ИМТИҲОН БА ПОЙДОРӢ: МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРАИ КАРАНТИН

Пандемияи COVID-19 ба шуури сокинони тамоми кишварҳо таъсири назаррас расонд: коршиносони ҷаҳонӣ дар маърӯзаҳои сершуморашон дар бораи хулосаҳои ногувори худ дар ин соҳа иттилоъ медиҳанд.

Пандемияи COVID-19 ба шуури сокинони тамоми кишварҳо таъсири назаррас расонд: коршиносони ҷаҳонӣ дар маърӯзаҳои сершуморашон дар бораи хулосаҳои ногувори худ дар ин соҳа иттилоъ медиҳанд.
Аҳамияти омӯзиши ҳолати  хурӯшони ҷавонони Ӯзбекистон дар шароити карантини аз сабаби пандемия ҷорикардашуда шарти воқеии гузарондани онлайн-тадқиқоти «Оё муносибатҳои оилавӣ дар давраи карантин беҳтар ё бадтар шуд?» гардид.
Ҳангоме ки пурсишҳо дар Аврупо ва ИМА зоҳир намуданд, ки 55 фоизи ҷавонон изтироб доранд, аз мақомоти давлатӣ ноумедӣ мекунанд, афсурдаҳол мебошанд,  таҳқиқоти дар Ӯзбекистон гузарондашуда беназирии вазъиятро нишон дод, ки ҷавонони мамлакат дар озмоишҳои сахттарин тавонистанд сифатҳои беҳтарини инсониро, ки дар асоси арзишҳои бисёрасринаи оилавӣ ташаккул ёфтаанд, нишон диҳанд. 
Дар пурсиш 10 420 посухгӯяндагон аз тамоми минтақаҳо иштирок карда, он бо кӯмаки Маркази ҷумҳуриявии илмиву амалии «Оила» бо истифода аз платформаи рақамии U-Report лоиҳаи байналмилалии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) гузаронида шуд.
Тибқи маълумотҳои таҳқиқот, дар шароити пандемия 10 фоизи ҷавонони Ӯзбекистон кори худро идома доданд. Инҳо шифокорон, коргарони савдо, ҳунармандон, хидматчиёни ҳарбӣ,  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд. 18 фоизи онҳо: омӯзгорон, муаллимони мактаб, ҳуқуқшиносон, олимон-тадқиқотгарон, кормандони бонк ба кори дуркардашуда гузаштанд; 10 фоиз дар заминҳои наздиҳавлигии шахсӣ машғул буданд. Хуллас, сатҳи баланди фаъолияти меҳнатӣ нигоҳ дода шуда, фаъолият идома ёфтанд.
16 фоизи пурсидашудагон хабар доданд, ки онҳо бо кори хона, худомӯзӣ,  хондани китоб, 25 фоизи иштирокчиёни мониторинг бо варзиш машғуланд, 11 фоиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират мекунанд ва дар Интернет маълумоти маърифатӣ пайдо менамоянд. Ду фоизи ҷавононе, ки барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҷолибро тамошо карданд, оғози эҷодӣ, идеявӣ ва маънавиашонро ба таври возеҳ нишон доданд.
Синни 82 фоизи пурсидашудагон (61 фоиз — мардон ва 39 фоиз занон) то 30-сола мебошанд. Дар вақти таҳқиқот 63 фоизи посухгӯяндагони карантин якҷоя бо 3-6 аъзои оила дар як манзили истиқоматӣ  зиндагӣ карданд, 21 фоизашон  дар оила зиёда аз ҳафт нафар аъзо доранд.
Таҳқиқот зоҳир намуд, ки муносибатҳои оилавии дар асоси арзишҳои бисёрасринаи миллӣ асосёфта дар шароити маҷбурии муштараки шабонарӯзӣ барои зиндагии бенизоъ ҳамчун асоси мустаҳкам хидмат кард. Ҳамин тариқ, 47 фоизи ҷавонони пурсидашудаи ӯзбекистонӣ гуфтанд, ки карантин ба муносибатҳои оилавӣ таъсир нарасонидааст ва агар расонда бошад ҳам, бо ҷиҳати хубаш (38 фоиз) расондааст. Хусусан, дар байни оилаҳо ҳусни тафоҳум ва робита беҳбуд ёфтанд (46 фоиз), муносибатҳо наздик шуданд (27 фоиз), мардон дар хона дар тарбияи фарзанд ба кӯмак шурӯъ карданд (16 фоиз).
— То пандемия ман зиндагии одатӣ доштам: «хона—кор—хона», мегӯяд яке аз иштирокчиёни пурсиш. — Вақте ки коронавирус то мо расид, ҳукумати Ӯзбекистон ба вазъ зуд, возеҳ ва муташаккилона вокуниш нишон дод. Сарҳадҳо баста шуданд, карантин ҷорӣ карда шуд ва ин сари вақт рух дод. Аммо баъзе одамон омода набуданд, онҳо ба воҳима афтиданд ва ба ҷое гурехтанд, ба ҳукуматдорон итоат накарданд. Хушбахтона, баъдтар ҳама дурустии ин амалҳоро эътироф карданд.
Иштирокдори дигари пурсиш қайд мекунад, ки аввалҳо ӯро воҳима ва изтироб фаро гирифт, аммо пас аз муҳокима бо оилааш ин изтироб гузашт. Афзалиятҳои зиёди карантин вуҷуд доранд: даводавӣ нест, шумо метавонед бо наздикон муошират, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунед, табиатро тамошо кунед. Ҳамаи ин ниҳоят гуворост!
Бешубҳа, ҷиҳати аз сабаби коронавирус ба моҳи мубораки Рамазон рост омадани карантин, вақте меҳрубонӣ, инсонӣ ва ҳамдардӣ бо қудрати хос зоҳир мешуданд, ба  эҳсосоти оилаҳо таъсир расонд. Аксарияти пурсидашудагон ҳолати эҳсосиро дар моҳи охир мӯътадил арзёбӣ карданд ва шахсоне низ буданд, ки бад шудани вазъияти хона, стресс ва набудани фазои шахсиро (8 фоиз) ҳис карданд.
Карантин инчунин эҳтиёҷоти фаврии ҷавононро дар истифодаи Интернет,  кор кардан  дар тартиби онлайн  ошкор намуд. Иштирокчиёни пурсиш иттилоъ доданд, ки дар робита бо вазъи мавҷуда ба маслиҳати психологӣ (13 фоиз) ва ҳуқуқӣ (3 фоиз) ниёз доранд, мехоҳанд малакаҳои фосилавии касбиро омӯзанд (9 фоиз) ва ё ба корҳои хона машғул шаванд (4 фоиз). Ҳамин тариқ, чоряки пурсидашудагон иброз доштанд, ки бояд шароити кор дар онлайн беҳтар карда шавад.
Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомад таъкид намуд, шароити пандемия аҳамияти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зарурати гузарондани бисёр хидматҳоро ба тартиби онлайн исбот кард. Роҳбари давлат бинобар васеъ кардани татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инфрасохтор вазифаҳо гузошт. Тавре ки дар қарори Президенти Ӯзбекистон аз 28 апрели соли 2020 гуфта шудааст, дар 200 ноҳияи минтақаҳои кишвар марказҳои технологияҳои рақамӣ таъсис дода мешаванд.
Таҳқиқот нишон дод, ки баъзеҳо (28 фоиз) ба кӯмаки молиявӣ ниёз доранд, ҷойи кории худро аз даст додаанд ё таҳти хатари гум кардани он қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, тибқи таҳқиқот, ҳолати эмотсионалии ҷавонони Ӯзбекистон устувор аст, дар мамлакат барои дастгирии ҷавонон, оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд корҳои мақсадноки самарабахш амалӣ карда мешаванд.
Аз сабаби пандемия мо ба муҳокимаи низоми арзишҳои инсонӣ, ки қаблан танҳо дар заминаи арзишҳои демократия ва ҳуқуқи инсон баррасӣ шуда буданд, шурӯъ кардем. Имрӯз равшан аст, ки арзиши асосӣ ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон аст. Ҳанӯз маълум нест, ки барои офаридани ваксина ва доруҳо чӣ қадар вақт лозим мешавад, вирус чӣ гуна таъсир мерасонад, оё ба он иммунитет пайдо мешавад, аммо як чиз равшан аст:  бо оқибатҳои паҳншавии коронавирус, аз ҷумла дар ҷанбаи таҳкими арзишҳои оилавӣ, фалсафаи гуманистӣ ҳамаҷониба мубориза бояд бурд.
Дар ҳоле ки бисёр лоиҳаҳои мақсаднок ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон — аз фиристодан ба таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ сар карда то бо кор таъминкунӣ нигаронда шудаанд — бояд ба бозгашти он ба давлат барои таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса эътибор дод. Инро метавон дар корҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷтимоии ҷавонон баён кард. Бо назардошти он, ки донишҷӯён бо даъвати волонтёрӣ дар call-маркази Маркази ягонаи ҳамоҳангсозӣ бо чӣ гуна дилгармӣ дар ҷамъоварӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ба собиқадорон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат, ки дар карантин ниёз ба дастгирӣ доштанд, кор карданд, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасмандкунӣ дар сатҳи давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад.
«Дар ин олам бо ташвиши одамон зистан — ин меъёри олитарини инсонист», шоир, мутафаккир ва арбоби сиёсии бузург Алишер Навоӣ дар асарҳои ҷовидонаи худ ҳамин тавр маслиҳат додааст.
Татбиқи  лоиҳаҳои махсуси ҷамъиятиву муфиди ҷавонон — баробари равона намудани қувва ва шавқу завқи ҷавонон ба бунёдкорӣ, самаранок муқовимат ба таҳдидҳои заҳролудкунӣ бо ғояҳои экстремизм, тарбияи ватандӯстони Ватан мебошад. Бо гузоштани як қисми  қалб ба бунёди ҷомеаи нав, мо метавонем ободии Ватани худро як кори шахсӣ номида, онро дар тамоми умр идома диҳем. Дуюним ҳазор сол қабл, яке аз ҳафт оқилони юнони қадим Питтак бесабаб нагуфта буд, ки кори диловарон — саришта кардани мусибат, вақте ки ин ҳодиса рух диҳад, кори хирадмандон —  то  пеш омадани он пешгӯи кардани мусибат мебошад.

Дилором ТОШМУҲАМЕДОВА,
муовини раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Сенати Олий Маҷлис.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: