ИМТИҲОН

Анатолий РАС (адиби рус)

(Ҳикоя)

Рӯзе аз рӯзҳо бидуни одат аз кор барвақттар баргаштам.  Ба  худ   “ кор  намегурезад”  гуфтаму  оббозӣ  карда  таъом  хӯрдам.  Лек  аз  чӣ  бошад   дилам  таҳ  мезад.  Дар  корхона  чӣ  гап  бошад  гуфтаму  рақами  телефонро  чидам.
– Гӯш  мекунам, – гуфт Корягин аз он тараф .
– Салом, ба ман  Иван  Петрович лозим, – гуфтам  бо  овози   ғафс.
– Афсӯс, ки  он  кас  як  дақиқа  пеш баромада  буданд. Баъди   ягон  соат  занг  мезадед?
– Иван  Петрович баъди як соат меоянд?
– Бояд  оянд...
Баъди як соат телефон мекунам гуфтаму сабр  карда  натавониста, боз гӯшаки телефонро  бардоштам. Овозамро мисли овози зан кардам:
– Ало, Иван Петровичро ба телефон ҷеғ мезадед, бароям  бисёр  зарур  буданд!
– Иван Петровичро роҳбарон  таъҷилӣ  ҷеғ  заданд.
– Кай  меоянд?
– Гуфтан   наметавонам, ба роҳбарҳо як чиз гуфтан намешавад-ку!
– Ташаккур. Мебахшед, баъдтар  телефон  кунам  мешавад?
– Бемалол,  вақти  дилхоҳатон  метавонед занг занед!
 Вақти  дилхоҳатон  будааст!    Ин  чӣ  беадолатӣ!  Акнун  вақти охири кор телефон  карда  мебинам. Бори сеюм овозамро дигар карда, хирросзанон телефон кардам:
– Иван Петрович лозим буд!
– Кӣ мепурсад?
– Ин аҳамият  надорад. Ман кори ҷиддӣ дорам. Бисёр кори муҳим аст, бояд ба зудӣ ҳал шавад.
– Мебахшед, имрӯз Иван Петрович  нестанд.
–  Барои  чӣ  нестанд, ҳоло  вақти  кор  тамом  нашудааст-ку?
–  Гапатон  дуруст, вале Иван Петрович бо зарурате аз кор ҷавоб  гирифта  рафтанд. Аз «ЖЕК»   телефон карда гуфтанд, ки хонаашонро об зер кардааст. Мебел, телефон, телевизор ҳатто  шиппакҳояшон ҳам зери об мондааст.
– Бале... Мефаҳмам...
– Илоҷаш бошад, пагоҳ телефон кунед...
Гӯшаки телефонро гузоштаму  озод  нафас  кашидам.
Мана, имтиҳон ҳам гузашт. Боракалло, Иван Петрович, ҳамкорҳоят бад  нестанд!  Ту дар  хона  нишастаиву  онҳо  набудани  туро маълум намекунанд.
Бояд  чунин  ҳам  бошад. Имрӯз  онҳо маро, пагоҳ  ман  онҳоро бояд ҳимоя кунам.

Тарҷумаи  Раҳимшоҳи  ШАРИФЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: