ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИАМОН ДАР НАМОИШГОҲИ МАДРИД

Дар пойтахти Испания Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «FITUR-2023», ки яке аз бонуфузтарин намоишгоҳҳои соҳаи гардишгарӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, ба кор шурӯъ кард.

Бояд гуфт, ки «FITUR-2023» намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ бу-да, мунтазам дар маркази савдо ва намоишгоҳи IFEMA дар Мадрид баргузор мешавад. Дар он намояндагони тамоми бахшҳои саноати сайёҳӣ – туроператорҳо, агентиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, интиқолдиҳандагон, агентиҳои сайёҳӣ, ширкатҳои хидматрасонӣ ширкат мекунанд. Ӯзбекистон аз соли 2005 ба ин сӯ пайваста дар он ширкат мекунад.
Дар ин чорабинӣ ширкати беш аз 120 ҳазор мутахассиси соҳаи сайё-ҳӣ ва ҳудуди 90 ҳазор нафар аз 8,5 ҳазор ширкат аз 131 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Маркази намоишгоҳ бо 755 стенд дорои масоҳати 66,9 ҳазор метри мураббаъ мебошад. 
Салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистонро дар намоишгоҳи “FITUR-2023”  Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии PR», ҶС “Uzbekistan Airways” ва як қатор ширкатҳои сайёҳии пешбари кишвари мо аз қабили  «Uzbekistan Disco-very», «El Mundo Tour», «Orient Voyages», «Orient Star Group», «Dolores Travel Group», «Asia Tour», «Avrud Travel», “Farovon Khiva” намоиш медиҳанд. 
Дар рӯзи аввали намоиш Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) Зураб Пололикашвили бо стенди миллии Ӯзбекистон шинос шуд. Вай қайд кард, ки иқтидори сайёҳии ҷумҳурии дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгиршуда босуръат рушд мекунад ва дар пешбурди имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон комёбиҳои зиёд таманно намуд. 
Дар чаҳорчӯби намоишгоҳи “FITUR-2023” муаррифии мероси сайёҳӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон баргузор шуда, бо ширкатҳои испанӣ робитаҳои нав барқарор мешаванд ва аз ҷониби ширкатҳои туроператорони Ӯзбекистон як қатор созишномаҳо оид ба ташкили сафарҳои муштарак ба имзо хоҳанд расид.
     
АИ «Дунё»,
МАДРИД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: