Чанде пеш дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ бахшида ба ҷашни фаннии таълими касбӣ бо иштироки шаш мактаби ҳудуди ноҳия семинар-тадбири таълимӣ баргузор гардид.
Ногуфта намонад, ки фанни таълими касбӣ то ибтидои соли хониши нав дар коллеҷҳои минтақа таълим дода мешуд. Пас аз он ки дар мактабҳо таълими ёздаҳсола ҷорӣ гардид, ин намуди фан барои омӯхтан ба мактабҳо гузаронда шуд. Бинобар ин таълими фанни нав дар мактабҳо аз омӯзгорони ихтисосманд масъулият ва нигоҳи амиқу тозаро тақозо мекунад. Ин аст, ки бо мақсади пурратар ва комилтар омӯзонидани фанни мазкур дар ҳудуди ноҳия нисбат ба мутасаддиёни ин соҳа ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, барои тарзи замонавии ташкили дарсҳо ҳамаи кабинетҳои фанни мазкур бо кулли анҷоми замонавӣ ва техникӣ таъмин мегарданд.
Бо мақсади таҷрибаомӯзӣ дар мактаби номбурда семинари касбӣ ташкил карда шуд. Дар он намояндагони мактабҳои тоҷикии 43, 21 ва 30, мактабҳои қазоқии 35 ва 23, инчунин мактаби ӯзбекии 32-юм иштирок намуданд. Қаблан, маводи коркарди талабагони синфҳои ёздаҳум аз рӯйи кашида, қуроқ, ҷомадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва ғайра намоиш дода шуд. Ҳамчунин, бо дарназардошти анъанаҳои миллию қадимӣ анҷомҳои аз тарафи хонандагони синфҳои 10-11-уми мактабҳои ҳамсоя дӯхташуда низ ба намоиш гузошта шуданд. Сониян, вобаста ба ҷараёни семинар дар синфҳои мазкур дарси кушоди яксоата ба роҳ монда шуд. Иштирокчиёни семинар ба дарси муаллими таълими касбии мактаби рақами 30-юм Амон Қӯзиев баҳои арзанда доданд.
Азбаски усули таълими фанни мазкур дар мактаб барои писарону духтарон дар алоҳидагӣ ба роҳ монда шудааст, бинобар ин дарси намунавии омӯзгори ҷавон Абдуғаффор Қурбонов дар мавзӯи «Видеопроектор ва намудҳои он» низ барои писарбачагон таҳти муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифт. Дарс бо усули ноанъанавӣ ба роҳ монда шуда буд. Муаллим зимни фаҳмондани дарси нав аз воситаҳои фаровони техникӣ истифода бурд. Маълум буд, ки ҷараёнҳои дарси кушод писанди ҳамагон гардид. Талабагони зуккову чаққон дар як муддати кӯтоҳ бо баромадҳои хеш аҳли маҷлисро хушнуд гардониданд. Сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қазоқӣ садо доданд.
– Ман ҳаргиз гумон надоштам, ки семинар бо чунин рӯҳбаландӣ гузаронида мешавад, зеро ин фан дар ҷараёни таълими мактабҳо фанни нав аст, аммо мебинам, ки дар як мактаби хурдакаки кӯҳистон чӣ гуна хуб онро талабагон аз худ намудаанд, – гуфт равоншиноси мактаби рақами 32-юм Эркин Кубаев.
С. ҲИКМАТ,
Д. ҚӮЗИЕВ,
омӯзгорони мактаби таълими умумии рақами 30-юми ноҳияи Нурато.
Вилояти НАВОӢ.