сектори кишоварзӣ, ки диверсификатсияи зироат, коҳиш додани кишти пахта, афзун гардондани нархи хариди пахта, инчунин механиконии ҷамъоварии онро пешбинӣ менамояд, алоҳида қайд гардиданд.
Бори аввал аз соли 2009-ум аз ҷониби идораҳои амрикоӣ пахтаи дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда аз «руйхати молҳои бо истифодаи меҳнати бачаҳо истеҳсолшуда» хориҷ карда шуд.
Қарорҳои мазкур на танҳо эътирофи навбатии комёбии мамлакатамон дар соҳаи таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандон гардид, балки он барои ба бозорҳои ИМА ворид намудани пахтаи Ӯзбекистон истиқболҳои навро боз менамояд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки пештар аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маърӯза дар бораи вазъият бо савдои одам дар соли 2017 эълон шуда, дар он Ӯзбекистон барои пешрафти назаррас дар барҳам додани меҳнати бачагона ва маҷбурӣ аз тоифаи сеюм ба тоифаи дуюм  гузаронда шуда буд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: