ИМКОНИЯТИ СОДИРОТ БА БОЗОРИ АВРУПО ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАД

Вазъияти ҳозираи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, рушди минбаъдаи саноати хӯрокворӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории соҳа ва содироти маҳсулот ба бозори Аврупо чӣ гуна аст

Вазъияти ҳозираи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, рушди минбаъдаи саноати хӯрокворӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории соҳа ва содироти маҳсулот ба бозори Аврупо чӣ гуна аст?

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид ҲОҶАЕВ ба ин суоли хабарнигори ӮзА посух дод.

– Мо барои пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва содирот имкониятҳои васеъ дорем. Дар асоси меъёрҳои истеъмолии Созмони ҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид муқаррарнамуда мо вазъи кунунии талаботи аҳолӣ ва истеҳсоли 21 навъи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла 9 намуд – маҳсулоти кишоварзӣ – картошка, пиёз, сабзӣ, мева, ангур, харбуза, зироати лӯбиёгӣ, маҳсулоти гандумӣ (орд, нон, макарон)-ро, ки барои эҳтиёҷоти рӯзмарра муқаррар карда шудаанд, аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтем.

Тибқи маълумотҳо, дар шароити пандемия дар ҷаҳон талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ тағйир меёбад. Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки талабот ба меваҳо то 15-20 фоиз ва сабзавот бошад, 20-30 фоиз кам карда шавад. Дар назар дошта шудааст, ки меъёрҳои ҳадди аққали сабзавот, ки ҳангоми карантин бештар талаб карда мешаванд, нигоҳ дошта шавад. Дар натиҷаи бастани сарҳадҳои Аврупо, аз ҷумла маҳдудияти ҷалби муҳоҷирони муваққатӣ  дар парвариш ва ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ мушкилот ба миён меоянд.

Аз ин рӯ, барои содироти сабзавот ба бозорҳои Аврупо имконият фароҳам меояд. Ғайр аз он, боҷҳои гумрукӣ барои воридоти пиёз, сирпиёз, карам, сабзӣ, қаламфури булғорӣ ва картошка то 1 июли соли 2020 ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бекор карда шуданд. Нархи бозории ин маҳсулотҳо 1,5 маротиба зиёд шудааст. 70 дарсади маҳсулоти воридотӣ ба ЕврАзЭС ба зиммаи Ӯзбекистон рост меояд. Ин имкониятҳои содиротии Ӯзбекистонро нигоҳ дошта, барои фурӯши меваю сабзавоти иловагӣ дар кишварҳои хориҷӣ, алахусус дар бозорҳои Аврупо, имкон медиҳад.

Нигорандаи суҳбат Абдулазиз Мусаев,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: