ИН БАРОИ ИЛМ МУҲИМ

ё худ дар бораи шеваи арабҳои минтақа

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ қавму миллиятҳои гуногун бо забон ва фарҳанги хоси худ зиндагӣ мекунанд ва табиист, ки дар минтақа муқим гардидани ҳар яке аз онҳо таърихи гуногун ва сабабҳои худро доранд. Бояд гуфт, ки бо мурури асрҳо ба ҳифзи забону фарҳанги хос ва дигар махсусиятҳои миллӣ на ҳар яки онҳо муяссар гаштаанд.
Арабҳои минтақа аз ҷумлаи чунин миллатҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва хусусан ҳудудҳои мухталифи Ӯзбекистони имрӯза паҳн гаштаанд ва ҳифзи ҳуввиятҳои миллӣ ба онҳо на дар ҳама маҳалҳои буду бош даст додааст.
Дар ин замина суҳбате доштем бо доктори улуми филологӣ, профессор, роҳбари Маркази омӯзиши мамолики араб ва ҷаҳони ислом дар Донишгоҳи озоди Тбилисӣ Гурам ЧИКОВАНӢ.

– Гурам Галактионович, кадом омил ва ё зарурате пеш омадааст, ки ба чунин масъалаҳои, ба назари аввал ночизи илмӣ, ки омӯзиши шеваи арабҳои минтақа аз ҷумлаи онҳост, рӯи эътибор нигаронда шудааст?
– Мавзӯи ақаллиятҳои миллӣ ва эътибор ба маданияту забони онҳо аз нуктаҳои муҳим дар масъалаи миллӣ ва хусусан аз лиҳози илмӣ бархурд намудан ба онҳо дар мадди назари мақомоти расмӣ будааст. Мутолиа ва пайгирӣ намудани масири таърихӣ, омӯзиши хусусиятҳои онҳо хусусан барои илм муҳим буд.
– Азбаски омӯзиши шеваҳои забони арабии Осиёи Марказӣ мавзӯи пажӯҳиши Шумо ба шумор меравад, бигӯед, ки ин кор аз кай шурӯъ шудааст?
– Ҳанӯз солҳои 30-юми қарни гузашта ба масъалаи мазкур забоншиносон таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд.
Аз маркази илмии забоншиносии Ленинград профессор Серетелӣ ва ҳаммаслакони вай ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуда, ба омӯзиши шеваи арабҳои минтақа сар карда буданд.
Ман бо ҳадафи омӯзиш чаҳор маротиба ба вилоятҳои Бухоро ва Қашқадарё сафари илмӣ намудаам.
– Метавонед дақиқтар бигӯед, ки дар кадом маҳалҳо имрӯз онҳо нисбатан гӯиши худро нигоҳ дошта тавонистаанд?
– Аз маҳалҳое, ки барои мо маълуманд, Ҷогарии ноҳияи Ғиждувони Бухоро ва Миришкору Бешкент, Қамашӣ ва Касбии Қашқадарё ҳанӯз гӯйиши арабии худро ҳифз кардаанд. Эҳсос мегардад, ки гӯйиши онҳо тағйир меёбад. Дурӣ аз ватани аслии маънавӣ ва решаҳои худ бетаъсир намемонад. Гузашта аз ин арабҳои маҳаллишуда дар зарфи асрҳои зиёд бо маконҳои аслии худ алоқа надоштанд. Ҳамаи ин ва гаравишу омезиш бо забонҳои барояш бегонаи ҳинду аврупоӣ ва туркӣ дар ин минтақа боиси ба вуҷуд омадани шеваи махсуси арабӣ гаштааст, ки ҳоло онро бо ягон гӯиши маъмулии дигар шабоҳат додан мушкил. Ба назар чунин мерасад, ки гӯйиши арабии воҳаи Қашқадарё нисбат ба арабии атрофи Бухоро архаистӣ аст. Ҳар гоҳ зимни сафар дарк мекардам, ки донандагони забон дар ин маконҳо торафт солхӯрдатар мегарданд ва ҷавонон ба он моилии кам доранд.
– Оё давраҳои ба минтақа омадан ва мансубияти қавмии онҳо тадқиқ гаштааст?
– Фикр мекунам, ду мавҷи ба Осиёи Марказӣ омадан ва ё оварда шудани онҳо дар манбаъҳо зикр гаштаанд. Аввалин гурӯҳҳои онҳо зери парчами ислом дар сафи лашкар дар асрҳои VII-VIII дар минтақа ҷангида, монда рафтаанд ва арабтаборҳои воҳаи Қашқадарё ба эҳтимоли қавӣ аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Мавҷи дуюм аз зумраи асирон ва устоёне, ки Темур дар замони истилои мамолики араб ба Мовароуннаҳр овардааст ва онҳо аксаран дар ҳудуди Бухоро мондагор шудаанд. Фолклор, таърих ва ёдгориву забони онҳо аз ин далолат менамоянд.
Ҷиҳати мансубияти қавмии онҳо сарчашмаҳо маълумоти гуногун медиҳанд. Ба ҳошимӣ, санъонӣ будани онҳо ишораҳо зиёд аст. Сайёҳ ва ҷуғрофидони асри Х Истахрӣ онҳоро ба қавми қурайш мансуб медонад.
Аҷиб аст, ки то қарни XII дар маҳалҳои арабнишини минтақа топонимҳои арабӣ вуҷуд надоштанд, онҳо танҳо ба номҳои қавм зикр мешуданд, пас аз он бошад, дар ҷойҳо исмҳои маҳалҳои ҷойгузини онҳо ба арабӣ низ роиҷ гардиданд.

Суҳбаторо
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: