Имрӯз дар Ӯзбекистон раъйдиҳии пешакӣ оғоз мешавад

Имрӯз, 19 апрел аз соати 9:00 дар саросари кишвар участакаҳои интихоботӣ барои овоздиҳии пеш аз муҳлат дар раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода шуданд.

Вақти овоздиҳии пеш аз муҳлат дар участкаи раъйпурсӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ва дар рӯзҳои истироҳат ва ид аз соати 12:00 то 16:00 аст.

Интихобкунандае, ки дар рӯзи раъйпурсӣ дар ҷойи истиқомат буда наметавонад, ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат овоз диҳад.

Овоздиҳии пешакӣ 26 апрели соли 2023 ба охир мерасад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: