ИМТИЁЗ БАРОИ ТАДБИРКОРОН

Шуъбаи самарқандии Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ барои тадбиркорони ҷавон хониши бепул ташкил кард.

Дар он соҳибкорон, шаҳрвандоне, ки нияти ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ доранд, иштирок карда, оид ба тайёр кардани нақшаи тиҷоратӣ, дар бонк кушодани суратҳисоб бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, шартҳо ва тартиби гирифтани вом ва имтиёзҳое, ки барои тадбиркорон фароҳам оварда шудаанд, маълумот гирифтанд.
– Се сол аст, ки бо тадбиркорӣ машғулам, – гуфт роҳбари корхонаи оилавии «Mahmud sifat tekstil»-и шаҳри Самарқанд Маҳмуд Эргашев. – Дар корхонаамон 20 нафар бо дӯзандагӣ машғуланд. Фаъолиятамон сол то сол васеъ мегардад ва ривоҷ меёбад. То ин дам ба бозори дохилӣ маҳсулот тайёр мекардем. Акнун ният дорем онро ба хориҷа бароварем. Агар дар масъалаҳои маркетинг, менеҷмент, содироту воридот дорои донишу малака набошед, ба мақсад расидан душвор аст. Аз маърӯзаҳое, ки дар курси такмили ихтисос шунидем, бисёр чизҳоро аз худ намудам.
Бояд гуфт, ки курсҳои мазкур дар ноҳияҳои Оқдарё, Ҷомбой, Булунғур ва Пайариқ низ ташкил карда мешаванд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: