ИМКОНИЯТҲОИ ҚУЛАЙ БА ОМӮЗГОРОН

Солҳои охир чун дар дигар соҳа дар соҳаи таълими халқ якчанд қарору фармонҳои Президент ба имзо расид, ки онҳо барои беҳтар гардондани сифати таълим, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии соҳа, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва мавқеи онҳо дар ҷамъият нигаронида шудаанд.

Бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти муассисаҳои таълими халқ бо кадрҳои педагогии соҳиби маълумоти олӣ дар самтҳои таълими томактабӣ, ибтидоӣ, санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, забонҳои хориҷӣ, таълими меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва дигар фанҳо, беҳтар гардондани сифати таълим бо роҳи такмили низоми тайёркунии кадрҳои баландихтисоси педагогӣ дар маҳалҳо ва бо кадрҳо таъмин кардани муассисаҳои таълими ноҳияҳо ва хусусан деҳот дар муассисаҳои таълими олӣ шуъбаҳои махсуси ғоибона доир ба самти педагогӣ ташкил шуданд.
Шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқи вилояти Тошканд низ дар асоси қарори Президент аз 9 августи соли 2017 «Дар бораи ташкил кардани шуъбаҳои махсуси ғоибона доир ба самти педагогӣ дар муассисаҳои таълими олӣ» созмон дода шуд.
Фаъолияти шуъба дар асоси низоми тасдиқнамудаи Девони Вазирон «Дар бораи ташкил намудани таълими ғоибона дар муассисаи таълими олӣ» ташкил шуда, ҷараёни таълим дар асоси талабҳои стандарти давлатии таълим мувофиқи реҷа ва барномаи фанние, ки Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ доир ба самти таълими рӯзона тасдиқ намудааст, бурда мешавад.
Алҳол дар шуъбаи ғоибонаи муассисаи номбурда аз рӯи самтҳои санъати тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ, педагогика ва психология, таълими мусиқӣ, таълими ибтидоӣ ва корҳои тарбиявии варзишӣ, таълими томактабӣ, тарбияи ҷисмонӣ, таълими меҳнат ва информатика кадр тайёр мекунанд.
Аз соли хониши 2018-2019 бо забони тоҷикӣ низ гурӯҳе кушоданд. Ба ҷараёни таълими шуъбаи ғоибонаи донишкада зиёда аз 40 нафар профессор, омӯзгорони соҳибмалакаи илмӣ ҷалб шуданд. Баҳри беҳтар намудани ҷараёни таълим ва ҷорӣ кардани элементҳои омӯзиши масофавӣ корҳои назаррас бурда истодаанд.
Аз ин имкониятҳо муаллимони мактабҳои ҳудудҳои дурдаст низ пурра истифода мебаранд. Аз ҷумла, мо 5 нафар омӯзгори дорои маълумоти миёна аз деҳаи Бурҷимулло дар шуъбаи махсуси ғоибона таълим мегирем. Дар ҷараёни дарс бо омӯзгорони ҳудудҳои дигар таҷриба иваз карда, дар ҳалли муаммоҳои касбӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонем.
Дар муассисаи таълими мазкур бароямон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мо, таълимгирандагони гурӯҳи 14 «Ж»  пеш аз ҳама ба Президент, ки ба мо чунин қулаиҳо фароҳам овардааст ва ба ходимон, профессорон, омӯзгорони шуъбаи ғоибонаи донишкада миннатдории худро баён мекунем.

Зарифа КАБИРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими ҳамагонии рақами 39-уми ноҳияи 
Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: