ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ СОЛ АЗ СОЛ МЕАФЗОЯД

Баробари дар вокзали роҳи оҳани Навоӣ таваққуф кардани поезди зудгарди “Афросиёб” як гурӯҳ журналистон аз вагонҳо пойин шуданд.

Баробари дар вокзали роҳи оҳани Навоӣ таваққуф кардани поезди зудгарди “Афросиёб” як гурӯҳ журналистон аз вагонҳо пойин шуданд. Ҳамон лаҳза корҳои аккосиву наворбардорӣ оғоз гардиданд. Ин манзара таваҷҷӯҳи мусофиронеро низ ҷалб намуд, ки аз ин қатора мефаромаданд.
Ин пресс-тур бо ташаббуси Вазорати туризм ва варзиш роҳандозӣ мегардид ва дар он журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат мекарданд. Ноиби ҳокими вилоят Саъдулло Мирзоев оид ба дастовардҳои панҷ соли охир, хоссатан бунёдкориҳо ва ислоҳоти доманфарох дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, беш аз пеш афзоиш ёфтани салоҳияти туристии ин вилоят ва амсоли он маълумот дод. 
Ба гуфтаи ӯ, Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ дар иқтисодиёти мамлакат саҳми хеле калон дорад. Салоҳият ва имкониятҳои экотуризми вилоят сол аз сол меафзояд. Кони “Мурунтов”, ки яке аз бузургтарин кони тиллои ҷаҳон маҳсуб меёбад, дар ояндаи наздик ба маркази туризм табдил хоҳад ёфт.
– Вилояти мо ғайр аз он ки бо истихроҷи тилло, нуқра, фосфорит, уран, кварс, фирӯза, оҳаксанг ва мармар барин сарватҳои табиӣ маълуму маъруф гаштааст, инчунин барои ривоҷи экотуризм саъй мекунад. Зеро ривоҷи туризм барои боло рафтани иқтисодиёти мамлакат нақши муассир мебозад, – изҳор кард Мирзоев.  
Тайи солҳои дароз ба ин кон ҳатто роҳбарони идораҳои зиёд имкони ворид шуданро надоштанд. Аммо ба кони “Мурунтов” маҳз теъдоди зиёди сайёҳони маҳалливу хориҷӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. Барои ҳамин бо фароҳам шудани аввалин имконият сайёҳон аз ин кон боздид хоҳанд кард.
Ҳоло вилояти Навоӣ 8 ноҳия ва 2 шаҳрро муттаҳид намудааст. Мардуми ноҳияҳои Хатирчӣ, Кармана, Навбаҳор ва Қизилтеппа ба истеҳсоли пахта, ғалла, пилла ва боғпарвариву сабзавоткорӣ машғуланд. Маҳсулоти гӯшту шир, пашм ва пӯсти қароқӯлӣ дар ноҳияҳои Учқудуқ, Конимех, Томдӣ ва Нурато истеҳсол карда мешаванд. Ин ноҳияҳо ба парвариши чорво ва наслпарварӣ низ ихтисос гардонида шудаанд.
Ёдгориҳои таърихиву меъмории вилоят, аз ҷумла, мақбараи Мирсаид Баҳром (асрҳои Х-ХI), маҷмааи Мавлоно Орифи Деггаронӣ (асри ХI), ёдгории меъмории Қосим Шайх (асри XVI), мақбараи Хоҷа Хусрав (асри XIV), корвонсаройи Работи Малик ва маҷмааи таърихии Сардоба (ҳарду асрҳои X-ХI), маҷмаъҳои “Чиҳилсутун” ва “Панҷвақта”-и Нурато (асри XVI), ҳудуди панҷоҳ ёдгориҳои мухталифи бостоншиносӣ ба пешрафти туризм хидмати босамар анҷом медиҳанд. 
Тамошои экспонатҳои осорхонаи вилоят низ барои мо таассуроти хуб боқӣ гузошт. Маълум шуд, ки ин осорхона соли 1992 арзи вуҷуд намудааст ва 1 январи соли 2018 ба осорхонаи давлатии таърих ва фарҳанг табдил ёфтааст. 
– Дар ин осорхона 25 ҳазору 892 экспонат ё ашё мавҷуданд, ки давраҳои гуногуни таърихӣ,  инчунин анъанаҳо, маросимҳо ва суннатҳои мардуми вилоятро бозтоб медиҳанд. Мутаассифона, бархе аз саҳифаҳои таърих ва расму ойинҳои мардумӣ ба  гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд,– гуфт корманди осорхона Дилафрӯз Мустафоева.
 
Маҷмаъи Мавлоно Орифи Деггаронӣ

Аввалин ёдгории таърихӣ маҷмааи Мавлоно Орифи Деггаронӣ  мебошад. Он солҳои 2006-2007 куллан тармим дидааст ва намои замонавиро касб намудааст. Дар як тарафи ин маҷмаъ мақбараи Мавлоно Ориф қомат афрохтааст. Дар назди он чиллахона, чоҳи об ва осорхона низ мавҷуданд. Дар осорхона оид ба Мавлоно Ориф маълумоти зиёд пайдо кардан мумкин аст. 
Вай аз валиҳои бузурги Кармана муаррифӣ шудааст. Мавлоно Ориф дар деҳкадаи Деггарон, воқеъ дар масофаи 9 фарсанг аз шаҳри Бухорои шариф ба дунё омадааст. Падараш Хоҷа Аҳмади Мисгар ӯро ба яке аз намояндагони шариату тариқати бузурги он замон Саид Амир Кулол ба шогирдӣ додааст.
Гуфта мешавад, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, ки дар байни мардум ба номи Баҳоуддини Балогардон низ маъруф мебошад, ҳамроҳи Мавлоно Ориф дар назди Саид Амири Кулол сабақ омӯхтааст. Баъд ҳафт сол дар хидмати Мавлоно Ориф шуда, илмашро такмил бахшидааст. 
Вақти таваллуд ва вафоти Мавлоно Орифи Деггаронӣ дақиқ маълум нест. Аммо Садриддин Салими Бухорӣ дар рисолаи “Ҳазрати Мавлоно Орифи Деггаронӣ” ишора намудааст, ки вай соли 1312 зода шуда, соли 1375 вафот кардааст.   
Масҷиди Деггарон як узви маҷмаъ ба ҳисоб рафта, дар биное маскан гирифтааст, ки сохтмони онро ба асрҳои IX-XI нисбат медиҳанд. Сутунҳои доирашакли бузург ва сақфи он аз хишти пухта сохта шудааст. Соли 2016 пешайвони онро бозсозӣ кардаанд ва дар ин кор устоёни чирадасти вилояти Фарғона Аббос Нишонов, писараш Абдушукур ва шогирдонаш Муҳриддин ва Ҷалолиддин саҳм гирифтаанд.  
Аз суҳбат бо сокинони деҳаи Деггарон маълум шуд, ки онҳо забони тоҷикиро кайҳо фаромӯш кардаанд. Маънои деггарон низ барои аксарияти сокинони он бегона будааст. Танҳо калонсолон ба маънои деггарон сарфаҳм мерафтаанд.

Дараи мӯъҷизаҳо

Автобус моро аз шаҳри Навоӣ то наздикии дараи Сармишсойи ноҳияи Навбаҳор овард. Ин дара байни мардум бо номи Сармич низ ёд мешавад. Директори мамнӯъгоҳи “Сармишсой” Рамазон Эгамов, ки бароямон вазифаи роҳбаладиро низ анҷом медод, эълон кард, ки ин автобус наметавонад дар роҳҳои пасту баланди дара ҳаракат кунад. Барои ҳамин моро лозим меояд, ки масофаи боқимондаро пиёда тай кунем. 
Аввал хостем пиёда масофаи ду-дуним километрро тай кунем. Вақте бештар аз  панҷсад метр роҳ паси сар шуд, дарк намудем, ки масофаи боқимондаро пиёда тай кардан душвор хоҳад буд. Зеро аз пастӣ ба баландӣ қадамзанон роҳ рафтан барои ҷавонон низ мушкил буд. Баъд дар ду мошини сабукрав бо навбат ин масофаро тай кардем.
– Акнун метавонед ба камари ин кӯҳ бароед ва мӯъҷизаҳои табиатро тамошо кунед. Бовар дорам, ки барои шумо тамошои ин манзараҳои ҷаззобу дилписанд таассуроти беназир хоҳад гузошт, – гуфт Р. Эгамов.
Дарвоқеъ, ба болотари кӯҳ баромадем ва сангҳои хурду бузург дар шаклҳои гуногун пеши назарамон ҳувайдо гардид. Иттифоқан кас гумон мекунад, ки ин сангҳо тавассути дастгоҳҳои хоси сангтарошӣ шаклҳои гуногунро ба худ касб намудааст. Зеро баъзе сангҳо мисли фаввораи обе, ки аз замин ба ҳаво пош мехӯрад,  аз бағали кӯҳ зада баромадааст ва мисли чӯб рандакорӣ шуда, шакл гирифтааст. 
– Ҳоло дар пеш манзараҳои аз ин ҳам ҷолибтар шуморо мунтазиранд,– шавқамонро боло кард  Эгамов. 
Дарҳақиқат, ҳар як тасвири рӯи сангҳо ҳайрати моро меафзуд. Тахтасангҳо мисли ойина шаффоф буда, суратҳои гуногун онро хеле “орову ҷило” бахшида буд. 
– Ин суратҳо дорои таърихи дурударозанд. Аз рӯи тадқиқоти таърихнигорон петроглифҳо ё тасвирҳои рӯи санг, ки шумо тамошо мекунед, ба асрҳои VII-II-и солшумории пеш аз милод тааллуқ доранд. Онро мардум “галереяи суратҳо” меноманд, – гуфт Р. Эгамов.
Маълум шуд, ки дар ин дара ҳудуди ҳазор адад сангҳои суратдорро кашф кардаанд. Ҳар як санг бо тасвири худ аз санги дигар фарқ мекард. Дар баъзе сангҳои оинасимо тасвирҳоро гӯё ҳаккокӣ карда буданд. Ин тасвирҳо маънову мундариҷаи хосро дар худ таҷассум менамуд. 
Дар дара масоҳати 32 гектарро осоишгоҳи замонавӣ ишғол кардааст. Он аз 13 хонаи алоҳида иборат буда, ҳар як утоқ барои ду-се нафар муқаррар шудааст. Сокинони осоишгоҳи “Сармишсой” дар баробари истироҳати бофароғат метавонанд аз ҳавои тозаву гуворои ин ҷо, оби софи чашма баҳраманд шаванд ва  ба сайри дара баромада, манзараҳои ҷолибу назаррабои онро тамошо кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: