Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд

  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд
  • Имкониятҳои иловагии зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ муайян карда шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 18 июл оид ба масъалаҳои зиёд гардондани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар ҷаҳон хатари амнияти озуқаворӣ афзоиш меёбад. Маҳдудиятҳои содирот ва қатъи занҷирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ мушкилотро боз ҳам шадидтар мекунанд. Тибқи таҳлилҳо, дар соли ҷорӣ нархи маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон дастикам 20 дарсад боло меравад.

Дар мамлакати мо 4-50 фоизи хароҷоти аҳолӣ ба озуқа рост меояд. Бинобар ин барои кам кардани таъсири болоравии нарх ба ҳаёти аҳолӣ бо роҳи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот чораҳо андешида мешаванд.

Аз ҷумла, аз аввали сол 80 ҳазор гектар замини кишт, ки баъди кам кардани майдони пахта ва ғалладона озод шудааст, ба аҳолӣ ҷудо карда шуд. Барои бо тухмӣ, ниҳолҳо ва нурӣ таъмин намудани аҳолӣ инфрасохтори «Томорқа хизматӣ» ба роҳ монда шудааст.

Танҳо имсол барои дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ рӯёндани ҳосил 400 миллиард сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд.

Дар натиҷаи ин имкониятҳо истеҳсоли маҳсулот зиёд шуда, нарх муътадил мегардад. Тайи як моҳи охир нархи помидор дар бозори дохилӣ 3 баробар, бодиринг 10 дарсад, картошка 30 дарсад, сабзӣ 15 дарсад арзон шудааст. Илова бар ин, дар зарфи 6 моҳ 821 ҳазор тонна меваю сабзавот содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 102 ҳазор тонна зиёд аст.

Инчунин муҳим аст, ки дар заминҳои ҷудошуда 785 ҳазор нафар бо кор таъмин карда шуданд.

Дар ҷамъомад дар баробари таҷрибаи мусбати ноҳияву маҳаллаҳо камбудиҳо низ ошкоро муҳокима карда шуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки аз 80 ҳазор гектар замин 16 ҳазор гектарашро бинобар дур будан аз маҳалҳои аҳолӣ ва маҳдуд будани дастрасӣ ба об тақсим карда натавонистанд. Ба ҳокимҳо супориш дода шуд, ки ин мавзеъҳоро ба ҷойҳои барои аҳолӣ қулай иваз намоянд.

Сарвари давлат дар асоси пешниҳодҳои аҳолӣ имкониятҳои навро муайян намуд. Таъкид гардид, ки то охири сол ба аҳолӣ боз 20 ҳазор гектар ва соли оянда 100 ҳазор гектар замини кишт ҷудо карда мешавад. Майдони умумии заминҳо ба 200 ҳазор гектар мерасад.

— Ин имконияти хеле калон аст. Барои бо кор таъмин намудани 1 миллиону 200 ҳазор нафар одамон шароит муҳайё карда мешавад. Аз ҳама муҳимаш, агар ҳокими ноҳия, ёвари ҳоким ба ин масъала бо ҳисобу китоб наздик шаванд, масъалаи озуқаворӣ ва бекорон осон ҳал хоҳад шуд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бо мақсади мусоидат ба аҳолӣ дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулот супоришҳо дода шуданд, ки ба минтақаҳо тухмӣ ва ниҳолҳои серҳосил кашонда, яхдонҳои хурд насб карда, шумораи гармхонаҳо зиёд карда шаванд. Имрӯзҳо сокинони 64 ноҳия дар заминҳои наздиҳавлигиашон соле 3 маротиба ҳосил мерӯёнанд. Бо ҳосили фаровон як оила то 60-100 миллион сӯм даромад гирифта метавонад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ин гуна корро дар дигар минтақаҳо низ бояд ҳавасманд кард.

Аз ҷумла, қарор дода шуд, ки ҳаҷми субсид барои сохтмони чоҳҳои калон дар ноҳияҳои таъминоти обашон мушкил ба 150 миллион сӯм зиёд карда шавад. Барои чоҳҳои хурд барои ҳар як метр чуқурии чоҳ пас аз 5 метр дар Қароқалпоқистон 100 ҳазор сӯм ва дар дигар вилоятҳо зиёда аз 10 метр субсидия дода мешавад.

Хулосаи гидрогеологӣ оид ба пармакунии чоҳҳо то соли 2025 ройгон пешниҳод карда мешавад. Қарор дода шуд, ки субсид барои ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об барои хоҷагиҳои фермерӣ татбиқ карда шавад.

Мушкилоти дигаре, ки ба кори хонаводаҳо халал мерасонад, он аст, ки дар кишвари мо 2 миллиону 600 ҳазор хона ҳуҷҷати кадастрӣ надоранд. Ба қабулгоҳҳои халқӣ шикоятҳои зиёд меоянд, ки соҳибони онҳо барои васеъ кардани манзил аз қарз, субсид ва воми ипотека истифода бурда наметавонанд.

Илова бар ин, аз сабаби набудани кадастр андози замин бинобар ставкаи 3 маротиба зиёдшуда ҳисоб карда мешавад.

Ба Вазорати адлия супориш дода шуд, ки барои ҳалли ниҳоии  масъалаи хонаҳои бе кадастр лоиҳаи қонуни алоҳида таҳия кунад. То қабули қонуни нав гирифтани андоз аз ин хонаҳо аз рӯи меъёри секарата боздошта мешавад.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ дахл карда шуд.

Дар назди ҳокимиятҳо вазифа гузошта шуд, ки барои то охири моҳи июл дар 820 ҳазор гектар замин ҷойгир кардани кишти такрорӣ ва ҷамъоварӣ намудани 11 миллион тонна маҳсулот чораҳо андешанд, то охири сол захираи озуқаворӣ тайёр кунанд.

Чунон ки маълум аст, соли ҷорӣ низоми нави маблағгузории рӯёндан ва хариди ғалла ҷорӣ карда шуд. Ба деҳқонон пешниҳод карда шудани нархҳои ҷолиб самара бахшид. Ба далели дар моҳи июл ба биржа гузошта шудани 88 ҳазор тонна гандум, қимати миёнаи 1 тонна гандум 30 дарсад коҳиш ёфт.

Ба захираи давлатӣ 1 миллиону 842 ҳазор тонна ғалла харида шуд. Фермерону кластерҳо ба корхонаҳои ғалла 574 ҳазор тонна ғалла супурданд.

Ба масъулин супориш дода шуд, ки ин ғалларо мунтазам ба биржа гузошта, бо фермерону кластерҳо то 1 октябр пурра ҳисобу китоб кунанд.

Президент ба баланд бардоштани самаранокӣ ва интизоми иҷроияи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

— Тадқиқот дар вилояти Самарқанд бисёр камбудиҳои моро ошкор кард. Ислоҳоти душвортарин ва мураккабтарин дар пешанд. Ҳар кас бояд тағйир ёбад, услуби корашро дигар кунад, — гуфт роҳбари давлатамон.

Таъкид шуд, ки ба Девони Вазирон, вазорату идораҳо лозим аст, ки структура ва усулҳои кори худро тағйир диҳанд. Ба вазорати адлия супурда шуд, ки қонунгузориро мақбул гардонад ва барои сокинон ва соҳибкорон қулайиҳоро пурзӯр созад.

Дар назди Палатаи ҳисоб вазифаи рақамигардонии ҷараёни марбут бо хароҷоти маблағ, хусусан маблағгузории сохтмон, ҷудо кардани субсид ва ҷубронпулӣ гузошта шуд.

Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда муовинони Сарвазир, ҳокимон, раисони маҳаллаҳо маълумот доданд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: