ИМКОНИЯТЕ, КИ ДАР ТАЪРИХИ СОҲИБКОРӢ НАБУД

Барои мустақиман инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар кардани фаровонҳолии аҳолӣ тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ торафт мавқеи муҳим пайдо мекунанд.

Барои мустақиман инкишоф додани иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар кардани фаровонҳолии аҳолӣ тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ торафт мавқеи муҳим пайдо мекунанд. Дар соҳаҳои мазкур беш аз 5 миллион аҳолӣ, бахусус ҷавонон кор карда, ба пешрафти мамлакат ва рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.
То ба қарибӣ бинобар он ки аксаран шартҳои шартнома бо бонк сари вақт иҷро намешуданд, дар назди соҳибкорон муаммои бузург қарор дошт. Зеро ҳамкори қаринтарини соҳибкор ин, бешубҳа, бонк аст. Агар вай маблағи аз бонк гирифтаи худро мувофиқи мақсад истифода барад ва онро сари вақт баргардонад, сазовори эътимоди бонк мегардад, риштаҳои ҳамкории минбаъда мустаҳкамтар мешаванд.
Президенти кишвар 20 августи соли ҷорӣ, ҳангоми бо соҳибкорон баргузор кардани мулоқоти ошкоро, ба масъалаи мазкур эътибори махсус дод, таъкид кард, ки қатъӣ назар аз асъоре, ки бонкҳо аз захираҳои хориҷӣ мегиранд, ба соҳибкорон вомҳо бо асъори миллӣ – «сӯм» ва ба намояндагони тиҷорат бо ба роҳ мондани низоми фоизи мақбул дода шаванд. Зеро садҳо соҳибкоре, ки бо асъори хориҷӣ вом гирифтаанду имрӯз ба вазъи душвор афтодаанд, дер боз ҳаллу фасли ин масъаларо интизор буданд.
Бинобар ҳамин ҳам роҳбари давлат изҳор дошт, ки дар назди Вазорати молия Ширкати идораи хавфи асъор ва дар ҳудудҳо бахшҳои он ташкил карда шаванд, ширкатҳои мазкур маблағҳоеро, ки аз ҷониби бонкҳо бо асъори хориҷӣ ҷалб карда мешаванд, ба сӯм баргардонда, дар бозори дохилӣ танҳо бо асъори миллӣ вом диҳанд ва барои ин шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд афзудани қимати доллар ё худ евро ба миён омадани муаммои иловагӣ ё худ хароҷоти зиёдатиро барои соҳибкор пешгирӣ мекунад. Ширкати мазкур бо тамоми ҳудуд ва шабакаҳо дар ҳамкории қарин кор мебарад.
Дар ин мулоқоти кушод бо намояндагони тиҷорат қайд гардида буд, ки аз 1 октябри соли равон тақрибан дар маҷмӯъ 1 миллиард долларина воме, ки 6 ҳазор соҳибкор пештар бо 1 миллион доллар асъори хориҷӣ гирифта буданд, дар асоси қарордод бо бонкҳои тиҷоратӣ асосан бо асъори миллӣ гузаронида дода шавад.
Аз ҳисоби механизмҳое, ки дар боло пешниҳод мешаванд, дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 30-40 триллион сӯмина асъори миллӣ дар шакли захираҳои дарозмуҳлати иловагӣ фароҳам меоянд. Аз ин ҳисоб тадбиркорон имконият пайдо мекунанд, ки вомҳои асъори миллиро ба муҳлати дароз ва 5 фоиз арзонтар аз ставкаҳои кунунӣ ба даст оваранд. Аз тарафи дигар чунин имкониятҳо барои дар мамлакат инкишоф ёфтани соҳибкорӣ такони пурқувват мегарданд.
Ҳоли ҳозир дар ин соҳа корҳои мунтазам амалӣ мешаванд. Чунончи, дар моҳҳои сентябр-октябри соли равон аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба беш аз 15 ҳазор субъектҳои соҳибкорие, ки то 1 миллион доллар (қарздории умумӣ – 2,5 миллиард доллар) қарздор мебошанд, барои ба асъори миллӣ баргардондани вомҳои барои асъор ҷудо кардашуда таклифҳо фиристода шуданд. Воми 123 миллион долларинаи 561 субъекти соҳибкорие, ки ба ин розӣ шудаанд, ба асъори миллӣ баргардонида ва аз нав расмӣ карда шуд. Ин амалиёт минбаъд низ идома меёбад.
Ширкати идораи хавфҳои асъор, ки дар назди Вазорати молия ташкил гардид, дар асоси механизмҳои бозаргонӣ маблағҳои қарзии бонкҳои тиҷоратиеро, ки бо асъори хориҷӣ гирифтаанд, ба асъори миллӣ бармегардонад. Дар натиҷа аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ имконияти ба муҳлати дароз пешниҳод кардани вомҳо бо асъори миллӣ ба миён меояд. 
Қарори Президент аз 27 октябри соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати кам кардани иҷрои ӯҳдадории вомгирии субъектҳои соҳибкорӣ бо асъори хориҷӣ», бешубҳа, барои фаъолияти озодонаи соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам меоварад, бинобар ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ташаббусҳои онҳо такони хуб мебахшад.
Дар ҳуҷҷати мазкур бобати бо маблағи вомҳои дарозмуҳлат таъмин кардани субъектҳои соҳибкорӣ, кам кардани хавфи асъори онҳо, таъмин сохтани манфиатҳои ҳуқуқӣ ва қонунии соҳибкорон вазифаҳои рӯзмарра муайян карда шудаанд, ки ба кори пурсамари намояндагони соҳаи мазкур имкон медиҳад.
Дар қарор ба масъалаи таъмин кардани иҷрои вазифаҳое, ки дар мулоқоти ошкорои Президент бо соҳибкорон 20 августи соли равон зикр шуданд, эътибори махсус дода мешавад. Мувофиқи ҳуҷҷат аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои кам кардани хавфи асъори субъектҳои соҳибкорӣ ба  онҳо  бо асъори миллӣ ҷудо карда шудани 1 миллион долларина вом ҳазорҳо нафар соҳибкоронро хурсанд ва ҳавасманд кард.
Бешубҳа, ҳамаи ин эътирофи шоистаи корҳои васеъмиқёсест, ки дар мамлакат барои ҳифз намудани манфиати мулкдорон, озодона ва самарабахш машғул шудани халқи табиатан корчаллони мо бо фаъолияти соҳибкорӣ, бо суръати баланд инкишоф ёфтани тиҷорати хурд амалӣ мешаванд.
Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар пояи қарори мазкур низоми дастгирӣ кардани сектори хусусӣ беш аз пеш мустаҳкам карда мешавад. Аз ҳама муҳимаш ба тадбиркороне, ки барои ба роҳ мондани тиҷорати хурд, бо орзуву саъю кӯшиши самарабахш ва озодона истифода бурдани салоҳияти корчаллонии худ фаъолияташонро оғоз кардаанд, аз ҳар ҷиҳат мадад мегардад, бобати пешгирӣ кардани онҳо аз ҳама гуна монеаҳои бюрократӣ, нописандӣ боз як қадами муҳим мешавад.
Ба тарзи хулоса метавон гуфт, ки таъмин кардани иҷрои вазифаҳое, ки дар ин ҳуҷҷат муайян шудаанд, баробари вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои манфиатдори молиявӣ ба зиммаи депутатҳои Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис низ масъулияти муайян мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, мо, депутатҳо, бояд пеш аз ҳама, мазмуну моҳияти ҳуҷҷати мазкурро ба ҷомеаи васеъ фаҳмонем, барои ба амал татбиқ гардидани чораву тадбирҳое, ки дар он нишон дода шудаанд, ташаббускор бошем.

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунофарии 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: