ИН РӮЗНОМАРО ПАДАРАМ МЕХОНД...

Айёми мактабхонии мо ба солҳои 1968-78 рост меояд.

Падарам (омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик) – Ӯзбекбой Рӯзиев (рӯҳаш шод ва манзили охираташ обод бод!) инсони маърифатпарвар, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато буд. Он солҳо омӯзгор шахси обрӯманди ҷомеа ба шумор мерафт. Вақте дар кӯчаву пасткӯчаҳои деҳа ба омӯзгор рӯ ба рӯ меомадем, дасту по гум карда, худро ба канори роҳ мегирифтем...
Падарам сахтгиру серталаб буд. Барои танбеҳи мо – фарзандон (дар оила даҳ нафар будем) як нигоҳи теғдораш кифоя буд, ки хатоямонро фаҳмем. Аз ӯ ҳар хоҳише, ки доштем, тавассути модар баён мекардем. 
Вай дар хона ҳам барои мо муаллим буд. Рӯзе саргарми бозӣ вазифаи хонагиро, ки азёд кардани достони «Водии ҳисор»-и Мирзо Турсунзода буд, фаромӯш кардаам. Рӯзи дигар дар дарси адабиёт маро ба назди тахтаи синф ҷеғ зад ва вазифаи хонагиро пурсид. Донист, ки ба дарс тайёр нестам, «шин, баҳоят «ду» гуфт. Баъди дарс ба хона рафта ба модарам гирякунон арз кардам. Модарам низ «хуб шудааст, ки баҳои «ду» мондаанд, бояд шеърро азёд мекардӣ» гуфта падарамро ҷонибдорӣ кард.  
Баъди чунин танбеҳ тасмим гирифтам, ки достони «Водии Ҳисор»-ро, ки бо сатрҳои зерин оғоз меёбад:
Солҳое, ки ман ҷавон
 будам,
Бехабар аз гапи ҷаҳон 
будам.
Бо ду чашми кушода дар 
олам,
Ҳар чӣ медидаму 
намедидам...
азёд кунам ва то ҳанӯз ин асар дар ёди ман аст.
Падарам бастаи рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор»), маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Занони Тоҷикистон»-ро, ки ҳар сол обуна мешуд,  бо худ дошт. Рӯзҳои истироҳат ва таътил шумораҳои зардшудаи рӯзномаи дӯстдоштааш – «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро варақ зада, такрор баҳра мебурд. Дар мавридаш ба хонандагон ёдрас мекард, ки ин рӯзномаро рӯзноманигорон, зиёиён ва адибони тоҷик бо машаққатҳои зиёд ташкил кардаанд. Нахустин мақола, ҳикоя ва повестҳои поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки номи «Овози тоҷики камбағал»-ро дошт, дар ҳамин рӯзнома чоп шудаанд. Барои ҳамин бояд ҳамаамон ба қадри он расем. 
Солҳои роҳбарии падарам дар мактаб хонандагон ва омӯзгорон дар навбати аввал ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» обуна мешуданд. 
Модари биҳиштиам (рӯҳаш шод бод!) низ ба мутолиаи китобу рӯзнома  ва маҷалла рағбат дошт. «Садои Шарқ» ва «Занони Тоҷикистон»-ро вақтҳои фориғ аз кору ташвишҳои зиндагӣ варақ мезад. Барои ӯ қиссаву романҳои устод Ҷалол Икромӣ – «Тори анкабут», «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», аз он ки забон ва услуби баёнашон фаҳмо буд, писанд буданд. 
Дар гузарамон дугонаи модарам – холаи Зӯҳро (ёдаш ба хайр!) истиқомат дошт. Хола низ ба китобу рӯзнома таваҷҷуҳи зиёд дошт. Дар атрофаш бачаҳоро ҷамъ карда, қиссаву афсона мегуфт. Аз модарам китобҳоро гирифта мехонд. Онҳо баъзан ба хондагиҳояшон муносибати худро баён менамуданд, аз ҳодисаву тақдири қаҳрамонҳо гоҳ хурсанд мешуданду гоҳ оби дида мерехтанд...   
Ҳоло фикр мекунам, ки бо маоши омӯзгорӣ  таъмини рӯзгор, тарбияву хонондани фарзандон дар он рӯзгори камию костӣ кори осон набудааст... 
Имрӯз бо вуҷуди имкониятҳои васеъ, ҷорӣ гардидани технологияҳои нави таълим, ҷавонон аз китобу рӯзнома дур шудаанд. Вақти зиёди худро бо бозиҳои телефониву дигар воситаҳои электронӣ сарф мекунанд, дар дарсҳо иштирок намекунанд... 
Ёдам ҳаст, рӯзе момоям қурут сохтанӣ шуд. Чаккаи тӯрбаи сафедро, ки ҳафтае пеш таги санг гузошта буд, ба тағораи сирдори калон холӣ карду каме намак пошид ва мо – набераҳоро барои қурут сохтан дар гирди он шинонд. Рӯйи як сабади дар шакли лаган бофташуда рӯзномаеро паҳн карду қурутҳоро як-як ба сабад чинд. Баъди ба охир расидани қурутсозӣ, сабадро ба мехи сутуни айвон овехт. 
Падарам ин ҳангом аз кор омада чашмаш ба рӯзномаи таги қурут афтода садо баланд кард: 
– Оча, ин кори кӣ?! 
– Дод назан, писарам, – гуфт ба нармӣ момоям, – аз газетаҳои куҳнаат гирифтам.
– Барои ман ҳамаи рӯзномаҳо наванд, оча, дигар ин корро накунед, – эътироз кард падарам...
Эҳтироми падари равшанфикрам ба забон ва фарҳанги миллӣ буд, ки ману се додарамро ба касбу кори худ дилгарм сохт. 
Хонандаи синфи 8 ё 9 будам. Рӯзе дар паси дарвозаамон садои тракторрони деҳа амаки Тошназар (ёдаш ба хайр!) баланд шуд: «Муаллим, ҳой, муаллим, дар хонаед!?»  
– Оед, оед, додар, ман дар хона, – ба пешвозаш баромад падарам. Дар дасти амаки Тошназар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд. 
– Дар шумораи имрӯзаи рӯзнома мақолаи додарам Бекназар бо номи «Падари хеш шав...» чоп шудааст, ки аз ҳаёту фаъолият ва марги фоҷеаангези Раҳими чӯпон ҳикоя мекунад, – гуфт ӯ бо фахр. 
– Хабар дорам, дар идора ин мақоларо хонда муҳокима кардем. Он аз ҳаёти сангини мо – деҳотиён, чӯпонони меҳнаткаш аст, ки рӯзу шабашон дар дашту кӯҳ мегузарад, ба  сабаби сари вақт нарасидани ёрии таъҷилии тиббӣ гоҳо аз дунё чашм мепӯшанд, ҳикоя кардааст, – гуфт падарам.     
Аз овони таҳсил дар мактабу донишкада ва то имрӯз рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ман аст. 
Тӯли солҳои 1978-82 донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Айнӣ будам. Дар ин ҷо ҳам рӯзнома бо мо буд.  
Рӯзе декани факултети филологияи тоҷик шодравон Восеъ Қосимов эълон кард, ки аз Тошканд, аз идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» меҳмон меояд. Ҳама бояд бо либосҳои тозаву озода ба дарс оем. Саволу ҷавоб низ мешавад. Саҳарии рӯзи дигар донишҷӯён дар маҷлисгоҳи донишкада ҷамъ омаданд. 
Толор идгоҳро мемонд.
Ин ҳангом устодони донишкада бо ҳамроҳии меҳмон даромада омаданд. Меҳмон ходими рӯзнома Бекназар Тӯйназаров буд. Бо ифтихор ба ҳамкурсон рӯ оварда гуфтам, ки Бекназар Тӯйназаров ҳамдеҳаи ман аст ва ҳоло дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» кор мекунад. 
Баъди баргузории чорабинӣ декани факултет маро ба наздаш хонда гуфт: 
– Рӯзиева, чаро бо ҳамдеҳаатон ҳолпурсӣ намекунед? Охир, ин гуна шахсон фахри деҳаатон-ку?
Ҳикоя, шеър ё матолиби хоми мо – донишҷӯёни навқалам бо таҳрири устодони нуктасанҷ рӯйи чопро медид. Ҳар як маводи чопшуда ба мо як олам шавқу завқ мебахшид.
Дертар тақдир маро ба оилаи Бекназаровҳо пайваст. Падари фарзандонам Ғоибназар Бекназаров (ёдаш ба хайр!) дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инсони фарҳангдӯст буд. Дар бахши тоҷикии Вазорати таълими халқ, Ширкати миллии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва чанд муддат дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ифои вазифа кардааст.
Эҳтиром ба рӯзнома, кори эҷодӣ, ходимони фидоии он ва шояд нону насиба  будааст, ки имрӯз камина низ дар ин даргоҳи муқаддас кор мекунам, ки рӯзгоре қиблагоҳам ин рӯзномаро чун гавҳараки чашм ҳифз менамуд.
Фаридуддини Аттор фармудааст:
Илм агар андак бувад,
 хораш мадор,
З-он ки дорад илм қадри 
бешумор.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
муҳаррири бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик», 
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: