ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ СОҲАИ ТАЪЛИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 апрел бинобар масъалаҳои ҷамъбастии босифати соли таҳсили имсола, ташкили имтиҳонҳои хатми ва дохилшавӣ ҷамъоамд баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 апрел бинобар масъалаҳои  ҷамъбастии босифати соли таҳсили имсола, ташкили имтиҳонҳои хатми ва дохилшавӣ ҷамъоамд баргузор намуд.

Дар шароити пандемия раванди таълимӣ дар асоси  технологияҳои фосилавӣ ба роҳ монда шуда, 500 ҳазор донишҷӯ ва 7 миллион хонандагони зиёда аз 10 ҳазор муассисаҳои таълимӣ дарсҳои онлайн фаро гирифта шуданд. Ин механизми нав беист аз худ кардани донишро таъмин мекунад.

Ҳоло вазифаи хушсифат ба итмом расидани соли таҳсил дар пеш аст. Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ва вазъи кунунӣ дар шакли онлайн баргузор намудани имтиҳонҳо дар мактабҳои олӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷлис оид ба ташкили босифати ин раванд  супориш дода шуд.

Зарурати такмил додани системаи қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълим, фароҳам овардани имконияти фосилавӣ аз рӯи интеонет супурдани ҳуҷҷатҳо қайд карда шуд. Дар бораи тартиб ва шароити нав ба аҳолӣ маълумоти муфассал дода мешавад.

Ба шахсони масъул супурда шуд, имтиҳони дохилшавиро имсол дар шакли содда таъмин намоянд.

Ҳоло дар Ӯзбекистон чор мактаби президентӣ ва нӯҳ мактаби эҷодӣ фаъолият доранд. Имсол ба истифода додани боз 5 мактаби Президентӣ ва 2 мактаби эҷодӣ дар назар аст. Супориш дода шуд, ки сохтмони онҳо сари вақт ба анҷом расонда шаванд.

Аз сабаби пандемия мафҳуми масофаи иҷтимоӣ ба ҳаёти мо мустаҳкам ворид шуд. Бинобар ин, зарурати аз нав дида баромадани меъёрҳои ғунҷоиш  дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан мактабҳо зикр гардид.

– Мо комилан ҳақ надорем, ки бо баҳонаи пандемия корҳро бинобар такмил додани низоми таълим ба таъхир андозем, – қайд кард Президент.

Зарурати аз нав дида баромадани сарборӣ ва барномаҳои таълимӣ бо назардошти  вазъият, пурзӯр гардондани эътибор ба ташаккул додани малакаҳои амалӣ дар донишгоҳҳо таъкид гардид.

Ба Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус ва Инспексияи давлатии назорати сифати таълим назди Девони Вазирон супориш дода шуд, ки ба донишгоҳҳо ҳуқуқи мустақилона муайян кардани нақшаҳо ва барномаҳои кориро дар асоси талабот ба кадрҳо дар бозори меҳнат, дархостҳои корфармоён диҳанд. Инчунин механизми назорати мувофиқати барномаҳоро ба талаботи муқарраршуда бояд таҳия намояд.

Зарурати даст кашидан аз чунин усулҳои беасос ба монанди аз рӯи коғаз лексия хондан, бо амри касе конспект навиштан, аҳамияти рушди  усулҳои таълим ва баланд бардоштани сатҳи касбии муаллимон зикр гардид.

Ба ин муносибат ба вазоратҳои таълими халқ, таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус супориш дода шуд, ки такмили ихтисоси фосилавии омӯзгорон, назорати масофавии дарсҳо, то ҳадди имкон кам кардани омили инсонро дар баҳогузорӣ ба дониш тадриҷан ба роҳ монанд.

Бояд низоми муайянсозӣ ва самти касбии ҷавонони иқтидорнокро такмил дод. Супурда шуд, ки корҳои селексиониро тақвият бахшида, фаъолияти литсейҳоро бо назардошти он, ки барномаи таълимии онҳо бояд аз барномаи таълимӣ сифатан тафовут дошта бошанд, аз нав дида бароянд.

Қаблан дар бораи аз соли нави хониш таъсис додани мактабҳои касбӣ, коллеҷ ва техникумҳои намунаи нав қарор қабул шуда буд. Бо ин  бояд камбудиҳои низоми кӯҳнаи коллеҷҳо ба назар гирифта шаванд. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки дар ҳар як вилоят яктогӣ мактаб, коллеҷ ва техникумҳои намунавии касбӣ ташкил карда шаванд.

Шахсони масъул оид ба корҳои дар соҳа анҷомдодашуда ва чораҳои минбаъда барои иҷрои вазифаҳои дар ҷамъомад гузошташуда маълумот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: