ИМТИЁЗИ БОНУВОН БОБАТИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн мешаванд, ки заноне, ки панҷ сол собиқаи корӣ доранд, метавонанд бино ба тавсия ба муассисаҳои таълими олӣ бе имтиҳон дохил шаванд, ҳамчунин баъд аз хатми он дар самти интихобкардаи худ бояд 5 сол кор кунанд.

Ба ин мавзӯъ дар рафти суҳбат бо роҳбари раёсати  Кумитаи давлатии оила ва занону духтарони  Ӯзбекистон Дилшода МИРЗОҶОНОВА равшанӣ андохтем.
– Дар фармони дахлдори Президент, аз 7 марти соли 2022, гуфта мешавад, ки шурӯъ аз соли хониши 2022/2023 ҳар сол 500 нафар занону духтарони бе маълумоти олӣ, ки аз рӯйи ихтисос камаш 5 сол собиқаи корӣ доранд, тибқи тавсияномаҳои кумита ба самти таълими бакалавриати муассисаҳои таълими олии давлатӣ, берун аз параметрҳои қабули умумӣ, мувофиқи натиҷаҳои озмоишҳои тести алоҳида дар асоси пардохти шартномавӣ амалиёти ба таълим фарогирӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд. Дар ин самт аз ҷониби Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон чӣ корҳо ба амал татбиқ карда мешаванд?
— Имкониятҳое, ки  мувофиқи ин ҳуҷҷат ба занону духтарон фароҳам оварда мешавад, аҳамияти калони иҷтимоӣ доранд. Ба мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар фармон пешбинӣ шудаанд, дар Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон аз ҳисоби масъулони Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Маркази давлатии тест ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор гурӯҳи корӣ ташкил дода шуд.
Гурӯҳи корӣ лоиҳаи ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ “Дар бораи тасдиқ намудани тартиби ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси натиҷаҳои тести махсус бино бо пардохти шартномавӣ қабул кардани занону духтароне, ки камаш панҷ сол  собиқаи корӣ доранд”-ро кор карда баромад.  Бино ба ин ҳуҷҷат тасдиқи тартиби ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси тести махсус бо пардохти шартномавӣ қабули занону духтароне, ки аз рӯйи ихтисос камаш панҷ сол собиқаи корӣ доранд, дар назар дошта шудааст.
— Оё дар лоиҳа мизонҳои тавсияномае, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон дода мешавад, пешбинӣ шудаанд?
— Дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки талабгорон бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо нишон диҳанд, ки соҳиби ихтисоси миёнаи махсус ва касбианд, то рӯзи гирифтани тавсиянома дар ягон муассисаи таълими олӣ таҳсил накардаанд, бино ба ихтисоси таълими миёнаи махсус ё касбӣ панҷ сол собиқаи корӣ доранд.
— Дар лоиҳа оё тақсимоти 500 квотаи алоҳидае, ки тибқи пардохти шартномавӣ ба занону духтароне, ки панҷ сол собиқаи корӣ доранд, ҷудо карда мешавад, пешбинӣ шудааст?
— Оре. Дар лоиҳа муайян карда шудааст, ки бояд Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус бо ризоияти Кумитаи давлатии оила ва занону духтарон ҳар сол то 5-уми июн барои дар миқёси муассисаҳои таълими олии давлатӣ тақсим ва тасдиқ намудани ин квота ба муассисаҳои таълими    Ӯзбекистон ба комиссияи давлатӣ ворид намоянд.
— Пас талабгорон барои тавсиянома гирифтан бояд ба мизонҳои болоӣ мутобиқ бошанд. Дар баробари ин, занону духтароне, ки тавсиянома гирифтаанд, ба муассисаҳои таълими олӣ бино ба тестҳои озмоишӣ тибқи пардохти шартномавӣ дохил мешудаанд. Дуруст аст?
— Бале. Тавсиянома ба талабгорон имтиёзи ба муассисаҳои таълими олӣ бевосита дохил шуданро намедиҳад. Занону духтарони тавсияномаро бадастгирифта ба муассисаҳои таълими олӣ аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тест тибқи пардохти шартномавӣ дохил мешаванд.
Дар лоиҳа тартиби додани тавсиянома, муайян намудани параметрҳои бо таҳсил фарогирӣ, ташкили озмунҳои тести талабгорон ва ҷараёни эълони натиҷаҳо пешбинӣ шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки  барои занону духтарони тавсияномадошта имтиҳонҳои дохилшавӣ бино ба тартиби қабул ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ амалӣ мегардад. 
Дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки ба занону духтарони тавсияномадошта 30 фоизи холи баландтарини имтиҳонҳои дохилшавӣ ва аз он камнабударо ҷамъ овардаанд, дар доираи нишондиҳандаҳои қабул дар асоси пардохти қарордодии иловагии ба занону духтарони камаш 5 сол собиқаи коридошта ҷудо шудааст, ба донишҷӯйӣ тавсия дода мешавад.
— Дар лоиҳа вазорату идораҳои дахлдор чӣ мавқеъ доранд?
— Албатта талаб карда мешавад, ки дар ин  ҷараён бисёр вазорату идораҳо ё шуъбаҳои минтақавии онҳо иштирок намоянд. Пешбинӣ шудааст, ки талабгорон бояд барои тавсиянома гирифтан ба шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и занону духтарони ҷойи истиқомат ва ҷое, ки муваққатан ба рӯйхат гирифта шудаанд,  ҳар сол аз 1 май то 1 июл дар шакли электронӣ муроҷиат кунанд, дар шуъбаҳои оила ва занону духтарони ноҳия (шаҳр) аз ҷониби Гурӯҳҳои корӣ маълумотҳоеро, ки мизонро тасдиқ менамоянд ва ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути сохтори интегратсиякунонии байниидоравии “Ҳукумати электронӣ” ва низоми меҳнати миллии ягонаи Вазорати муносибатҳои шуғл ва меҳнати Ӯзбекистон гирифта шавад.
Ҳамчунин дар лоиҳа ба зиммаи Вазорати муносибатҳои шуғл ва меҳнат вазифаи дар давоми ду моҳ ташаккул додани рӯйхати занону духтароне, ки аз рӯйи ихтисос камаш панҷ сол собиқаи корӣ доранду соҳиби маълумоти олӣ нестанд, гузошта шудааст.
— Талабгороне, ки тавсиянома доранд, барои  ба самти бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ қабул шудан дар куҷо бояд аз руйихат гузаранд?
— Дар лоиҳаи мазкур ин ҷиҳат низ ба назар гирифта шудааст. Яъне талабгороне, ки тавсиянома доранд, барои қабул ба самти бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ дар муддати пешбинишудаи тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии дарамалбуда тавассути Портали хидматҳои давлатии интерактиви ягона ё веб-сайти расмии Маркази давлатии тест аз рӯйихат мегузаранд.
Дар ин маврид маълумотҳои доир ба имтиёзҳои занону духтарони тавсияномадор тавассути барномаи махсуси Маркази тести давлатӣ дар ҷараёни аз рӯйихат гузаштан дар хонаи кории шахсии талабгор ташаккул меёбад. Агар дар хонаи кории шахсии талабгор тавсияномаи ба ӯ дахлдор мавҷуд набошад, ба кумита муроҷиат карда мешавад.
Имрӯзҳо ин ҳуҷҷат тибқи тартиби пешбинишуда, бино ба тавсияҳои вазорату идораҳо ва фикри аҳли ҷомеа такмил дода мешавад.

Мусоҳиб
 Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: