Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд

  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд
  • Имкониятҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ нишон дода шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 25 январ оид ба масъалаҳои коҳиш додани камбизоатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии тиҷорати хурд ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Мақсади асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвари мо зиёд намудани ҷойи кор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Дар натиҷаи корҳои мақсаднок дар ин самт сатҳи камбизоатӣ дар соли гузашта аз 17 то 14 дарсад коҳиш ёфт. 1 миллион нафар одамон бо роҳи омӯзиши касбӣ, мусоидат ба пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ аз камбизоатӣ баромаданд.

Дар тӯли соли гузашта қариб 200 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ  созмон дода, фаъолияти 10 ҳазор корхона густариш дода, иқтидори истеҳсолии 11 ҳазор корхона барқарор карда шуд.

Аммо дар баъзе минтақаҳо вазъият суст тағйир меёбад. Масалан, дар вилоятҳои Навоӣ, Сурхондарё ва Фарғона дар нишондиҳандаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ беҳбудии назаррас ба назар намерасанд. Дар як қатор ноҳияҳо ва шаҳрҳо барномаҳои тартибдодашудаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд.

Вобаста ба ин, дар ҷамъомад нақшаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии соҳибкории хурд дар соли ҷорӣ баррасӣ шуданд.

-- Омили асосии паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо кори фоидаовар таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи ислоҳоти маъмурӣ 5 шӯъбаи масъули паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба низоми ягона табдил дода шуд. Ба вазорати нав тамоми имкониятҳои ташкилӣ ва молиявӣ муҳайё карда шудааст. Минбаъд ҳам баҳисобгирии захираҳои меҳнатӣ ва бекорӣ, ҳам дастгирии шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо дар доираи як вазорат амалӣ карда мешавад, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба масъулин вазифа гузошта шуд, ки барномаҳои шуғли аҳолӣ барои соли 2023 дар қисмати ноҳияҳо амиқтар таҳия ва тасдиқ карда шаванд.

Сарвари давлат самтҳоеро, ки бояд ба онҳо эътибор нигаронда шаванд, нишон дод.

Қайд карда шуд, ки пеш аз ҳама, бо мақсади ҳавасмандгардонии минбаъдаи соҳибкории оилавӣ миқёси дастгирии молиявӣ васеъ мегардад. Дар соли 2022 ба ин қариб 10 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо шуда буданд. Имсол ба барномаи тиҷорати оилавӣ 12 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Миқдори ниҳоии чунин вомҳо зиёд карда мешавад.

Кишоварзӣ манбаи дигари муҳими шуғл аст. Дар давоми ду сол дар байни аҳолӣ бештар аз 200 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд. Ин аз майдони умумии пахтаю ғаллаи вилояти Самарқанд зиёд аст.

Аммо дар маҳалҳо ин корҳо ба таври тасодуфӣ ташкил карда мешаванд, парвариши маҳсулот бо усули плантатсия анҷом дода намешавад. Ба ин муносибат, Президент дастур дод, ки қитъаҳои замин дар ҷойҳои барои аҳолӣ қулай ҷудо карда, парвариши маҳсулоти дар бозор мавриди ниёз ба роҳ монда шавад. Бо истифода аз ин заминҳо ба маблағи 1 миллиард доллар маҳсулот истеҳсол кардан мумкин аст.

Тавре маълум аст, сарвари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба мардум эълон карда буд, ки ноҳияву шаҳрҳо вобаста ба иқтидори иқтисодиашон ба 5 категория ҷудо карда мешаванд.

Дар ҷамъомад қарор қабул шуд, ки дар ноҳияҳои тоифаҳои 4 ва 5 кор оид ба паст кардани дараҷаи камбизоатӣ ба таври нав ташкил карда шавад. Ҳамин тавр, дар марҳилаи аввал “дафтари оҳанин”, “дафтари ҷавонон” ва “дафтари занон” ба низоми ягона муттаҳид карда, барои ҳар як оила шиносномаи ягонаи рақамӣ таҳия хоҳад шуд. Дар марҳилаи дуюм барои ҳар як оила барномаҳои инфиродӣ барои баромадан аз камбизоатӣ омода карда мешаванд. Дар марҳилаи сеюм лоиҳаҳои омӯзиши касбӣ ва соҳибкорӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсадҳо дар маҳаллаҳо бунёди 300 микромарказ оғоз ёфт. Президент аҳамияти зиёд гардондани теъдоди чунин марказҳо ва фароҳам овардани шароит барои бекоронро барои шуғл варзидан бо ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ қайд намуд.

Ба Вазорати коҳиш додани камбизоатӣ ва шуғл супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноат барои ҳар як ноҳия барномаи рушди соҳибкорӣ таҳия намояд.

Дар ҷамъомад ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо дар бораи имкониятҳои мавҷуда ва таҷрибаи дар минтақаҳо ғанӣ гардида ҳисобот доданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: