ИМКОНИЯТ БАРОИ ИНВЕСТОРОНИ ХОРИҶӢ

Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ сол ба сол густариш меёбад.

Яке аз самти пешравии иқтисод ҷалб кардани инвесторони хориҷӣ аст.
Масалан, танҳо дар вилояти Самарқанд дар соли равон ба амал баровардани 786 лоиҳаи инвеститсионӣ бо арзиши беш аз 11 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Боиси хушнудист, ки аллакай 129 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба вилояти Самарқанд ворид гардид, ки дар натиҷа 20 ҳазор нафар бо меҳнати доимӣ банд шуданд.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 410 ширкатҳои хориҷӣ ба миқдори 275 миллион доллар маҳсулоти худро ба 49 мамлакати ҷаҳон ирсол намуданд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Чин хонум Ли  Хиангрун  чор сол боз дар Самарқанд зиндагӣ мекунад ва бо корҳои тадбиркорӣ машғул аст.
Воқеан, ӯ ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо бо фармони сарвари давлатамон бо ордени «Дӯстлик» сарфароз шудааст, ки вай барои мустаҳкам намудани дӯстии Ӯзбекистону давлати Чин саҳми арзанда гузоштааст.
— Аз соли 2018 ҳаёти камина бо Ӯзбекистон  вобаста буда, маҳсулотҳои металл профил истеҳсол мекунем, — гуфт хонум Ли Хиангрун, — сипосгузорам аз роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои  ҳамкориҳои ҳамаҷониба шарастӣ зиёд фароҳам овардааст .
Аҷибаш он аст, ки меҳнати хоксоронаи ман  аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қадрёбӣ шуд. Аз имконият истифода бурда, ба Президент Шавкат Мирзиёев арзи сипос менамоям.
Минбаъд низ барои ривоҷи ҳамкорӣ саҳмгузор мешавам. 
Дар Самарқанд  дӯстии халқҳо мустаҳкам, ки ин дар маъракаҳои мардуми таҳҷоӣ мушоҳида мешавад. Масалан, тоҷикон, ӯзбекон, арабҳо, русҳо ва халқҳои ба миллати мо мансуб дар паси як дастархон нишаста, сӯҳбати дилнишину самимӣ ташкил менамоянд.
Ба корхонаи ман дар минтақаи Хишрав, ки марказаш Нурафшон аст, қариб 5 миллион доллар инвеститсияи хориҷӣ ворид гардид. Муҳимаш, 170 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Аз садорати омор фаҳмидам, ки дар вилояти Самарқанд 70 адад корхонаҳои муштараки Ӯзбекистону Чин ташкил шудааст.
Мо ба кори  инвестерони хориҷӣ комёбиҳои нав таманно дорем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: