ИМКОНИ НАВБАТӢ БАРОИ ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ СӮХ

Тибқи талабу дархостҳои як гурӯҳ ҷавонони сӯхӣ, ки дар донишгоҳҳои мухталифи кишварҳои ҳамҷавор таҳсил кардаанд, дар толори литсейи академии рақами 1-уми ноҳия имтиҳонҳои тест ва сӯҳбат баргузор шуд.

Дар он мутахассисони Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ,  Инспексияи давлатии таълими вилоят ва як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии Фарғона даъват карда шуданд. 
–Имрӯз дар ин ҷо 81 нафар ҷавонони сӯхӣ барои имтиҳонсупорӣ омадаанд. Онҳо ҳуҷҷатҳои худро аз тариқи агентии хизматҳои давлатӣ расмӣ кунондаанд. Баъд аз сипарӣ шудани имтиҳонҳои тест ва сӯҳбат дипломҳояшон мавриди эътироф қарор мегардад ва аз рӯи тахассус машғули фаъолият хоҳанд шуд. Маълум аст, ки онҳо ба далели тасдиқ нашудани дипломашон муддати дароз аз ҳақи шомил шудан ба кор маҳрум карда шудаанд, – гуфт мудири шуъбаи Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ Низомиддин Ишонқулов.
Ба гуфтаи мавсуф мақсади асосии роҳандозии имтиҳонҳои тестии сайёр ва сӯҳбат аз ҳамин иборат аст, ки ин теъдоди ҷавонони сӯхӣ дар ноҳияе зиндагӣ мекунанд, ки  аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гаштааст ва барои ба пойтахти кишвар – шаҳри Тошканд равуо кардани онҳо чанд монеа бояд тай шаванд. Низомиддин Ишонқулов тазаккур дод, ки гузашта аз ин зимни ҳар як сафар ба шаҳри Тошканд ин ҷавонон маблағҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. 
Тавре ки Н. Ишонқулов боз таъкид кард, акнун бо қарори вижаи Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ ба ҷавонони сӯхӣ имкон фароҳам оварда шуд, ки бевосита дар зодгоҳи худ имтиҳони тестро супоранд ва аз суҳбати мутахассисон гузаранд
–Ин ҷо як нуктаи басо муҳим низ бояд гуфта шавад. Яъне баъзе ҷавонони ин ё он донишгоҳҳои хориҷиро хатмнамуда шояд  дар ҷараёни супоридани имтиҳонҳои тест ва ё сӯҳбат забони ӯзбекиро чандон  дуруст надонанд. Барои ҳамин бархе аз аъзои гурӯҳи кории мо маҳз устодони тоҷиктаборанд.  Онҳо дар шарҳу тавзеҳи баъзе саволҳое, ки метавонад барои тестсупорандагон фаҳмо набошанд ва мушкил эҷод намоянд, дасти кӯмак дароз мекунанд, – гуфт сармутахассиси Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ Нигинахон Шермуҳаммедова.
– Банда шифокор ҳастам ва дар кафедраи дорушиносии клиникаи марказии шаҳри Самарқанд вазифа анҷом медиҳам. Ба ин ҷо барои ширкат дар имтиҳонҳои тест ва аз суҳбат гузаронидани ҷавононе муваззаф ҳастам, ки онҳо дар риштаи тиббиёт таҳсил кардаанд. Аз онҳо чизи зиёд тақозо намешавад. Онҳо танҳо ба саволҳое посух хоҳанд дод, ки бевосита ба ихтисоси онҳо тааллуқ доранд. Ҳамчунин, роҷеъ ба маҳорат ва малакаи тиббӣ онҳоро лозим меояд, ки баъди супурдани имтиҳони тест аз суҳбат низ гузаранд, – мегӯяд Дилором Шукурова.
Дар ҷараёни имтиҳонҳои тест ва аз суҳбат гузаштани даъвогарон дотсентони кафедраҳои биология ва таърихи Донишгоҳи давлатии Фарғона Аъзамҷон Гадоев ва Раҳматҷон Арслонзода низ ширкат карданд ва дониши назариявию ва  маҳорати ҷавонони ноҳияи Сӯхро хеле хуб арзёбӣ карданд. Аксари ҷавонони сӯхӣ нишон дода тавонистанд, ки дипломи онҳо тақаллубӣ нестанд, бар ивази шавқу завқ ва таҳсили солҳои дароз соҳиб шудаанд.  
Ногуфта намонад, ки тасмими Маркази давлатии тести ҷумҳурӣ ва дар ноҳияи дурдасти Сӯх баргузор намудани имтиҳонгирии сайёр даҳҳо миллион  сӯм маблағи ин ҷавононро сарфа намуд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: