ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД...

Дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Созмони ҳамкории Шанхай: аз Осиёи Марказӣ ба сӯйи Авросиё” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ, кормандони котибот ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносони варзида аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Беларус ва Озарбойҷон, инчунин аз вазорату идораҳои марбути Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар конфронс иқтидори СҲШ ҳамчун платформаи сиёсӣ арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, вобастагии мутақобилаи Авросиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, таҳкими бештарро тақозо менамояд. Ҷамъоварӣ ва натиҷагирии ғояҳо, арзёбии коршиносон перомуни табдили минбаъдаи созмон ҷиҳати истифодаи ташаббусҳо ва пешниҳодҳо дар масъалаҳои мавриди баррасӣ таҷдиди назар мехоҳанд, то ки дар шакли такмилёфта ба нишасти сарони давлатҳои СҲШ дар Самарқанд тақдим карда шаванд.  
Тавре ки директори донишкада Анвар Носиров изҳор намуд, Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи қитъаи Авросиё мавқеъ гирифтааст ва аз замонҳои қадим онро «қалб»-и ҷаҳон меномиданд. Маҳз ҳамин омил дар ибтидои асри мо дар таъсиси СҲШ ҷузъи асосӣ хонда шуд, ки ба манфиатҳои куллии халқҳои мо мувофиқ мебошад. 
Ғайрат Фозилов, ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, роҷеъ ба масъалаи таъмини амният, барқарории стратегӣ, мустаҳкамшавии эътимоди давлатҳо нисбати ҳамдигар ибрози назар намуд. 
Дабири кулли СҲШ Ҷан Мин аз тариқи онлайн суханронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар бист соли охир, бо вуҷуди он ки дар ҷаҳон таҳаввулоти мухталиф рух медиҳанд, СҲШ вазифаи стратегии худро хеле хуб адо менамояд. 
Намояндаи хоси Президенти Русия дар умури СҲШ Бахтиёр Ҳакимов дар оғози суханронӣ ин байтҳои Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ёдовар шуд:
Ин ҷаҳонро нигар ба 
чашми хирад,
Не бад-он чашм, 
к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчун дарёст в-аз 
накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он 
гузарӣ.
Баъд илова кард:
– Агар мо ба умқи ин гуфтаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфаҳм равем, пас маҳз барои он ки худро ба манзили орзуҳо ва  ормонҳо расонем, бояд аз некӯкорӣ кор гирем. Зеро дар ин дунё тавассути корҳои нек ба мақсадҳои наҷиб расидан мумкин аст.
Конфронс кори худро дар се иҷлосия давом дод. 
Дар иҷлосияҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Ҳиндустон, Покистон ва мизбони конфронс – Ӯзбекистон олимон, сиёсатшиносон, пажӯҳишгарон, коршиносон бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво баромад карданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: