Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд

  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои истифоданашудаи саноати чарму пойафзол нишон дода шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 24 январ бахшида ба вазифаҳои устувори саноати чарму пойафзол ҷамъомад баргузор намуд.

Соҳаи мазкур  дар истеҳсоли молҳои сермасриф нақши муҳим дорад. Дар натиҷаи навсозии технологӣ ва маҳалликунонӣ дар солҳои охир саноат ба таври васеъ инкишоф ёфт. Масалан, агар дар соли 2017 ба маблағи 760 миллиард сӯм маҳсулоти чарм ва пойафзол истеҳсол карда шуда бошад, пас дар соли 2021 ин рақам ба 4 триллиону 415 миллиард сӯм расид. Дар ҳамин давра содирот аз 105 миллион доллар ба 421 миллион доллар афзоиш ёфт. Ҳамин тавр, маҳсулоти соҳа қариб 6 баробар, содирот 4 баробар афзуд. Ҳиссаи маҳсулоти тайёр низ – аз 32 то 78 фоиз афзуд.

Дар баробари ҳамин дар соҳа ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд, кайд гардид дар маҷлис. Аммо мушкилоти ҷудогона фаъолияти истеҳсолкунандагонро душвор мегардонанд. Аз ҷумла, низоми баҳисобгирии ашёи хом, кушхонаҳо ба қадри кифоя автоматӣ кунонда нашудааст, ки ин ба сифати гирифтани пӯст таъсир мерасонад. Дар ин ҷо конструкторҳо, технологҳо ва дӯзандагони ихтисоснок, таҷҳизоти ҳозиразамон, воситаҳои кимёвӣ ва комплекткунӣ намерасанд.

Дар вилоятҳои Бухоро ва Хоразм соле 2 миллион дона пӯст тайёр карда мешавад, аммо ҷамъоварӣ ва коркарди саноатии он ба роҳ монда нашудааст. Дар вилоятҳои Қашқадарё, Навоӣ ва Тошканд, ки соле мутаносибан 1,8 миллион, 700 ҳазор ва 500 ҳазор пӯсти чорвои майда гирифта мешавад, коркарди он умуман ба роҳ монда нашудааст. Бисёр кушхонаҳо аз сабаби аз аҳолӣ дур буда, бо маҳаллаҳо алоқа надоштанашон каммаҳсуланд.

Ба ин муносибат, дар ҷамъомад чораҳои ҳалли ин ва дигар мушкилот, рушди системавии соҳа баррасӣ шуданд.

Зарурати пеш аз ҳама, дар маҳаллаҳо барои куштани чорво ва ҷамъоварии пӯст ташкил кардани хадамоти сайёр, барои ин ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок зикр гардид.

Шахсони масъул дар бораи 248 лоиҳа, ки дар соли ҷорӣ ба маблағи умумии 421 миллион доллар пешбинӣ шудааст, маълумот доданд. Сарвари давлат зарурати сари вақт ба кор андохтани корхонаҳо, ҳамчунин таҳияи лоиҳаҳои нави ояндадорро бо таваҷҷуҳ ба маҳаллисозии маҳсулот ва таҳияи моделҳои замонавӣ таъкид намуд.

Созмон додани 16 минтақаи хурди саноатии махсус дар ноҳияҳои Нуқус, Олтинкўл, Шаҳрихон, Ҷондор, Намангон, Ургут, Самарқанд, Ангор, Оҳангарон ва Хазорасп, шаҳрҳои Намангон, Марғилон, Қўқон, Ҷиззах, Қаршӣ ва Нурафшон муайян шудааст. Барои барпо намудани инфрасохтори дахлдор дар ин ноҳия аз буҷет 90 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Ба соҳибкорон барои харидории таҷҳизот ба муҳлати 7 сол бо 3 соли имтиёзнок қарз дода мешавад. Умуман, соли равон барои дастгирии соҳа ба маблағи 60 миллион доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, вазифаи дар асоси анъанаи Қӯқанд ва Марғилон таҳия намудани барномаи махсуси дастгирии ҳунармандон дар маҳаллаҳое, ки косибӣ ба дараҷаи баланд ривоҷ ёфтаанд, гузошта шуд. Барои онҳо вомҳои имтиёзнок ва сабукиҳои андоз дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ ва таъминоти манзил пешбинӣ шудааст.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар соли ҷорӣ содироти маҳсулоти чарму пойафзол ба 500 миллион доллар ва дар тӯли се сол то ба 1 миллиарду 200 миллион доллар расонда шавад.

– Ин мақсади хеле калон аст, – гуфт Президент. – Барои ноил шудан ба он бозор мавҷуд аст, захираҳои ашёи хоми калон мавҷуданд, талабот ҳаст. Аммо бояд барои соҳибкорон тамоми шароитро фароҳам овард.

Ба ин муносибат пешбинӣ шудааст, ки имтиёзҳои қаблан додашудаи андоз ва гумрук то соли 2026 дароз карда шаванд. Ҳамчунин ҷуброни як қисми хароҷот барои мутахассисони хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад. Аҳамияти ташкил кардани анборҳои яклухт ва хонаҳои савдо дар хориҷа таъкид шуд, ки барои онҳо бо асъори хориҷӣ таҳти 4 фоизи солона ба мӯҳлати 3 сол қарз ҷудо карда мешавад.

Ҳоло дар ҳаҷми умумии маҳсулоти чарми ватанӣ вазни қиёсии пойафзоли занона ҳамагӣ 23 фоиз, пойафзоли бачагона ҳамагӣ 8 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки ин самт тавассути имтиёзҳои андозӣ ҳавасманд карда шавад.

– Масъалаи аз ҳама муҳим нарасидани мутахассисон аст. Аз ин рӯ, ҳар як минтақа бояд дар ин самт нақшаи мушаххас дошта, бояд дар маҳалҳо низоми омодасозии кадрҳо ба роҳ монда шавад, – қайд намуд  Президент.

Оиди дар назди Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тошканд ташкил кардани лабораторияи замонавии таълимию истеҳсолӣ, такмили ихтисоси мутахассисон дар хориҷа, тайёр кардани коргарони звенои миёна вазифаҳо гузошта шуданд.

Дар ҷамъомад шахсони масъули соҳа, ҳокимон ва соҳибкорон иттилоъ дода, таклифҳо пешниҳод намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: