ИМТИЁЗ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд беш аз сӣ ҳазор нафар талаба таҳсил гирифта, қариб ҳазор нафар устодон аз фанҳои гуногун сабақ медиҳанд.

Бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон дару дарвозаҳо барои хориҷиён кушода шуд, ки робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон мустаҳкам гардид.

Танҳо Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо 160 мактаби олии дунё шартномаи ҳамкорӣ баста, имрӯзҳо 70 нафар олимону донишмандони хориҷӣ ба талабагони самарқандӣ дарс меомӯзанд. Боз яке аз навидҳои ҷолиби диққат он аст, ки талабагони хориҷӣ метавонанд дар Самарқанд илм гиранд.
Хусусан аз Русия, Канада Исроил, Амрико, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ хоҳишмандон хеле бисёранд.
Хуш, барои довталабони аҷнабӣ чӣ гуна имконият ва имтиёзҳо ҳастанд?
Барои ба ин суол ҷавоби қаноатбахш додан дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст.
Проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои филологӣ профессор Акмал Аҳадов таъкид намуд, ки барои талабагони бакалавр 8 самт ва барои талабагони магистратура дар 10 самт дастурҳои таълимӣ ҷорӣ гардид.
Аз ҳама муҳимтарин барои талабагони бакалавр 11 миллиону 227 ҳазор сӯм, барои талабагони магистратура 9 миллиону 151 ҳазор сӯм пардохт муайян карда шудааст.
Аввал пардохти таҳсил дар бахши бакалавр 19 миллиону 360 ҳазор, барои магистрант 23 миллиону 760 ҳазор сӯм буд.
Дар анҷумани матбуотӣ омӯзгор аз Ҳиндустон Равиндер Гаргаш, собиқ профессори Донишгоҳи давлатии кишвари Олтой (Русия) Виктор Зикратов, Эва Олтман (Олмон) ва дигарон ба минбар баромада, доир ба масъалаҳои ҳамкории илмиву методӣ ҳарф заданд.
– Таърихи куҳан, тамаддуни ҷаҳонии Самарқанд диққати маро ба худ ҷалб кард, ки аз Туркия омада ба докторантура дохил шудам, – иброз дошт унвонҷӯ Байрам Биллер, – ба ин хотир Донишгоҳи давлатии Самарқанд писандам омад ва дар шаҳри шумо ҳастаму аз устодони номдор сабақ мегирам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: